ХОТИРА( хикоя )
Аз кор омада дари хавлиро кушодам, ки писарчаи чорсолаам Шахбоз давида ба канорам омаду бо як хаячони кудакона ба ман гуфт:
- Дада ба хона мехмон омадааст!
Баробари шунидани ин сухан уро ором кардаму ба дахлези хона кадам мондам, то бидонам, ки омадааст.
- Дадеш либосхои кориатонро иваз кунеду ба мехмонхона равед, мехмон омадааст, як хамкурси собикатон,- фахмонд маро хамсарам.
Вакте ба пеши мехмони омада даромадам, маро хиссиёту хаячони ачибе фаро гирифт.
- Худоё, ман хобам ё бедор? Наход ин Фируза бошад?- андеша мекардам дар дил.
- Чи ба хаират афтодед, магар маро нашинохтед?- хини вохури пурсид Фируза.
- Чаро нашиносам?,-Шинохтам Шуморо Фируза Сангинова, хуш омадед,- муаддабона изхор кардам ба мехмон хамкурси собикам.
- Хаир Шумо чи хел? Сихату саломат, баофият хастен, диден ба ин рузхо хам мерасидаем,- табассумкунон ба руям нигохкунон изхор дошт у.
Фируза накл кард, ки ба нохияи мо ба сафари хизмати омадаасту сурогаамро аз кадом хамкорам гирифта ба хабаргири омадааст.
Ман ба чехраи гарми дустам нигариста, уро хар лахза хуш омадед, мегуфтаму гох- гох ба дарёи андешахои бе сару нук гутаввар мешудам...
Соли 2002 ман хуччатхоямро ба бахши рузноманигории Донишгохи милли Точикистон супоридам.Ачаб давраи пурчушу хуруши айёми чавони буд.Мо шабу руз дар болои китоб будему кушиш мекардем, донишчу шуда ба орзуи худ бирасем.Асбаски ичорахона надоштем, шаб ки мешуд, моро гаму ташвиш фаро мегирифт.Рузе дар толори кироатхонаи Донишгохи милли моро духтараки ситорагарме ру ба ру омаду бо мо аз паи таьлиму тадрис гардид.Рузи дигар номашро муаррифу карду мо фахмидем, ки у Фируза ном дош аст.Ин духтар дар саводу дониш аз мо чанд маротиб болотар буд.Дар вакти саволу чавоби ягон тарчумаи холи адиб ё мероси адабии он моро бо дониши хубаш шикаст медод.Хамин тавр захматхои мо барабас нарафт.Мо донишчу шудему акнун
худро донишчуи комилхукук ном мебурдем.
Фируза духтараки ситорагарм,дорои кадду басти зебо, чашмони меши бо як нигох ба хар бинанде макбул меафтод.Аз хама бисёртар ман ба у бисёртар ахамият медодам.Ин духтар бо хама афту андомаш ба ман писанд буд.Хар вакте бо у дар сухбат мешудам, худамро дар наздаш гум мекардам.Ишк шуру шавке дорад, ки баъзан одам дар назди дустдоштааш гунг мегардад.Хамин шуру шавк дар ман бисёр таьсир карда буд.Фируза аз дунёи хаёлоти ман бехабар буду умуман бо ман мисли дигар хамкурсон муомила мекард.Шабхо баьди аз худ кардани машгулиятхо дар бораи у андеша мекардам.Хамин тавр рузхою моххо мегузаштанду мо ба курси дуюм гузаштем.
Як руз дигар токатам ток шуду дарди диламро ба Фируза гуфтам.Баъди ибрози андешахои ошикона Фируза мум барин мулоим шуду то чанд руз бо ман гап намезад.Доимо хис мекардам, ки аз сухбати ман мегурезад.Ман руз то руз хешро маломат мекардам, ки чаро ба у изхори мухаббат кардам.Хамин гаму ташвишхо маро аз по афтонду бемор шуда ба шифохонаи шахри афтодам. Вакте ки дар беморхона бистари будам, хамкурсхо тез- тез ба аёдатам меомаданд.Онхо маро бо суханхои хубашон дилбардори мекарданд, ки тезтар сихату саломат шавам.Аммо аз Фируза дараке набуд.Рузхо хафтахо мегузаштанд, у ба хабаргириям намеомад.
Ин дарду фирок руз то руз маро азият медод.Ман аз он гамгин будам, ки духтари дустдоштаам ба ман бевафои мекунад.
- Шояд аз баини хамкурсонам дигареро дуст дорад?- меандешидам дар дил.
Нихоят дар рузхои охири табобатам Фируза ба хабаргири омад.У дар даст каме савготи гирифта ба наздам омад.
- Салом Чонибек, хичи бехтар шуди?- ангуштони махину зебояшро суям дароз карда пурсид.Ман ба у даст дароз карда чи кадар хурсанд шудам. Дар он лахзахо намедонистам хурсандиямро ба у чи тавр изхор кунам.
- Бубахш маро ки туро дер хабар гирифтам,- шармида сарашро хам карда гуфт Фируза.
- Рахмат ки омади,- миннатдори карда гуфтам ба у. Он руз мо хеле сухбат кардем.
Баъди рафтани у ман ман хеле хурсанду шод гардидам.
Хамин тавр маро аз беморхона чавоб доданду боз ба хаёти мукаррарии донишчуи баргаштам. Хамин тавр мо дар давоми тахсили мактаби оли якдигарро хуб омухта бо хам риштаи дусти бастем.Вакте Донишгохро тамом кардем, ман модари хешро ба хонаи Фирузаино ба хостгори фиристодам.Аммо падару модари Фируза ба модари ман чавоби рад доданд.
Баъди ин чандин сол дигар дар фикри хонадоршави набудам.
Факат соли 2016 модарам рузе маро ба наздаш хонда гуфт:-
- Писарам ту каи оиладор мешави?.
- Охир пир шудам, кадом рузе мемураму дигар хамаи орзую хавасамро ба гури торик мебарам,- гамгинона мегуфт модарам.
Баьди ин сухани модар ман аз паи зангири шудаму ба як хешдухтари модариамон оиладор шудам.Инак чор сол шуд, ки ман оиладор хастаму дар ин муддат писарчаам чорсола шуд. Оилаам гарчанде аз хешу табори модарам бошад хам, маро хеле дуст медорад....
- Чи ин кадар ба андеша рафтед?- гуфтани Фируза маро аз дунеи хаёлхои гузашта рахо кард.
- Туро дидаму даврахои донишчуи мисли навори кино аз пеши назарам гузашт,- фахмондам ба Фируза.
- Хуб буд, бад буд, хамааш дар дунёи чавонии мо боки монд,- иброз кард Фируза.
Оре зиндаги хамин тавр аст. Рузхо мегузаранд.Солхо паси сар мешаванд.Умр хам баробари зиндаги дар шитоб аст.Хама чиз бо мурури вакту соат тагйир меёбаду дигар мешавад. Факат ишки пок аз калбхо фаромуш намешавад!
( Рачабали Фаизуллоев )
дехоти Заргари
нохияи Кушониён.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Хайфи он солхою , азобу шиканчахою бедорхобихои беохир.
Агар аз нав чавон мешудам асло номи ишку мухаббатро намегирифтам.
Хамааш бехуда будааст.
Бехтараш бисёртар кушиш мекардам, ки хонда савод гираму хунархои гуногунро барои ояндаи нек аз худ кунам.