ҲАКИМХУРӮС
Чанд рӯз инҷониб ҳамсояамон Ҳакимхурӯс хеле серташвиш аст. Аз рӯйи шунидам, бо чанде аз калонҳои маҳалла оид ба аз номаш бардоштани лақаби хурӯс дурудароз маслиҳат кардааст.
- Ростӣ, ба дилам зад, - гуфтааст вай, - калонҳо як тараф, ҳатто бачаҳо ҳам маро бинанд, “ана амаки хурӯс омад” гуфта масхара мекунанд. Шумоён чашмрасу гапдонҳои маҳалла ҳастед, як илоҷашро ёбед. Дигар тоқатам намонд, агар ҳамин хел давом кардан гирад, маҷбур мешавам, бо аҳли оилаам ба ягон ҷойи дур баромада равам, гуноҳу савобаш ба гардани шумост.
Ин ҷо мебояд андаке таваққуф кард, аслан хурӯс лақаб гирифтани ин мард таърихи аҷоиб дорад. Чанд сол қабл фарзанди шашсолаи вай бемор мешавад. Баъди табобат дар беморхона ҳолаш андаке беҳ мегардад, лек одати бисёр гиристану худро аз атрофиён дур гирифтанаш барҳам намехӯрад. Бо тавсия ва роҳнамоии модаркалон кӯдакро назди бахшӣ мебаранд. Вай фол дида мегӯяд, ки сабаби беморӣ бепарвоии модараш мебошад. Вақти дар батнаш будани кӯдак худро аз чашми бад эҳтиёт накарда будааст.
Баъди гирифтани маблағи гуфтааш фолбин тавсия медиҳад, ки хурӯси сиёҳеро ёфта, субҳгоҳон дар кӯчаи калони мошингузар сар аз танаш ҷудо кунанд ва хуни онро гармогарм аз сар то пойи кӯдак бимоланд. Иҷрои ин кори душвор, азбаски ду писари калониаш дар муҳоҷирати меҳнатианд, ба зиммаи худи Ҳакимбой меафтад. Бо илоҷе хурӯси сиёҳро ёфтаву бо нархи гарон харида, ҳамроҳи завҷааш ва кӯдаки гирён пагоҳӣ субҳ надамида, ба кӯчаи калон мебарояд. Беҳуда мардуми мо “аз ноомади кор атола дандон шиканад” намегӯянд. Дар лаҳзае, ки Ҳакимбой корд ба гулӯи хурӯс мегузорад, чанд нафар ҳамсояҳо, ки азми сафар доштаанд, аз он ҷо гузар мекунанд. Яке аз онҳо Ҳакимбойро дарҳол мешиносад ва ба ӯ наздик шуда мепурсад:
- Тинҷӣ ҳаст, ҳамсоя, дар ин субҳгоҳон бачаро гирёнда, хурӯси бечораро аз ҳаёт маҳрум карда истодаед?
- Тинҷӣ, тинҷӣ, - ғазаболуд мегӯяд Ҳакимбой, - имрӯз якшанбе, кор нест, бо аҳли оила як хурӯсшӯрбо кунем, гуфтам.
- Кори хуб мекунед, лекин хурӯсро дар хонаатон кушед ҳам, мешуд-дия.
- Хурӯс азони ман, - боз ҳам бадқаҳртар мешавад Ҳакимбой, - дар куҷое хоҳам, дар ҳамон ҷо мекушам, фаҳмидӣ! Ба ман корат набошад, рав, аз зиндагиат намон.
Маълум, ки ин воқеа зуд байни мардуми маҳалла овоза мегардаду калимаи хурӯс ба номи Ҳакимбой бе ширеш мечаспад. Дар маърака ва ё нишасте гап ба Ҳакимбой оид шавад, ҳозирон нашинохта ва ё донанд ҳам, баъзе шилқинҳо барқасд кадом Ҳакимбой буданашро мепурсанд. Вақте гӯянда Ҳакимхурӯс мегӯяд, бо табассум сар меҷунбондагӣ мешаванд.
- Гап ҳамин, - мегӯяд раиси маҳалла Солибой баъди маслиҳату машварати тӯлонӣ ва бо ангушт риши ҳарчанд ба қабза наояд ҳам, андаке дамидаашро сила намуда, - ягона илоҷ мардуми маҳалларо ҷамъ карда, аз онҳо илтимос кардан аст, ки аз номатон калимаи хурӯсро гирифта партоянд.
- Дуруст, - табассумашро зӯракӣ пинҳон карда мегӯяд Собирамаки зиндадилу ба қавле улфати хурду бузург, - лек ин кор ҳамту, бо осонӣ намешавад. Мардумро барои ҳамин як чизи одӣ ҷамъ кардану вақти қиматашонро гирифтан аз рӯйи инсоф нест. Агар шумо, мулло Ҳакимхурӯс, мебахшед, Ҳакимбой гӯсфандеро кушта як зиёфатча ташкил мекардед, нуран ало нур мешуд. Нону намакашро, ки хӯрдӣ, даҳонатро банд гуфтагӣ. Шумо одами доро, қуввататон ба ин хел корҳо бемалол мерасад.
- Ман худам кафил мешавам, - сӯйи Ҳакимхурӯс рӯй мегардонад имоми маҳалла Муллонеъмат, - Насиб бошад, баъди зиёфат андак амр ба маъруф карда мефаҳмонам, ки ба номи инсон ҳамроҳ кардани часпаку лақаб гуноҳ асту Худованд аз ин гуна шаккокҳо розӣ намешавад.
Ҳакимхурӯс мамнунона сар меҷунбонад ва зери лаб “ҳеҷ гап набудааст-ку, зиёфат бошад зиёфат-дия”- гуфта бо овози баландтар илова мекунад:
-Лекин ба ҳисоб гиред, ки ман одами дасттанҳоям, ду писарам дар Русия машғули кор, агар малол наояд, маҳалларо шумоён хабар мекунед. Ду-се нафар ҷавонҳо пештар омада, ба ин кори хайр ёрдам кунанд, хуб мешавад. Зиёфатро дар чойхонаи маҳалла рӯзи якшанбеи оянда нисфирӯзӣ гузаронем, беҳтар будагист. Ҳамту-не?
- Айни муддао, - гуфт Собирамак, - хабари одамон ба зиммаи мо, ҷавонони хизматиро ҳам меёбем. Сарубар шуда маъракаро қанд барин мегузаронем.
Ҳама даст ба дуо мебароранд, ки чорабинӣ хуш гузараду нияти неки Ҳакимхурӯс ҷомаи амал пӯшад ва ӯ аз лақаб халосӣ ёбад.
Худам шоҳид, ки зиёфат, дар ҳақиқат, серодам шуд, ҳатто хурдсолон ҳам табъи дил ҷазза ва палови серравған истеъмол карданд. Дар охири маърака, пеш аз дасти дуо бардоштан имом аз рӯйи ваъда чанд дақиқа амр ба маъруф карда дар охир таъкид намуд, ки ба номи шарифи инсонҳо ҳар гуна калимаҳои ноҷоро часпонидан аз рӯйи одоб нест ва аз нуктаи назари ислом гуноҳи азим мебошад. Аз ҳозирин илтимос намуд, ки минбаъд соҳиби зиёфати олиҷанобро Ҳакимхурӯс не, одиякак Ҳакимбой гӯянд. Ҳама қарсак зада, бо худи ҳамин розигиашонро баён карданду баъди дуо даст ба рӯй кашиданд.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Мувофиқи дархост ба маъракаи хурсандии яке аз ҳаммаҳалаҳо ташриф овардам. Ҳамон шахсони шиноси маслиҳатдеҳ болонишин буданд. Ҳарчанд мулоҳиза кардам, Ҳакимхурӯсро надидам.
- Ҳакимбой наменамоянд, саломатиашон нағз-мӣ, - пурсидам аз соҳиби хона, ки дар пойгаҳ менишаст.
- Кадом Ҳакимбой, - пурсид ӯ, - ана нигоҳ кунед, ин ҷо ду нафар Ҳакимбойҳо нишастаанд.
Чӣ гуфтанамро надониста забон газидам. Боз ҳамон Собирамаки зиндадил мушкиламро осон карда гуфт:
- Он кас, аз афташ, Ҳакимхурӯси оши паловро дар назар доранд.
Ҳама баробар хандиданд.
Ба ҳоли ҳамсояи бечораам ҳар дафъаи дидан раҳмам меояд. Аз як бало халос мешавам гуфта, ба балои дигар рӯ ба рӯ шуд. Ҳа, даҳони мардумро бастан душвор будааст...
Б. САИДШОЕВ.