Бемории Солеҳ аз як моҳ зиёд давом кард. Ду ҳафтаи аввал ҳолаш андаке беҳ буд. Табибон бо хоҳиши писараш Далер чанд карат омада муоина карданд, вале сабаби бемориашро аниқ карда натавонистанд. “Шояд зуком шудаанд” гуфта, истеъмоли чанд навъ ҳаббу гирифтани сӯзандоруро тавсия намуданду бо ҳамин баромада рафтанд.
Лек доруҳо вазъи Солеҳро дигар накард. Баръакс рӯзҳои охир ӯ гоҳ бехуду гоҳ бахуд лаб меҷунбонид. Атрофиён гӯш ба даҳонаш ниҳанд ҳам, чӣ гуфтанашро фаҳмида наметавонистанд.
Далер, ки фарзанди ягонаи оила буд, сар ба куҷо заданро намедонист. Тамоми кори аз дасташ омадаро кард, лек ба падар заррае кумак расонида натавонист.
Сари болини қиблагоҳ нишаста, бо чеҳраи пур аз ғам рӯзу рӯзгори гузаштаро ба хотир меовард. Аз он ки дар бисёр мавридҳо аз мӯйсафед пешдастӣ кард, ӯро бо кӯҳнапарастию аз замона қафо мондан айбдор намуд, афсӯс мехӯрд.
Ҳа, бе ҳикмат гузаштагон “Пир не, тадбир не” нагуфтаанд. Мӯйсафед ду пойро ба як мӯза ҷой карда илтиҷо дошт, ки Далер аз зани ҷавонаш ҷудо нашавад. Як писару ду духтарро, ки пирамард онҳоро аз ҷонаш бештар дӯст медошт, зиндаятим накунад.
- Писарам, - мегуфт вай борҳо гаштаю баргашта,- сабрро пеша гиру бо тақдир бозӣ накун. Завҷаат дар баъзе корҳои рӯзгор сусту нотавон бошад ҳам, забони хуш дорад. Ҳамсояҳо, атрофиён эҳтиромаш мекунанд. Нигоҳубини модари беморат ба зиммаи ӯст. “Пешпо занӣ, пешпо хӯрӣ” гуфтаанд. Андаке андеша кун, зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дорад, ба ҳамааш тоқат бояд кард. Шитобкорӣ пушаймониро пеш меорад, ки ислоҳаш имкон надорад. Ақаллан ҳурмати бачаҳоятро кун.
- Шумо намефаҳмед, падар, - ҳар дафъа рӯй турш мекард Далер, - дар нону таомпазӣ ҳунар надоштанаш як тараф, ба чизи хона тамоман дилаш намесӯзад. Сарфакорию эҳтиётро намедонад. Кадом чизеро ба куҷо рост ояд, мепартояду вақти зарурӣ ними хонаро тагурӯ мекунад. Ба худаш аҳамият намедиҳад. Бо ин гуна зан зиндагӣ кардан ба дилам зад.
- Ҳеҷ кас ҳама корро якбора ёд нагирифтааст, - бо мулоимат насиҳат мекард падар,- оҳиста – оҳиста ҳама корро меомӯзад. Модарат ҳам баъди тӯй нон баста наметавонист, шукр имрӯз ҳамсояҳо фатиру кулчаҳои пухтаашро дида ҳавас мекунанд. “Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад” гуфтаанд.
Ҳеҷ як насиҳат, ҳатто нолаву афғони модар ҳам мушкилро осон насохт. Далер завҷаашро аз дар берун кард. Чанд нафар мӯйсафедони маҳалла, намояндагони тарафи арӯс басо ҷон коҳониданд то ин оиларо барқарор кунанд, вале ба мақсад нарасида, дар нимароҳ ночор монданд.
Чунин рафторҳои беандешонаи фарзанд, ки парвои имрӯзу фардои умрро надошт, ба ҷисму ҷони падар зарбаи гарон зад. Ӯ, ки як вақтҳо ҷавони таҳамтан ва миёнақад буду аз уҳдаи ҳама кор мебаромад ва суханаш вазн дошт, имрӯз ночору нотавон гашта буд. Вуҷудашро ғаму андуҳ печонида гирифта, охир ба бистари беморӣ афтонд.
“Аз ноомади кор атола дандон шиканад” гуфтагӣ барин корхонае, ки Далер он ҷо устои истеҳсолот буд, якбора муфлис шуд. Нигоҳубину саробонии ду бемор ба оне, ки дар кисаш маблағи кофӣ надошт, осон набуд. Лозим меомад, ҳамарӯза нону дору, бар замми ин дигар чизҳои зарурии рӯзгорро харид намояд.
Як ҳафта нагузашта, вуҷуди Далерро рӯҳафтодагӣ фаро гирифт. Сар ба куҷо задан, ба кӣ арзи ҳол карданашро намедонист. Ҳамсояҳо, хешовандон ҳам баъди беасос аз завҷааш ҷудо шудану ба суханонашон гӯш надоданаш аз вай рӯ гардонида буданд. Худаш ҳам барои рафтан ба назди онҳо шарм мекард. Байни як моҳ даставвал модар ва баъди чанде падар аз олам гузаштанд. Хайрият ҳамон ҳамсояҳо ва хешовандон будаанд, ки сару бар шуда, маъракаҳоро гузарониданд. Тамоми хароҷоти дафнро ба уҳдаи худ гирифтанд.
Ду ҳафта пас хона тамоман холӣ гашт. Дигар одамон ба ин ҳавлӣ қариб ки намеомаданд. Касе парво надошт, ки Далер чӣ ҳолу чӣ мушкилот дорад.
Дар хислату характери Далер тағйирот ба вуҷуд омад. Вай гӯё одами дигар шуда буд. Дар кӯча орому сархам қадам мезад. Касе чизе пурсад, ҷавоб медоду аз нигоҳ кардан ба рӯйи ҳамсуҳбат шарм медошт. Ҳис кард, ки бепадарию бемодарӣ аҷаб душвор будааст. Онҳо гӯё кӯҳе буданд, ки ҳавлию хонаро нигоҳ медоштанд. Туфайли волидайн хона доимо серодам буд, хайру баракат бо пойи худаш меомад. Акнун чӣ? Бечора Далер ҳатто қуввати сер кардани ишками худро надошт. Болои ин меҳри фарзандон, ки баробари аз кор омадан ба сӯяш “дадаҷон” гуфта медавиданду боиси бартараф шудани хастагияш мегаштанд, Далерро азият медод.
Мехост Содири дӯстрӯяк ва Мадинаю Шабнами гул барин зеборо ба оғӯш гирад, нигоҳубин кунад. Лек сад афсӯс, ки онҳо ҳамроҳи модар рафтанд ва ӯро аз дидори худ маҳрум сохтанд.. Далер шабҳо дар хона танҳои танҳо нишаста, ғарқи андеша мешуд. Ашки талх аз чашмонаш мерехтанд. Афсӯс мехӯрд, ки ба қадри падару модар, ба қадри зиндагии хушу гуворо нарасид. Онҳоро дар дами пирӣ сахт ранҷонд ва гуноҳи сахт содир намуд. Аз неъмати бузург – фарзандон рӯй тофт.Шояд имрӯз ба чунин аҳвол омаданаш ҳосили ҳамон қадамҳои ноҷо, ношукрию носипосиаш бошад.
Ғаму фикри зиёд бетаъсир намонд. Муддате нагузашта Далер харобу лоғар гашт. Ин ҳолашро дида, чанд нафар рафиқонаш ӯро ҳамроҳ ба Русия бурданд. Шояд мактаби мусофирӣ Далерро тарбият кунаду ба қадри одам мерасидагӣ шавад. Боз кӣ медонад?
Б. САИДШОЕВ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев