МУАЛЛИФ САФФИАЛЛОХ КУРБОН
Адолатро дар синни 16 солаги ба шавхар доданд.У хатто ба мафхуми Оила, ва оиладори дуруст сарфахм намерафт.Боз Ин духтараки хануз наврасро ба чигуна оила келин карда бурданд?Шавхараш марди 36, 38 сола буду, холо оиладор нашудабуд.Онхо дар кух зиндаги мекарданд, ва оилави чупон буданд.Аз рузи аввал ин духтараки хануз зиндагиро дуруст дарк накарда дар ин оила манзарахои ачоиб ва дахшатборро дид.Адолат барои гирифтани чоруб ба огилхонаи тахминан 100 метр дароз рафт, ки ончо асп, ва як чанд гову гусфанде, ки аз нотавони ба чаро бурданашон гайри имкон буд буданд.Адолат хохаршуи хурдиашро дид, ки урён дар болои коххои пасмондаи гову мол хобида чонкани дорад.У ду лаби охурро сахт дошта гох зур мезанаду гох лаб газида пасту дарднок нола мекунад.Адолат бо дидани ин манзара аввал дар чояш хайрон чикор карданашро надонисту баъд аз муддате ба назди Хушдоманаш давида вокияро гуфт.Хушдоманаш баъд аз чанде доду фигону хакорат аз огилхона баромаду ба Адолат амр кард.Тез рафта духтари калониамро бигуй то давида биёяд.Хонаи хохаршуи калонии Адолат баъд аз чанд талу теппа, ва дарахои душворгузар буд.То омадани онхо алакай ним соат гузаштабуд.Хохаршуи хурдияш холо шавхар накарда кудак таваллуд кардааст.Маълум шуд ки ин духтарак бо як хеши дурашон, ки дар хамон минтака аз онхо дуртар зиндаги мекардааст, якдигарро бо кавле дуст медоштаанд, ва кудак аз он чавон будааст.Шавхари Адолат бо падараш ба чаронидани пода рафта хар хафта як бор ба хона меомаданду як шаб истода боз мерафтанд, ва хамон вахт дар хона набуданд.Хушдоманаш тифлаки навзодро ба руи санге гузошта санги дигареро бардошта гуфт.Ман агар ин кудакро накушам, шарманда мешавем, Падараш аввал маро мекушаду бад ин духтари фоишаамро.Адолат фигон бардошта ба хушдоманаш дар афтода кушиши сангро аз дасташ гирифтан кард.Ин ахволро дида хохаршуи калони ба ёрии Адолат омаду бо як азоб тифлакро аз чанги кампир рахо карда ба хонаи хохаршуи калони бурданд.Хаминхел хар шаб Адолат як маротиба дар ин кухсор бо хохаршуяш ба хонаи онхо мерафтанд, пинхони аз Модараш ин духтарак тифлакашро ба огуш мегирифт, мемакунид, аз буи бихиштияш каме хам бошад халоват мебурд.Нихоят мардхои хона омаданду Хушдоманаш ба Хусураш вокияро накл кард.Хусури Адолат ба назар аз писараш чавонтар метофт.У аввал дар хавли руи кат каме нишаста сигор кашиду, баъд чуби гавсеро гирифта ба хона даромаду духтарашро чунон зери таёк гирифт, ки хайвонро хам инхел зада намешавад.Духтаракро бо азобе аз дасти Падараш халос карданд.Домодашон низ боят аз чарогох фардо меомад, барои хамин аз тарси шавхар ва бадноми хохарши калони тифлакро оварда ба дасти модараш супорид.Хуштоманаш намегузошт, ки модараш ба ин тифлак шир дихад, бинобар ин боз хам пинхони модараш хар руз як бор фурсат ёфта омада кудакро мемаконид.Кампир мехост, ки кудак аз гуруснаги бимирад, вале хайрон буд, ки чаро як хафта гузаштаасту ин кудаки хароми бегизо зиндаги карда истодааст ва намемирад.Нихоят кампир ба хочатхона рафта шишаи захри котилеро, ки барои кайку кана ба гову мол истифода мебурданд гирифта омад.У кудакро аз огуши модараш канда гирифту дахонашро бо дасти чапаш кушода захрро рехтан хост.Духтарак хост ки тифлакашро начот дихад, вале натавонист.Кампир кудакро ба замин партофта бо шиша ба сари духтараш зад, ва духтарак аз хуш рафта ба замин афтод.Кампир захрро ба дахони тифлак рехту, захр аз рудахои холи ва нозуки тифлак гузашта ба замин рехтан гирифт, вале кудак намурд, чун , ки ин захр солхои зиёд нигох дошта шудабуду тахсирнокияш тамоман кам шудабуд.Духтарак ба хуш омада тифлакашро зинда диду ба огушаш гирифта маконид.Хамма интизор буданд, ки тифлак мемирад, вале У намемурд, танхо дарунрав шуду боз нагз шуд.Кампир хар руз як бор ба дахони кудак захри котилро мерехту кудак намемурд.Факат дарунрав мешуду халос.Нихоят духтарак як шаб тифлаки навзоди касалияшро гирифта аз хона баромада рафт.Адолат харчанд кушиши Уро рози кардан кард, ки акалан то субх интизор шавад, то дар кухсор шабона гургхо нахурандашон, натавонист.
.Оиша дар соати дуи шаб тифлаки касали дар даст, дар кухистони беодам хазор дарду аламу шармандаги бар душ ба самти ба худаш хам номаълум рох пеш гирифт.У то субх бо шиками гурусна тифлаки ширхори 9 руз захр нушонидашуда дар огуш рох гашт.Нихоят субх дамиду У хамаги 300 метр дуртар ду гургро дид, ки бо хамдигар машгули ишкбози буданд.Оиша дар дил хам аз ин хайвонхои вахши тарсиду хам ба мухаббати онхо бо якдигар хавасаш омад.Онхо барои гургбаччпхои худ гизо мечустанд.оиша саросима тифлакро ба руймолаш баста то хадди тавонаш ба шохи баландтари дарахти чормагз партофту, худаш хам баромада аз вай болотар рафта тифлакро бо азобу хатари зиёд ба даст овард.Аз бас ки тифлак сахт бемору нотавон буд мадори гиря кардан хам надошт, вагар на гургон садои кудакро шунида онхоро дида лукмаи имрузаи баччахояшон ва худашон мекарданд.Нихоят тифлак бо зур овоз бароварда гиряро огоз карду гургон оишаро дар болои дарахт диданд.Гургон кушиши Оишаро галтонидан мекарданд.Онхо аз дур рафта давида омада бо тамоми кувваташон баланд парида ба шоххои дарахт бо дастхояшон мезаданд, вале ин модар тифлакашро дар як шохи бокувват овехтабуд, ки он шох баланд буд ва худаш як навдаи дарахтро шикаста дар дасташ гирифтабуду хангоме ки гургхо бо навбат ба тарафашон мепариданд, бо он навда онхоро бо тамоми кувваташ мезад.Хаминтавр муборизаи байни Оишаву гургхо ду соат давом кард.Ногох аз дур садои мошин омаду гургхо Онхоро ба ахволи худ гузошта рафтанд.Мошин як дара дуртар мегузашт.Оиша бо тамоми кувват фарёд кашида худашро намоён кард.Аз автомобил як марди тахминан 40, 50 солайе бо занаш омада Оишаро бо кудакаш то шахри душанбе оварданд.Оиша дар шахри душанбе бо мадади дустони наваш дар бозор савдогариро сар кард.У дар хамончо бо чавоне шинос шуд, ки як писарча доштаасту хамсараш вафод кардабудааст.Онхо оиладор шуданд.Адолат бошад боз се соли дигар бо он чупон зиндаги карда сохиби ду кудак шуду баъд чудо шуданд, лекин ин тамоман киссаи дигар аст, ки агар Худо рози бошад барои Хонандаи бисёр хам гиромиям дар оянда накл хохам кард.Баъд аз чудо шудан Адолат писарчаашро бо худ мебараду духтарчааш бо падараш мемонад.Баъд аз 10 сол бо амри такдир Адолат барои аёдати духтарчааш ба хонаи собик шавхараш меояду боз манзараи ачоиб ва дахшатборро мебинад.Ъайнад дар хамончойе, ки Хушдоманаш ба дахони тифлак захр мерехту аз поён захри котил рехта чори мешуд, хушдоманаш бо як холати рахмовар хобидааст, ва духтарчайе ба дахонаш ордоб мерезаду аз поён ордоб чори шуда истодааст.Ин духтарак хамон тифлаки Оиша буд, ки Бибичонаш ба дахонаш 9 руз захр рехтабуд.Акнун мувофики гуфти хонагихояшон, кампир чонро бо осони дода наметавонист, 7 мохи дароз хаминхел ба дахонаш атолаву ордоб мерехтанду дар рудахои тунуку фартудаш намепоид ва аз поён рехтан мегирифт
САФФИАЛЛОХ КУРБОН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1