Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Муаллиф: Меҳрангез Султонзода ва Шоҳсанам Бобоҷонова, Asia-Plus
Шарҳ медиҳем, ки барои ислоҳи вазъ чӣ бояд кард
Ду ҳафта баъд, 5-уми фаврали соли 2025 зарбулаҷали аввали Русия, ки ба шахсони ба “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-и ВКД-и ин кишвар шомилшуда барои шиносоӣ ва ислоҳ дода шуд, ба поён мерасад. Ҳар нафаре, ки бо гумони вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират шомили ин гурӯҳ шудаву то 5-уми феврал будубоши худро қонунӣ ё Русияро тарк накарданд, боздошт ва ихроҷ мешаванд.
Баътар мақомоти Русия ин зарбулаҷалро тамдид карданд ва ба шаҳрвандони хориҷии шомили ин рӯйхатгардида то моҳи апрел муҳлат доданд.
Моҳи октябри соли 2024, вақти эълони рӯйхат гуфта мешуд, ки ба он 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаанд. Бо истифода аз чат-боти сохтаи “Азия-Плюс” метавон санҷид, ки ба ин рӯйхат шомил гардидед ё не.
Низоми нави ихроҷ чист? Пас аз 5 феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад? Дар барномаи “Тафсир” шарҳ додем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8
Лекин то 5 февраль буд, боз то 30 апрела мондан.