Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Дилбар дар оила фарзанди охирин буд.Ду апа ва як бародар дошт.У хурди хона ба шумор мерафту бисёр эркааш карда буданд.
Тамоми нозу нузашро мебардоштанд.Дилбар хануз 3 сола буду як одати бад пайдо карда буд,хар вакт хонаи хешовандон модар уро бубарад,хатман ягон чи аз он хона бе ичозат мегирифту меовард. Модараш э ин кудак аст,гуён ахамият намедод.
Дилбар торафт калонтар мешуду торафт ба гирифтани моли бегона шавк пайдо мекард.Боре дугонааш зодруз фарёд кард уро.
Чашмони Дилбар як кузача фитод,ки дарунаш пури пул буд,охиста аз даруни кузача кисме аз пулхоро дуздиду ба даруни чуробаш пинхон кард.
Рузи дигар бо ин пулхо ба худаш зиёд шоколад харид.Модару падараш бозам ахамият надоданд.Дилбар аввал тарсид ки мабодо дугонааш дарак ёбаду бо падару модар ба хонаи онхо биёяд.Аммо падари дугонааш,ки пулхояшро хисоб нокарда мегузошт,гум шудани пулро хис накард.
Рузхо мегузаштанд,хусну чамоли Дилбар бехамто мешуд.Табиатан чашмони сиёхи олуболу, абрувони пайваста,рухсорахои бе чирм дошт.
Писардорон хама хостгори Дилбар буданд.
Аммо у хохиши ба донишгох дохил шуданро кард.Бо дониши худаш ба Донишгох дохил шуд.Доимо дар дилаш ду кувва бо хам чанг мекарданд, мехост аз сумкаи хамсабаке пул бидуздад,кувваи дигар уро намегузошт.
Бо ду хамсабакаш якчоя дар як утоки се нафараи хобгох зиндаги мекарданд.Дилбар пайти мувофик меёфту аз сумкахои онхо кам кам пул медуздид.Вакте яке аз духтарон пулдуздии уро шубха карда полис фарёд кард,Дилбар худро ба девонаги зада гиряву нола кард,ки пули у хам гум шудааст.
Ба у бовар карданд.Дилбар сахт кушиш мекард,ки дигар аз дугонахояш чизе надуздад.
Ба хонаи апаи калониаш боре мехмони рафту аз пеши ойина зирехи тиллоии апаащро дуздид.Вагврна худ ду зирехи тиллои дошт.
Апааш хамин кадар хонаро тагуру кард,зирехро наефт, фикр кард ки шояд хохаршуяш ки аз шавхар чудо шуда бо онхо зиндаги мекард,дуздида бошад.Аз хохари худаш домангир нашуд.
Хохаршуяшро бе гунох ранчонду зани бечора бо ду кудак аз хонаи бародараш баромада рафт.
Бори дигар Дилбар ба хонаи апаи дуввумаш мехмони рафт.Аз киссаи язнааш пул дуздид.
Язнааш ки пулхоро хисоб накарда дар кисса мегузошт, гум шудани пулхояшро пайхас накард.
Дилбар хар хафта ба дидорбинии падару модараш ба деха меомад.Пеш аз хона баромадан хатман охиста,бе ичозат аз хонаи худашон ягон чи медуздиду ба хобгох меовард.
Дар махфили соли навии пойтахт тасодуфан бо чавоне шинос шуд.Чавон Самандао ном дошту писари яке аз устодони донишгох буд.
Бо як дидан хамдигарро маъкул карданд.
Хатто дар хамон махфили солинави соати тиллоии чавонро дуздид.
Чавон фикр кард,ки банди соат вайрон шуда чое афтидааст ва у надида мондагист.
Дилбар дар танхои ба худ касам мехурд, ки тамом дигар дузди намекунад.Аммо дили одаткарда балои чон гуфтаги барин хар чо мехмон шавад,як чи медуздиду ором мешуд.
Самандар ба хонаи онхо хостгор фиристод.
Падару модари Дилбар зуд розиги доданд.
Рузи туй муайян гардид. Дилбар щаби туй ба худ кавл дод,ки дигар харгиз дузди намекунад.
Аммо дар таги чодари аруси охиста аз чайби момои домод тугунчаи пулашро кашида пинхон кард. Дилаш ором шуд баьди дузди.
Момои домод бечора мудлати як мох пулхояшро мекофту фикр мекард,ки бо аломати пири фаромушхотир шудаву кучо мондани пулхояш ба хотираш нест.
Субхи дуввуми аруси у ангуштарини тиллоии хушдоманашро охиста рабуда пинхон кард.
Баьди соате вичдонаш азоб дод,аммо онро барнагардонд.Охиста охиста аз хонаи хусуру хушдоманаш бисёр чизхо гум мешуданд.Ба хонаи онхо зиед хохари хушдоманаш ки бе фарзанд буд,мехмони меомад.Дилбар барои гунохи худро пушонидан боре ба хушдоманаш гушрас карда гуфт;холачон,хамин холаи Сабохат чанд бор духтархондашро хамрохаш овард,хамон мабодо ангуштарину дигар чизхои ин хонаро надуздида бошад ?
-Э не келинчлн,аммо ин дам аз дил гузаронид,ки шояд духтархонди хохараш ки хеле камбагал аст,даст ба дузди зада бошад.
Дилбар ин холати рухии хушдоманашро эхсос карду дар дил хурсанд шуд,ки уро касе наметавонад ба дузди муттахам созад.
У ашьехои дуздидаашро дар як сандукчаи хурди зархалин нигох медршт,хар вакт бекор монад,рафта онхоро мебароварду бо шавк тамошо мекард ва аз дуздиаш лаззат мебурд.
Хамсараш вактхои охир кам кам хис мекард,ки у одати бади бе ичозат гирифтани чизи дигар одам дорад.Боре онхо ба туйи як чураи Самандар рафтанд.Занаш аз тарабхона тухфахои барои арус овардаи дустонашро охиста дуздида ба мошини шаахараш гузошт.
Самандар ин холатро дида ба суйи у як дод заду бори аввал хакораташ кард.
-Ин чи нагма занак ?Ту чугии ?
Ин дам Дилбар аз шарм суп сурх шуду гуфт :
-Тухфахоро онхо маро хеши арус фикр карда ьа дасти ман доданд.Даррав,дилатонро дур гирифта маро дузд набароред.
Аммо дили Самандар аз рафтори занаш бисёр норохат шуда буд.У дар оилае калон шуда буд,ки касе аз аьзоени хонавода чизи дигар касро бе ичозат хак надошт ,ки хатто даст расонад,гирифтан он тараф истад.
Дилбар хомиладор шуд.Хурсандии хусуру хушдоманаш хадду канор надошт.
Аммо мохи 11 даромаду у хеч таваллуд намекард.Холаташ хеле бад шуда буд.Шавхараш барояш мувофики гуфтаи момояш гушти асп оварда хасиб карда хуронид.Аммо дарди зодан наздик намешуд.
Шабе Дилбар хоб дид, ки мурдаасту уро дар даруни гур дастхояшро бурида ба морхо додаанд.
Дод гуфта бедор шуду ба шавхараш тамоми кисми сиехи зиндагиашро ифшо сохта гуфт;мардак,маро бубахш,ин дастони ман ба дузди аз кудаки одат кардааст,рузе чизе надуздам,мемирам. Маро бубахш...
-Эх занаке,ман ин одати бади туро кайхо хит карда будам.Худоро шукр ,худат икрор шуди.
Як ривоят наклат мекунам,гуш кун бодиккат гуш кун.
Рӯзе дузде дар маҷлиси пурталотум халтаи тангаҳои марди ғофилеро дуздид. Вақте ки ба хона расид, халтаро боз кард ва дид, ки дар болои тангаҳо коғазе аст. Қоғазро кушод ва бар он навишта шуда буд: Худоё, бо баракати ин дуо тангаҳои маро ҳифз намо!
Дузд андаке андеша кард. Сипас халтаи тангаҳои дуздидаро ба соҳибаш баргардонд.
Дӯстони дузд ӯро маломат ва сарзаниш карданд, ки чаро ин ҳама пулро аз даст дод. Дузд гуфт: Соҳиби он пулҳо бовар дошт, ки он дуо сарвати ӯро нигаҳбон аст ва аз тариқи он дуо бар Худо эътиқод намуда аст. Ман дузди бойгарии ӯ будам, на дузди имони ӯ. Агар халтаи ӯро пас намедодам, бовараш бар Худо ва ба дуо суст мешуд. Он гоҳ ман дузди имони ӯ ҳам будам ва ин амал дур аз инсоф аст.
Ман дар намозхоям факат дуо мекунам барот занак.
Мохи 12 хомиладори Дилбар як писари солиму зебо таваллуд кард.
Ба хушдоманаш ангуштарин,дигар чизхои дуздидаашро баргврдонид.
Шавхараш уро ба назди психолог,домулло бурд.Кариб се сол уро равони табобат кард.Охири охирон Дилбар аз ин одати бад даст кашиду иродаашро кави намуд.Хар вакт шаахараш ба соати тиллоии дасташ нигарад,хамсарашро навозишкунон мегуяд:занаки дуздаки ман.
Хуллас,Дилбар тавонист,ки бо иродаи кави аз ин одати бадтарини инсони даст бикашад.
Падарону модарони азиз ба тарбияи фарзанд чидди ахамият дихед.Фаромаш набочд кард,ки тухмдузд шутурдузд мешавад.
Боки, зиндаву солим бошед.
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев