Аввалан салому дуруди худро мерасонам. Ва баъдан чи гуфтаниам?
Замоне ки мо кудак будему мактабхон, аз як тараф таълими устодон, аз дигар тараф тарбияи волидон бароямон басандагӣ мекард. Бар замми ин бобою бибиҳомон ки вақти саҳар ба кор рафтани падару модар нигаҳбонии мо кудаконро бар уҳдаи хеш доштанд, мисли бобою бибиҳои ҳозира саргарми телефону интернет набуданд, балки баромон қиссаҳо аз ҳаёти паёмбарон, ҳикояю афсонагӯиҳо карда ҳам табъамонро хуш мегардониданду ва ҳам бо он қиссаҳою ҳикояҳое ки мегуфтанд, ҳамагӣ тарғибгари таълим ва тарбияи мо кудакон буд, моро ба роҳи рост рафтан далолат мекарданд.
Ҳозир чи? Волидон ҳама паи зиндагӣ. Паи навгонӣ, саргарми интернету саргарми сериолҳои туркӣ, аз шабакаҳои JEМ - ҳо, ки батамом хонумҳои лучу урёнро намоиш медиҳад. Пас биеед қазоват кунед. Волидон, аз ҳама асосаш Модарони бузургноми мо, ки аз пушти ин сериолҳои туркию ҳиндугӣ вақт надошта бошанд, пас куҷо фарзандон тарбияи дуруст мегиранд? (Падарон худ овораи кору зиндагӣ хоҳ дар муҳоҷиратанд, хоҳ дар дохили кишвар ҳам бошанд, моҳе ҳамагӣ се ё чор рӯз дар хонаанд). Он гоҳ хоҳу нохоҳ ингуна ҷангу хархашаҳо миёни ҷавонон ё ҷавондухтарон мешавад.
Талабаи мактаб носкашу сигоркаш. Касе парвои онро надорад, Ҳатто баъзан падарону Модарон, медонанд ки фарзанди ноболиғашон носкашу сигоркашанд, аммо ба ин парвое надоранд.
Ба ин хотир бояд аввалан ана ҳамин волидони ҳозира худ тарбияи дуруст гиранд, ва дигар ин ки ана ҳамин шабакаҳои телевизионии бо ном JEM-ро коре карда аз ватан гум кунем. Баъдан телефонҳои мобилии интернетдорро.
Мисли пештараҳо. Сари дастархон телефон ба даст нашинему, саргарми суҳбат бо фарзандону пайвандон гардем.
Ин аст хулосаи ман.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2