м
Зани дуюм...
Ассалому алайкум бонувони азиз. Ман ба шумо барои як мушкилие, ки чандин вақт маро ташвиш медиҳад, муроҷиат карданӣ ҳастам. Бо амри тақдир ман аз оилаи аввал ҷудо шуда, бо як фарзанд зани муҷаррад ҳастам. Ҳоло бо як марди оиладор муносибати наздик дорам. Дар аввал ман нияти дуру дароз муносибат кардан надоштам, вале оҳиста-оҳиста меҳрам зиёд шуд ва ҳоло мо ҳамдигарро дуст медорем. Вале аз фикри он, ки вай зану фарзанд дораду занашро фиреб медиҳад, виҷдонам хеле азоб медиҳад. Ростӣ, чандин маротиба уро тарк карданӣ шудам, телефонҳояшро ва ҳама шабакаҳои иҷтимоияшро дар блок мондам, вале у маро ёфта, боз бармегардонад. Медонам, иродаи суст дорам, лекин дусташ медорам, боз дарди ҷудоиро тоқат накарда, уро қабул мекунам. Ҳамин тавр гоҳ мегурезам, гоҳ у маро бармегардонад. Ақлам мефаҳмад, ки бо марди оидадор хушбахт намешавам, лекин дилам ақламро гуш намекунад. Ба ин мард чандин борҳо мегуям, ки ман дар зиндагӣ хеле азоб кашидагӣ ҳастам, бахтшикаста ҳастам, намехоҳам боз бебахтам куниву ғами дунёро ба сарам бор кунӣ. Лекин вай мегуяд, ки ҳамааш хуб мешавад, ба зиндагӣ бо нигоҳи нек назар кун ва маро боз ба умед мекунад. Мегуяд, ки ҳеҷ кас ба ту кафолат дода наметавонад, ки агар ба ягон каси дигар оиладор шавӣ сад фоиз хушбахт мешавӣ. Биё, кушиш мекунем, ки ба ҳамдигар зарар нарасонему хушбахт шавем. Ин мард мехоҳад бо ман никоҳ кунад, вале оиди муносибати мо бояд касе надонад. Чунки метарсад, ки ба оилаи ӯ зарар мерасад. Ман намехоҳам, ки ба оилаи вай зарар расонам, намехоҳам, ки дили занашро озор диҳам, ё хонаи ободашро ноором созам. Лекин, офтобро бо доман пушида намешавад. Рӯзе ногаҳон ҳамаи сир фош мешавад. Пас тақдири ман чӣ мешуда бошад? Бисёр вақт мардон дар чунин вазъият ноадолатӣ мекунанд ва барои нигоҳ доштани оилаи аввал, аз зани дуюм рӯ мегардонанд. Сарсону ҳайрон мондаам. Намедонам чӣ кунам. Ҳам бениҳоят дусташ медорам, ҳам тарс дорам, ки дар ними раҳ мемонам. Дуюм маротиба бебахт шудан намехоҳам. Илтимос, касоне, ки зани дувум шудаанд, ё шоҳиди чунин ҳодиса ҳастанд, оё занҳои дуввум хушбахт ҳастанд? Оё имкони ором зиндагӣ кардан ҳаст? Ман умуман хоҳиши барои мард ҷангу ҷанҷол карданро надорам. Танҳо хоҳиши каме ҳам бошад, хушбахт шуданро дорам. Илтимос, суханҳои қабеҳ, ҳақорату дашном надиҳед. Ман орзуи зани дуюм шуданро ҳеҷ вақт надоштам ва ҳатто ба занҳои дуввум нафрат доштам, вале зиндагӣ санҷишҳои гуногун доштааст... Танҳо маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 68
Дуюм ин ки марди зандора оилеша вайрон кардоси,ягон мард зани дуюмро хушбахт карда наметавонад