Пул
Эҳҳ пул, пул, пул! Аҷаб қудратҳо дорӣ, аҷаб мӯъҷизаҳо дорӣ!
Агар дар суратҳисобу ҳамёни касе шумораи зиёдат бошад
девона бошад ҳушёр мешавад,
Ҷоҳил бошад оқил мешавад,
Бемор бошад шифо меёбад,
Заиф бошад тавоно мешавад,
Зишт бошад зебо мешавад,
Поингузар бошад бологузар мешавад,
Гумном бошад пайдо мешавад,
Хору залил бошад соҳиби иззату эҳтиром мешавад
Пир бошад барно мешавад,
Мардум доим сухан аз соҳибат мегӯянд, наздат мехезанд, ҷой медиҳанд барояш, гапаш қадру қиммат дорад, мардум соҳиби туро чун маъбуд қариб мепарастанду наздат саҷда мекунанд. Бо оне ҳама зиштиву бадчеҳра ва пиронсол буданат марду зан дӯсташ медорад соҳибатро марди ҷавону бошарафаш мехонанд.Бонувони ҷавону гулрух ошиқу шефтааш мешаванд
Танҳо мурдаро зинда намекунӣ тамом боқӣ бисёр қудрату тавоноӣ дорӣ.
Ҳам сулҳ меандозӣ миёни мардумон ва ҳам ҷанг, ҳам зинда месозӣ ва ҳам мурда, ҳам озод месозӣ ва ҳам бандӣ...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Ҳоле,ки ту дори хар надорад ..
Ҳақ асту рост....
Инсон аз як қоғази ночизе пул сохт амммо ин ночиз чи чизҳое барои инсон наофарида,ки ҳисобаш охир надорад....
Аммо пул одамро беинсофу паст кард...