Санг ва қуми гурдаро мебарорад.
• Усули дигар: 1 қошуқ тухми сабзиро дар як истакон оби ҷӯшида андохта 12 соат нигоҳ дореду пас полед. 5-6 маротиба дар як рӯз пеш аз хӯрок ним истаконӣ бинӯшед. Санги гурдаро меронад ва қабати рӯдахоро шифо мебахшад.
• Як қошуқча барг ва як қошуқча решаи майда резакардаи ҷаъфариро дар як истакон оби ҷӯшида дам кунед ва 2-3 соат гарм печонед, сипас пеш аз хӯрок, оҳиста-оҳиста бинӯшед.
Ин нӯшокиро ҳамеша истифода баред. Зимистон метавонед аз ҷаъфарии хушк истифода намоед. Гурдаро ҳамеша тоза менамояд.
• Решаи майдакардаи хучро дар 1 истакон об, 15-20 дақиқа, дар оташи паст чӯшонед, сипас печонида 2-3 соат гузоред. Баъди хунук шудан полед. Аз ин нӯшоба дар як рӯз 4 маротиба ним истаконӣ нӯшед.
Ин табобатро 10 рӯз идома диҳед ва агар санг наафтид 5 рӯз танаффус карда, боз 10 рӯз бинӯшед. Ин нӯшоба ҳар гуна сангро майда карда, мебарорад. Новобаста ба он ки он дар гурда ҷойгир аст ё талхаю ҷигар ва пешобдон.
• Як дона лимӯро дар ним истакон оби ҷӯшида ҷафида бинӯшед. Инчунин, шарбати сабзӣ, лаблабу, бодирингро низ 3-4 маротиба дар як рӯз бинӯшед. Бо ин усул шумо санги гурдаро дар давоми якчанд ҳафта аз гурда бароварда метавонед.
• Шарбати дарахти тӯс (берёза) низ барои санги гурда дармонбахш аст. Баҳорон бо мақсади пешгирии ин беморӣ, агар имконият дошта бошед, албатта дар дили наҳор рӯзе 3 -маротиба, 20 дақиқа пеш аз хӯрок, як истаконӣ оби берёза нӯшед. Ин об ё шарбате, ки аз бадани дарахт гирифта мешавад, барои санг ва куми гурдаро аз пешобдон баровардан кӯмаки хуб мерасонад.
• Уродан. Ин даворо дар дорухона пайдо намудан мумкин аст. 1 қошуқчаи онро дар ним истакон оби ҷӯшида омехта, 3-4 маротиба, пеш аз хӯрок нӯшидан лозим аст. Табибон дар Холатҳои дарди гурда, дарди пешобдон, шамолхӯрии гурда (полиатрит) олонилартрит таъин менамоянд.
• Пеш аз моҳи нав баромадан як сирпиёзи начандон калонро аз пӯсташ тоза намоед ва дар як литр арақи сафед андозед ва 9 рӯз дар ҷойи офтобрас гузоред. Баъди баромадани моқи нав 3 қошуқӣ аз он дар як рӯз як марбтиба, шиками гурусна бинӯшед. Пеш аз нӯшидан ҳатмӣ ҷуибонед. Ин тавсия барои он дода мешавад, ки одатан дарди гурда дар баромадани моҳи нав ҳамеша авҷ мегирад. Дар вақти пешоб кардан то охир пешоб накунед, каме нигоҳ доред то ки санг ба девораи пешобдон нарасад. Ин усул низ сангро хурд карда мебарорадва ба дарди он таскин мебахшад.
• Нӯшобаи хуч низ барои тоза намудани қуми гурда кӯмак мекунад. Як пиёла меваи хушки онро метавонед дар термоси яклитра чой дам карда, баъди 5-6 соат бинӯшед.
• Нӯшобаи гиёҳи хори марғелон барои берун намудани санги гурда кӯмак менамояд. Як буттаи хушк ё тару тозаи онро шуста дар 3 литр об 15-20 дақиқа ҷӯшонед ва то охири рӯз гармогарм бинӯшед. Санги ҳаҷмаш хурдро дар давоми 3 рӯз аз гурда берун месозад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев