КУРТА
(ҳикоя)
Баъди чанд рӯзи башумор тирамоҳ дар мекуфт. Баргҳои сабзи дарахтон ранг мебохтанду аз баландиҳо ба пойин сарозер мешуданд. Нузулу нумӯашон хотимаву суудашон фаро расида, аз ҳастӣ ба сӯйи нестӣ мерафтанд. Коҳиши неруи анвори офтоб рӯз то рӯз бармалотар мешуд. Некном сари қадам ба бозори “Атуш”-и шаҳри Гулистон даромад. Ба гузари куртафурӯшҳо рафт. Аз назди дукони савдогари љавон гузаштанӣ буд, ки як куртаи нилӣ ба чашмаш хӯрд ва маљбур шуд таваққуф бикунад. Он зери пардаи сафеди баста ба чашм хеле зебо менамуд.
– Инро берун мебароред, то хубтар бубинамаш? – куртаро нишон дода, пурсид аз фурӯшанда.
– Ако, ана ба он тараф нигоҳ кунед, овезон аст. Марҳамат карда, бинед, – гуфт фурӯшанда.
Табъи дилаш буд курта, рангаш низ дӯстоштааш. Матояш ситабру нарм. “Метавон онро дар тирмоҳу зимистон пӯшид” – гузашт аз дилаш.
– Чанд пул меистад?
– Сад сомонӣ мефурӯшам. Якум савдо, ҳаштод тиед, гиред, ако.
– Шаст ҳам нархи бад нест.
– Майлаш, ҳафтод тиед...
Ҳамин ки ҳавои гарм бакуллӣ ба сӯйи сардӣ тағйир хӯрд, онро аз баста берун оварду ба ҳамсараш дод, то утуяш бикунад. Баркату ободии хонааш онро даст-даст карда, табассуми зебо бар лаб гуфт: “мардакљон, зимистонро куштед”. Некном дар посух танҳо табассум кард. Онро пӯшиду рӯ ба рӯйи оина қарор гирифт. Ба танаш шинам афтода буд. Ҳамин ки гиребонашро рост карду тугмаҳояшро андохт, хушҳолиаш зуд аз миён рафт. Худро нороҳат ҳис кард. Табъаш хира шуд. Аљабаш омад. Онро бадар кард. Ба ҳолати маъмул баргашт. Лаҳзае пас онро аз нав пӯшид. Боз ҳам эҳсоси ногуворӣ кард. Аз нав бароварду канораш гузошт. Тааљубаш бештар шуд. “Наход либос ҳолати руҳии касро тағйир бидиҳад?” – пурсид аз худ. Посух наёфт. Рӯзи дигар аз хоб дертар хест. Барои интихоби либос фурсат набуд. Ҳамон куртаи нав ба чашмаш хӯрду бидуни истиҳола пӯшидаш. Чун ба сӯйи дарвоза роҳ пеш гирифт, дарёфт, ки якбора табъаш хира гардид. Болои дилашро пардаи торикӣ пӯшонд. Атроф ҳам дар назараш тира намуд. Ҳол он ки ҳавои офтобӣ буду айни сайру тамошо. Мегузарад гуфту роҳашро идома дод. Худро мисли фарде мепиндошт, ки ба беморие мубталосту хабар ёфта, ки табобат ба дардаш намехӯрад. Ҳарчанд саъй кард, ки дар кӯча, мисли ҳамеша бо ҳамсояҳо бо рӯгармӣ салому ҳолпурсӣ бикунад, муяссараш нашуд. Онҳо, ки ҳељ гоҳ бо чунин ҳолу ҳаво ӯро надида буданд, ҳайрон-ҳайрон ба сӯяш нигариста, аз сабаб пурсидан худдорӣ карданд. Хайрият, ки хомӯш истоданро авло донистанд, вагарна ба саволашон чӣ љавоб медод? Мегуфт, ки баъди пӯшидани куртаи нав ба чунин ҳолат афтод? Он гоҳ яқин мепиндоштанд, ки ақлашро хӯрдааст. Аммо ин ҳанӯз аввали кор буд. Ҳамон рӯз мушкил паси мушкил омад: чун ба коргоҳ расиду мошинашро дар таваққуфгоҳ гузошт, баъди салому ҳолпурсӣ бо дарбон хабар ёфт, ки мудири шуъба Мустафо Каримӣ суроғаш дорад. Ба назди ӯ рафт. Аз қошу қовоқи гирифтаи мудир барфу борон мерехт. Бо дили нохоҳаму бо нӯги даст салом кард. Гӯё ки бародар ҳастанду мулки падарашон тақсим нокарда монда ва ё тарака шудаву қаҳрамони мо бештар ҳақбар шудааст. Сабаби димоғи сӯхтаи ӯ аз ин қарор буда, ки чанд маротиба ба Некном занг задаву посух нашунидааст ва тавзеҳ ҳам дод, ки чунин бархурд маънои онро дорад, ки гӯё Некном нисбат ба ӯ эҳтиром қоил нест.
–Дар зиндагӣ ҳолатҳое пеш меоянд, ки намегузоранд дарҳол ба занги телефон посух бигӯӣ. Ман ҳам дар чунин ҳолат қарор доштам. Аммо баъдтар, чун фурсати муносиб даст дод, баргашта ба шумо занг задам, вале љавоб надодед, – бо нармгуфторӣ худро сафед кард Некном.
– Ҳар касе ба занги ман дарҳол љавоб нагӯяд, дигар ба зангҳои ӯ посух намегӯям. “Аз гӯшаи боме, ки паридем, паридем” – бо ҳамон оҳанги ғуруру манманӣ иброз дошт Каримӣ ва аз қутии сигори рӯйи мизаш хобида як дона сигорро берун оварду ба кунљи лабонаш гузошт. Сипас оташафрӯзро таги он бурд, вале ҳар қадар ангушт зад, даргирон нашуд. Ғазабаш боло гирифту онро ба шаст ҳаво дод. Ба дар бархӯрду пора-пора гашта, рӯйи фарш рехт.
Некном чун дид, ки ҳамсуҳбаташ савори асби љаҳл ҳасту поён оварданаш ғайримумкин чуну чароро зарур надонист. Табъи хирааш боз ҳам хиратар шуд. Хайрият, ки ҳамин лаҳза дӯсташ Одил занг заду гуфт, ки дар поён интизораш аст. Некном аз ҳолати ногувор берун омад. Барои риояи одоб бо Каримӣ ҳайрухуш намуд, аммо вай сари хамашро боло накард, ҳарфашро ношунида гирифт.
Одил дар ҳоле, ки хеле ғамзадаву мушаввашхотир буд, сари матлаб омад:
–Имрӯз писарам љарроҳӣ мешавад. Аз назди коргоҳат гузаштаму ба ёдам расидӣ. Љарроҳии сутунмӯҳра осон нест. Агар дар паҳлуям мебудӣ, қуввати дилам мешудӣ.
Некном сукут ихтиёр кард. Чӣ посух гуфтанашро надонист. Кор аз мӯйи сараш зиёд буд. Ҳамаро ба мизони ақл баркашиду билохира, ба хулосае омад, ки барои анљоми дигар корҳо фурсат меёбад, вале дар чунин рӯз набояд Одилро танҳо гузорад...
Ногуворӣ ҳанӯз гиребонгираш буд. Ба назараш чунин менамуд, ки ду дасти тавоно гулӯяшро мефишоранд. Баъдтар дарёфт, ки чунин ҳолат бештар дар вақти танҳо будан ва афтодани нигоҳаш ба курта ба миён меояд, аммо, ҳамин ки бо касе ҳамсуҳбат мешаваду курта аз ёдаш мебарояд, ба ҳолати маъмул бармегардад.
Љарроҳӣ, агарчи ду соат тул кашид, вале ба хубӣ анљом ёфт. Баргашт ба коргоҳ. Танҳо баъди расидан ба пеши дари дафтари кор дарёфт, ки бастаи калид дар љайбаш нест. Ба андеша рафт, ки куљо онҳоро монда бошад. Аз лаҳзаи аз хона берун омадан то ин дамро ба ёд овард. Дар зеҳнаш рӯшан шуд, ки онҳоро дар дафтари кории Каримӣ фаромӯш кардааст. Дари ӯро баста ёфт. Занг зад. Посух нашунид. Каримӣ дар раъйяш қоим буд. Ҳарфи ӯ ба ёди Некном расиду аз ҳамкораш, Манзур хоҳиш кард, ки ба вай занг зада, ҳолатро барояш тавзеҳ бидиҳад. Маълум гардид, ки кори таъљиле баромадаву ӯ ба хонааш рафтааст ва имрӯз дигар ба коргоҳ намеояд. Ба кор даровардани муҳаррики мошин барои Некном даст надод. Вақт мерафт. Маљбур шуд таксиеро киро карда, аз ин гӯшаи шаҳр ба он гӯшаи шаҳр ба хонаи Каримӣ биравад. Дар ҳоле ки калидҳоро аз дасти ӯ мегирифт, вай таъкид кард, ки калиди қабулгоҳ бе нишона аст, аммо калиди утоқи корӣ аз қисмати боло нишона дораду вақти ворид кардани калид ба қулф он бояд аз боло биояд, вагарна боз намешавад. Некном пас гашт. Харобии ҳолати руҳӣ таъкиди Каримиро аз лавҳи хотираш зудуда буд. Дар боз кардани қуфли дафтари кори ӯ дармонд. Ҳарчанд кӯшид, вале онро боз карда натавонист. Торҳои асабаш чунон таранг шуданд, ки сараш ба дард омад. Лоилољ мудири қисми хољагӣ, Анварро ба ёрӣ хонд. Ӯ омаду бидуни мушкил қуфлро во кард. Некном калидҳоро рӯйи мизи Каримӣ хобида дид. Зуд онҳоро гирифту дарро баста, ба дафтари кораш омад. Компютерашро рӯшан кард. Ҳарчанд талош намуд, ду љумлаи дуруст навишта натавонист. Ба соаташ нигарист. Вақти ба мактаб рафтан фаро мерасид. Дар онљо соатбайъ дарс мегуфт. Компютерро хомӯш карду дарро баста, аз паллаҳо давида фуромада, ба таваққуфгоҳи мошинҳо рафт, то љузвдонашро аз мошин бигирад. Барои санљиш мошинро ба кор дароварданӣ шуд. Ғайриинтизор бо як бор тоб додани калид муҳаррик ба кор даромад. Хушҳол гардид. Аммо, ҳамин ки чашмаш ба курта афтод, дарҳол хушҳолиаш аз миён рафт...
Чун дарс ба охир расиду омада ба мошинаш нишаст, хост ба хонааш занг бизанад. Аммо телефони мобилашро наёфт. Ҳайрон монд. Пас гашт ба мактаб, вале онро дар синфхона пайдо накард. Ба роҳрав баромада буд, ки муаллим Саломатшоро дид. Аз ӯ хоҳиш намуд, ки барояш занг бизанад. Саломатшо гуфт, ки занг меравад, аммо љавоб нест. Гумон бурд, ки чун осемасар аз дафтари кораш берун омада буд, гирифтани телефон аз ёдаш рафта. Пас гашт. Умедаш бароварда нашуд. Аз телефони корӣ занг зад, аммо посух нашунид. Лаҳзаеро бо сукут пушти сар кард. Чашмаш ба куртааш афтод. “Наход ин ҳама ногувориҳоро сабаб ҳамин куртаи зормонда бошад?”– пурсид аз худ. Аз љо баланд гардиду дарро аз дарун баст. Пардаҳои канорзадаи тирезаро ба ҳамдигар љафс кард. Ҳамин ки куртаро бароварда, канор гузошт, пардаи тирагӣ аз рӯйи аъсобаш канор уфтод, эҳсоси болидагиву хушҳолӣ фарояш гирифт, оламро бо чашми дигар дид. Ба худ андешид, ки чун курта ба ҳолу ҳавояш бетаъсир нест, дар худ ҳикмате дорад. Аммо чӣ ҳикмат буданаш барояш ба муаммои сарбаста мемонд. Илољи дигар надошт: онро аз нав пӯшид. Дари дафтарашро басту поён фуромад. Хиратабъиаш аз назари ҳамкораш Фирдавс пинҳон намонду сабаб пурсид:
–Телефонамро гум кардам. Бо ман биёву занг бизан, шояд дар мошин афтода бошад.
Ҳамин ки ба назди мошин расиданду Фирдавс занг фиристод, садои телефон аз таги нишинаи ронанда баланд гардид. Некном онро берун оварду дарҳол хомӯш кард. Ҳанӯз ба Фирдавс изҳори сипос накарда буд, ки касе барояш занг зад. Аслан ба рақамҳои беном љавоб намегӯяд, аммо ин лаҳза садое аз ниҳодаш ба посух гуфтан водораш кард. Нозири минтақавӣ будааст. Гуфт, ки писараш бо телефон ба мактаб рафтаву ин хилофи қоидаи љорист ва бояд сари қадам ба наздаш дарояд. Ҳайрон шуд. Охир, Сиёвуш ҳеч гоҳ чунин одат надошт. Ба модари бачаҳо занг зад. Маълум гардид, ки баъди басти аввал дар мактаб мусобиқаи футболбозон роҳандозӣ шудаву писараш телефонашро бо иљозати муаллим ба хотири он бо худ гирифтааст, ки рафти бозиашро наворбардорӣ кунанд.
Нозири минтақавӣ дар чаҳорчӯби қонун санад тартиб дод ва дар асоси он Некном бояд љарима пардохт мекард. Аммо пули љайбаш камӣ кард ва маљбур шуд, ки ба хона биравад. Барои рӯзи мабодо миёни кадом китобе пул гузошта буд. Тамоми китобҳои љевонро аз назар гузаронид, аммо беҳуда. Дигарбора онҳоро ба даст гирифт. Муродаш ҳосил нашуд. Ғазабу ҳайраташ ба ҳам омехту сари ҳамсараш садо баланд кард. Модари бачаҳо гуфт, ки аз марги худ хабар дораду аз будани пул дар миёни китобҳо не. Вақт мерафт. Ба нозири минтақавӣ ваъда дода буд, ки худи ҳамин рӯз љаримаро пардохт мекунад. Ба љуз аз ҳамсояи рӯ ба рӯ гирифтани қарз чора намонд. Аммо ба бахти бадаш ӯ узр пеш овард, ки ҳамсарашро ҳамин рӯз дар бемористон бистарӣ кардаанду худ ба пул сахт ниёзманд аст. Маљбур шуд, ки ангушт ба дари ҳамсояи дигараш, Собири нонфурӯш бизанад. Ҳамсоя чун матлабашро шунид, ҳайрон-ҳайрон ба ӯ нигариста, гуфт:
–Некноме нестӣ, ки барои қарз гирифтан забонат гардад. Хеле зарур мондаӣ, ки дари хонаи ман омадӣ. Як дақиқа сабр бикун.
Ҳамсоя барои овардани пул рафт.
Некном бо шунидани ҳарфи ӯ аз омаданаш пушаймон шуд. Зуд аз дари хона канор рафт. Мерафт осемасар ва илољи рафъи мушкил мељуст. Ба кӯчаи калон баромада буд, ки чашмаш ба дукони фурӯши телефонҳо афтод. Дукондори беинсоф телефони дуҳазораи ӯро ҳазор сӯм нарх монд. Некном барои худ эб надид, ки бо ӯ савдо бикунад ва ё ба дари дукон дигаре биравад. Лоилољ аз баҳри телефонаш баромад. Чун маблағи љаримаро пардохт кард, оҳи сабук кашид ва дар ҳоле, ки ба хона бармегашт, ба ёдаш расид, ки пули миёни китобҳоро чанд рӯз қабл барои таъмири мошин сарф карда буд. Ба хона расидан замон дарҳол куртаро бароварду онро ғиљим карда, бо шаст ба замин зад ва болояш баромада, лагадкӯб кард. Ҳамсараш аз дидани манзара дар ҳайрат афтод. Дар чунин ҳолат хомӯш монданро ихтиёр мекунад. Медонад, ки агар савол диҳад, љавоби нешдор хоҳад шунид.
Некном амр кард:
– Ин куртаро, ки ҳамагӣ як бор пӯшидаам, шӯю дарзмол карда, ба бародарат (ӯ ҳамон шабу рӯз аз деҳа барои табобат омада буд) деҳ.
– Барои чӣ? Охир, ба шумо мезебад.
– Ончи гуфтам, ҳамонро кун!...
Некном чун субҳи рӯзи дигар дид, ки додарарӯсаш, Камол куртаро ба бар кардааст, хост аз вай бипурсад, ки худро чӣ гуна ҳис мекунад, аммо худдорӣ карданро беҳтар донист. Дуздида-дуздида ба вай нигоҳ кард. Пакару гаранг ба назар мерасид. Мисли рӯзҳои пеш булбулакаш намехонд. Ба хоҳарзодаҳояш ҳам шӯхию меҳрубонӣ намекард. Аз санг овоз мебаромаду аз ӯ не. Ба касе мемонд, ки ба пул ниёз пайдо кардаву барои гирифтани қарз ба назди беҳтарин дӯсташ рафтаву умедаш бароварда нашудааст. Хӯрдани субҳона, бидуни ҳарфе ба забон овардани ӯву додарарӯсаш поён ёфт. Ҳар кадом аз пайи кори худ рафтанд. “Бегоҳ ҳамааш маълум мешавад”, – гуфт дар дил Некном.
Тавре интизор буд, бегоҳ Камолро бо лабу лунљи овезон дид. Чун сабаб пурсид, дар посух шунид:
– Дар автобус кадом оқипадаре пулҳоямро дуздид. Баъди фуромадан хабар ёфтам. Ба писари дар Росия будаам занг задам. Гуфт, ки ҳоло маош нагирифтааст, бечора ноилољ монда, аз кадоме қарз гирифта, пул фиристод. Ба болои ин, дар вақти гузаронидани сӯзандору, духтур хато карда, аз раг берун доруро равон кард. Ҳолам бад шуд. Аз лаби гур гаштам. Ин ҳама дарди бахайр. Занак занг зада хабар дод, ки дар навбати подабонии Абдули ҳамсоя гови ширдеҳамон ба љарӣ афтодаву ҳаром мурдааст...
Некном ин ҳамаро мешуниду сир бой намедод. Забонаш намегашт гӯяд, ки сабаби ҳама сарсониҳо ҳамин куртаи касофат аст. Магар Камол ба ҳарфаш бовар мекард? Баръакс, девонааш мепиндошт. Охир, кӣ, дар куљо ва кай дида, ки либос бадбахтӣ орад?
Ихтиёр кардани сабрро беҳтар донист Некном, то бубинад, ки давоми кор ба худ чӣ сурате мегирад.
Камол рӯзи дигар, ки охирин рӯзи муолиљааш буд ва бояд ба деҳа бармегашт, он куртаро напӯшид. Некном фол зад, ки шояд ӯ низ ягон чизро пай бурда бошад. Ба ҳар ҳол бехигӯшӣ ба ҳамболинаш гуфт, ки ба бародараш додани куртаро аз ёд наборад. Аммо чун бегоҳ ба хона баргашту дари љевони либосҳоро боз карда, куртаро овезон дид, дуд аз димоғаш баромад. Аз сӯҳбат бо ҳамсараш маълум гардид, ки Камол куртаи дигарро пӯшида рафтааст. Дарди сар бо ӯ монд. Худро таскин дод, ки чӣ бисёр, талбанда: яке пул мепурсаду дигаре нон, севумӣ мӯй, чаҳорумӣ оҳан. Колофурӯшҳову зуболаковҳо ҳам кам нестанд. Куртаро ба яке аз онҳо медиҳад. Ин андеша ҳам аз дилаш гузашт, ки беҳтараш онро дарзмол карда, даруни қуттӣ гузораду ҳадя гӯён ба Мустафо Каримӣ инъом намуда, ба ин васила адаби ӯро диҳад. Ҳанӯз ба як қарор наомада буд, ки садои тақ-тақ кӯбидани дарвозаи хонааш баланд гардид. Рафта, онро боз кард. Пушти дар касе меистод, ки ҳаргиз интизораш набуд. Моту мабҳут монд. Аз ҳайрати зиёд чӣ гуфтанашро надонист. Меҳмон ҳам ҳолати ӯро пай бурда, каме худро гум кард. Вай ҳамон фурӯшандаи бозори “Атуш” буд, ки Некном аз ӯ курта харида буд. Ҳарчанд ки ӯ бар асари лоғар гардидан то љое тағйири сурат карда буд, аммо Некном вайро дарҳол шинохт. Либоси нимдошт ба бар дошт. Дар чашмонаш нишонаи ғаму андуҳ хонда мешуд.
Билохира худро ба даст гирифта, гуфт:
– Гӯш мекунам.
–Ако, узр мепурсам, ки ташвиш додам. Мардикорам. Аз дастам ҳама кор, деворбардорӣ, андова, дару тирезачаспонӣ... меояд.
– Агар хато накунам, як вақтҳо фурӯшанда будӣ.
– Шумо аз куљо медонед? – ҳайрон шуда пурсид ӯ.
– Чанде пеш ман аз ту курта, не, курта не, дарди сар харида будам.
– Дарди сар? Нафаҳмидам.
– Ана, иншаро аз ту донистан мехостам. Ҳамагӣ онро як бор пӯшидам. Ҳамон рӯз ба сад мушкил рӯ ба рӯ шудам.
– Чӣ хел?
– Ҳозир, як дақиқа, – гуфт Некном ва шитобон рафта, куртаро оварду пурсид:
– Як вақтҳо чунин курта мефурӯхтӣ?
– Мефурӯхтам.
– Ҳамаашро фурӯхтӣ?
– Не.
– Чаро?
– Намонданд.
– Барои чӣ?
– Шумо напурседу ман нагӯям, ако.
– Чӣ шуд?
– Моли дуздӣ будаанд. Ҳамон одаме, ки ман аз ӯ куртаҳоро харида будам, ба даст афтод. Онҳоро аз дукони як фурӯшандаи уйғур дуздида будаст. Милисабозию кашмакашии зиёд шуд. Оқибат кор ба љое расид, ки тарки савдогарӣ кардам...
Корафтода даҳон гарм карда буд. Аммо ҳарфи ӯ дигар ба гӯши Некном ворид намешуд. Куртаро ба дасти вай дода, дарро ба рӯяш басту оҳи сабук кашид...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев