#якшингилханда😂
Якта коргарам ҳаст, аз Бухоро. Ҳамин хел лаҳҷаш ширин, гуворо, пури ҳазл… номаш Шӯҳратҷон, ман шӯхи карда Шурик мегӯм..
Исту бисташ комедия ин бачая…
Хуллас…
Дина 23 февралба камтар корпоративчик кадиму, ҳамин Шурик ҳама официанкахо кати расо расмгири кард. Ягонташ намонд.
Бо ман гуфтам, ки…
Шурикҷон агар занат бенад ин расмоя мемури. Бе ҳамунам рашкин занат))… гӯям..
Апа Муяссар ғам нахурид, а куҷо мебенад, ани очашми? Ман як мазза кунам, инҳо кати расм гирифта, сони удалит када, лабба қулӯха молда мегардам!… гуфт.
Ҳа хай бен дия. Аз зани рашкчию мошини вайрона Худо нигоҳ дорад!.. гуфтаги, гуфтаму мондам.
Бечора короша шуда, дута питсая гифта, як сари қадам бавақттар бурафт хонашба.
Ин саҳар омдас афташ бутун ғиҷим…
Ҳа Шурикҷон чи шуд?.. гӯям,
Дард шуд, бало шуд, келинатон мана имшаб қариб кушта буд!… лекин агар …
Дарахти макри зан сад реша дошта бошад, о вай дарахта а мо пайванд кадаги ку!… гуфта хандит)
Гӯш кунид апи Муяссар…
Хонава биём, келинатон дара намекушод, а дурун қулф када гиттас..
Очеш дара кушо!.. гӯям.
Равид йӯқ шавид, пеши ҳамун урусакотонба рафта хоравид, хонаба раҳ нест, шумо касофатба!… мегӯд)
Аҳҳҳа ҳоли ман касофат шудамми, ҳозир даром хар боин калтака мехури..! гуям…
Учаскавой ҷеғ мезанам, мебеним сони гуфтас…
Уҳ а ҷои гандаш қаппид ку.. гуфта, ҳа хай а фелаш гардад сони бо таққас мекунам гуфта як соат подъездба шиштам, ишкам гушна шуд, якта питсая хӯрдам. Бенам ҳиҷ не дара кушод. Ахираш фикр кадам ягон ҳилла ӯйла када ёфтан даркор.. гуфта!
Рафта як даста гул харида омдаму пушти дар омада секин тиқ тиқ када…
Очеш дара яла кун! Ишкамам ғиҷим кадос, агар ҳози яла накуни, ҳаминҷаба шарманда мешам, соати дуи шаб гуҷо мерам. Сони охири кора ӯйла кун, духтарамо ҳай, сони дадош подъездба шарманда шудагия ки келин мекунад?.. гӯям, дар оҳиста шарақ шарақ шуда кушода шуд!
Зада даромда, очеш мебахши ин як шӯхи буд, ин гул туба гуфта дарро дасташба қаппонда ванна даромда, дара а дарун маҳкам кадам, а подъездба хоб рафтана, ванна хоб равам беҳтар!.. гуфтам)
Саҳар бо ду соат тавалло кадам, сони бахшид мана!
Гӯр ҳамин телефон шавад… вай келинатон худаша телефонамба Ҳамсарам гуфта нависта сохранит када будас, ман Ҳамсинфо хонда ҳама сурата худашба фиссонам мешад ми?😂😂😂
Ана ҳамин хел гапо апи Муяссар… гуфта хандидос😂
Эҳ Шурикҷона… гуфтама.. каттагари нагун, Саг вафо- хотун ҷафо!… гуфта.. гӯям..
Тӯппа тӯғри апи Муяссар !… мегӯд ин ходячий анекдот😂
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3