ЁДЕ АЗ ЧАВОНИ
( кисса)
Борон маида меборид.Аз мачлис баромада ба соат нигаристам.Акрабаки он ба дувоздахуним харакат мекард.
- Вакти хуроки нисфирузи шудаст- ку,- аз дил гузаронидаму ба ошхонаи сари рох даромадам.Духтараки пешхизмат маро дидан замон ба пешам омаду гуфт:
- Ако, мархамат хуш омадед, чо дорем,- инро гуфта маро ба як мизи холи, ки дар кунчи ошхона буд, рохнамои карда гирифта бурд.Сипас фармудахои маро дар дафтари блокноташ навишта, аз паи хурок овардан рафт.Хануз панч дакика нагузашта ба ошхона зани солхурдае бо духтарчаи тахминан хашт ё нухсолае дохил шуд.Онхо мизхои пур аз одамонро дида хаирон- хаирон ба ахли нишаст нигох мекарданд.Ноилоч мизи хурокхурии маро холи дида ба наздам омаданд.
- Инчо холи аст,- зан мизхои дар рубаруям холиро дида пурсид аз ман
- Мархамат шинед хамааш холи, беодам,- фахмондам ба зан
- Кани Анушачон, инчо шин дар бари амакаш,- зан ба духтарчаи хамрохаш омада нигариста гуфт.Ба вачохати зан нигариста ба андеша рафтам.Чехрааш гарм, мисли шинос менамуд, аммо тахмин карда наметавонистам, ки уро дар кучо дида бошам.Зан хам дигар ба мани рубаруяш ахамияте надода машгули хурокхури буд.Духтарча, ки чехраи бегаши кудакона дошт, гох- гохе аз хурокхури даст кашида, ба ман нигох мекард.Чашмони хаиратбораш ба суям духта шуда дар бараш мани ношиносро дида тааччуб мекард, ки ман ки бошам?
- Хур духтарчон, хурокат хунук мешавад,- ба духтарча нигариста таъкид кардам ба у
- Амакат рост мегуяд, кани дарав хурокатро хур,- зан лахзае аз хурокхури даст кашида амр кард ба духтарчаи хамрохаш
- Ин набераи ман бори аввал аст ба ошхона омадааст, барои хамин одамони бисёреро дида хаирон аст,- зан ба ман нигохкунон хандида гуфт.
- Мебахшед апа ман Шуморо ба касе монанд карда истодаам, пурсам, напурсам гуфта хаиронам,- ногахон гуфтам ба хамсухбатам.
- Ваи шиносатон ки будааст?- зан аз пурсиши ман тааччуб карда пурсид аз ман.
- Дар гузаштаи дур як хамкурс доштам номаш Зевар буд, ба хамон монанд кардам,- фахмондам ба ваи
- Исми Шумо?- пурсид зан хаираташ афзуда
- Ман Камол Хисориев- худро муаррифи кардам ба у
- Худоё, ин чи тасодуф, ман хамон Зевар Рустамова хамкурси даврони шуравии Шумо,- зан пас аз фахмидан хурсандона гуфт ба ман.
- Шуморо дидаму тахмин кардам, ки Зевар Рустамова хастед,- ман баъди шинохти хамкурси собикам хурсанд шудам.
- Кариб чил сол гузашт,- а? Дар ин баин мо ду бор вохури ташкил кардем, аммо аз Шумо хатту хабаре надоштем,- гуфтам ба хамкурси собикам.
- Зиндаги Камолчон хамин тавр аст, ташвишу тараддуд ва роху равиши худро дорад,- ба накл сар кард Зеварбону
Пас аз шавхар баромадан як чанд сол кор кардаму хамрохи шавхарам ба Россия рафтам.Шукр оилаи обод дорам.Фарзандхо дар мулки гариби таваллуд шуданду мо мукими ончо шудем.Хар сол ба Ватан омада, аз хешу табор дидан мекунему боз ба Россия меравем.Шавхарам, фарзандхоям чои кори хуб доранд, дар ин баин наберахо ба дунё омаданду мо шукри кисмат мекунем, ки оилаи бузурге дорем,- накл мекард Зевар.
Рузгор хамин заил аст.Инсон дар талоши бехбудии зиндаги доим дар харакат аст.Замоне ки мехондем, Зевар дар донишгох як духтари сохибмаърифат, бо хамаи хамкурсон хушмуомила буд.Дар чор соли тахсил ягон маротиба надида будем, ки аз хондан кафо монда бошад.Донишгохро соли 1983 тамом кардему дигар Зеварро харгиз надидем.
Имруз тасодуфро бинед баъди сию хаштсоли хатми Донишгох хамкурси собикро дида хурсанд шудам.Дар чехраи як вакт нуронии Зеварбону холо гарду губори зиндагиро мебинаму ба умри рафта афсус мехурам.Ачаб аст ин хаёти одами, умр пеш меравад, зиндаги хамоно давом дорад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Гар зиндагист дида ба дидор мерасад.