Муаллиф 👈 Шахлои Начмиддин ✍️
Вакте, ки дар махбас фавтидани Офтобхонро шунидам, лахзае сукут кардаму зери лаб пичирос задам, наход ин кадар чавон....
Ба ед овардам охирин дидорбиниамро бо у. Хамон табассум, хамон нигох, вале чашмони бодомии чаззобаш ким чи хел хаста шуда ба назарам хело хароб шуда буд.
Чи ин кадар афсурда шудаи?
Зиндаги бор шудааст.
-Шавхарат ягон чо кор мекунад ми?
Э аз чунин шавхар доштана бешавхар боши, хубтар аст. Се сол боз пул чамъ мекунем гуен дар Русия бахона карда гаштаасту ба ману наздиконаш хатто занг намезанад.
Хайр сабру токат намонд, меомадагист. Ночор мондаам, худам наздаш меравам.
-Девона шудаи. Аккалан сурогаашро медони?
-Аз кучо? шояд кофта кофта ебамаш. Як чурааш аз он чо баромада буд. Аз хамун зори карда мегирам дия.
-Агар зан гирифта бошад чи?
-Хеч гап не, аз такдирам медонам. Бо чашмони худам бинам, баъд дилам шояд ки хунук шавад.
Бо хамин дигар Офтобхонро надидам. Хаёл кардам, ки ба Русия рафта бо шавхараш зиндаги карда истодааст. Вале ин хабари шум, боз дар махбас ба вукуъ пайвастанаш маро аз худ бехуд карда дар дил азм кардам, ки аз наздикони Офтобхон асли вокеъаро фахмида мегирам.
Офтобхон дар хаёташ ба чойи дуре набаромада аз хамсояи точираш бо фоизаш карз гирифта ба сафари Русия рахсипор гардид. Хусну чамоли табии Офтобхон хар як мардро мафтуни хеш мегардонид. Аллакай дар катора нисбати у гаппаронихо огоз гардида буд. Аммо Офтобхон ба орзухои ширини хеш саргарм на ба сухани касе эътибор медоду на парвое дошт.
Хабибам маро хуш кабул мекарда бошад. Дар тули ин се сол зан гирифта фарзанддор шудагист. Наход у маро ин кадар зуд фаромуш карда бошад? Бовариам намеояд. Се соли расо сархаму хомуш хизмати падару модаратро ба чо овардам. Худи онхоро токаташон ток шуду дуову фотиха доданд, ки ба кофтукоби ту дароям. Хайрият ки нишонии аники туро дарёфтам. Эх бемехру бевафои ман.
Сафараш ба хуби анчом ёфту у шавхарашро сихату саломат дарёфт. Аммо Хабиб аз дидани Офтобхон таъбаш хира гашта хамон лахза Офтобхонро дуг зада гуфт:
-Барои чи омади? Холо хам шавхар накарди чи?
-Агар хамин хел беномусита медонистам, хеч гох наздат намеомадам.
-Хайр, холо вакти гилакуни нест. Ба гузашта салавот гую аз пайи зиндагиат шав. Як шаб туро дар хона мехмон мекунаму пагоха худаш бозгашт ба ватан рав. Зани ман бисер рашкин аст. Туро зани додарам гуфта шинос мекунам. фахмиди? Ин сир дар дилат монад.
Шаб дар хучраи дигар Офтобхонро хеч хоб намебурд. Лаб мегазиду ашки сузонашро пинхон мекард. Рашк тамоми вучудашро фаро гирифта охиста охиста ба аланга табдил ёфтан мегирифт.
Ана номарду мана номард. Пеши чашмони ман бо ин пиразани хирару хоб мекунаду заррае шарм намедорад. Кучо шуд он ишку паймонхо? Замоне бе ман дакикае истода наметавонисти. Вакте хохараму модарам дар садамаи автомобили халок гардиданд, тасаллоям дода гуфти, ки ту бароям хам падари, хам хохар, хам модар...
Имруз бошад чун марди аблахтарин маро чун янгаат муариффи менамои. Ин дакикахо месузаму боз гуё аз сари нав зинда мешавам. Мехохам рафта хардуятонро буги карда кушам. Аммо боз гурури занона, мусофири намегузорад, ки нисбатат озореро раво бинам. Кай ин шаби дардолуд сахар мешуда бошад? Гумонам, ки сахар нашуда мемирам. Бистари поки мухаббатамонро ба чи зане иваз карди? Бароят гуё ман дигар вучуд надорам. Ин кадар калби инсон сард мешудааст. Коил шудам ба берахмиву ноодамии ту. Аккалан ба падару модарат мохе як бор нома навишта исти, ягон чоят кам намешудагист. Тезтар сахар мешуд...
Офтобхон ба ватан баргаштан пас буду шуди гапро ба хусуру хушдоманаш фахмонду бору бугчаашро гирифту тарки хонаи шавхар кард.
Хамсояаш бошад руздармиен ба сараш омада карзи зиедгардидаашро талаб мекард. Офтобхон ки хеч пули зиедати надошт, намедонист,пули хамсояро чи хел баргардонад. Барои пул ба назди як дугонаи пулдораш рафт. Назокат ки аллакай чандин борхо ба Русия бор бурда бор меовард ва гурги борондида шуда буд, Офтобхонро ба доми фиреби хеш кашида ваъда дод, ки агар бо у бор барад дар муддати кутохе сохиби пули калон мегардад.
Хам карзашро медихаду хам хона мехарад. Офтобхон хам аз макру хиллаи Назокат бехабар халтахои пурбор хамрох ба рох баромаданд. Дар Пахтаобод гумрукчиен хангоми азназаргузаронии борхалтаи Офтобхон чизеро шубха карданду уро ба назди худ чег зада гирифта бурданд. Айён гардид, ки Назокат даруни хурмохо 3 киллову 600 грамм моддаи пурмаъсири героинро чо карда ба Русия бурда фурухтани будааст. Вале худи фахмидаги барин мевахоро ба души Офтобхон бор карда буд. Бинобар ин ягон далеле нисбати у наёфта чавобаш доданд. Офтобхонро бошад ба чавобгари кашиданду ба муддати 18 сол ба махкама шинонданд. Офтобхон аз гаму андухи зиед ба бемории зардпарвин мубтало мегардаду бо сабаби аз вакташ гузаштани бемори вафот мекунад.
Назокат бошад боз чавонзани дигареро фиреб карда ба Русия микдори зиеди марги сафедро интикол карданист...
Муаллиф 👈Шахлои Начмиддин✍️✍️✍️✍️✍️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2