Чанд лаҳза пеш дар километри 67- уми роҳи Душанбе - Чаноқ тармаи калон - баландӣ 4 ва паҳноӣ зиёда аз 40 метр фаромад. Дар натиҷа, мошини сабукрави тамғаи Мерседес (маъруф чун Мерседес сечка) зери тарма монд.
Кормандони мо дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ фавран ба маҳалли ҳодиса расида, ронанда ва мусофиронро аз зери тарма берун оварданд. Хушбахтона, бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ нест. Чор мусофири автомобили зикршуда, ки ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Ба осеббардоштагон шифои комил ва оҷил хоста аз ронандагон хоҳишмандем, ки эҳтиёткору бодиққат бошанд.
Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6