Вакте, ки зан сохиби духтар мегардад, хурсанд мешавад, ки як ёрдамчие барои худ таввалуд кардааст. Он замон гумон дорад, ки модару духтар оянда мисли хохар мешаванд. Аммо на хама вакт муносибати духтару модар чунин аст. Чаро? Бисёр вактхо духтарбача кушиш мекунад, ки дар хама холат ба модараш монанд бошад. Аммо бо калон шудану ба воя расидан духтар ба дугонахояш таклид карда тагйир меёбад. Аз назорату сахтгирии модар ранчида охиста-охиста аз у дур мегардад, бегона мешавад. Дар давраи ба балогат расидан бисёре аз духтарбачахо дигар шуда ба гапи модар гуш намекунанд. Чи хеле ки хохад, либос мепушад, бо касе хохад дусти мекунад, бегохихо аз дарс ба хона дер бармегардад. Дар чунин холати гузариши духтархо ,баъзе модарон ба чойи гапи хубу аз рохи бад гардонидан ба сари духтар даст мебардоранд, дод мезананд ва тахдид мекунанд, ки бурда ба интернати душвортарбияхо месупоранд. Онгах муносибати модару духтар сахт вайрон мешавад. Ба якдигар мисли душман мешаванд. Дар дили духтари наврас нисбати модар як бадбини пайдо мегардад. Баркасдона бар зидди модар рафторашро давом додан мегирад. Ин гуна модарон ба чойи тарбияи хуб назди дигарон айбхои духтарашонро гуфта дода уро шарм медоронанд. Хатто баъди ба шавхар додан хам ин гуна модарон ба зиндагии навхонадорон халал мерасонанд. Хар дам ба духтараш занг зада фармон медиханд, ки кори хушдоманро зиёд ба чо наоранд, шавхарашро аз хад зиёд эрка накунад. Окибат оилаи солими духтарашро ба чудои мебарад. Масалан , сокини махаллаи Обшорон, Лола К. накл кард, ки сабаби хонавайрониаш модараш мебошад. Чунки аз хурди дар хонаводаи онхо модарашон сарвар буду гапи падараш кадре надошт. Баъди ба шавхар баромаданаш модар хар хафта ба хонаи у омада бо шавхари духтараш чанг мекардааст, ки чаро духтари эркаи у чойхоби ифлоси модари шавхарашро тоза мекардааст. Дар натича шавхараш аз чунин дахолати хушдоманаш безор шуда уро бароварда аз хона пеш кардааст ва гуфтааст, ки рав пеши очачонат. Аммо акнун баъди чудо шуда ба хона омаданаш модар уро таъна карда мегуяд, ки айби худаш аст.
Вакте ки духтар дар ављи ба балогат расидан аст, дунёи худро пайдо мекунад. Модар бояд дар чунин лахзахо эхтиёткор бошад. Бо у мисли дугонаву хохар машварат кунад. Аз даричаи дили у назар кунад. Дар чунин лахзахо барои духтар дастгириву хамдигарфахмии модар бисёр хам мухим аст. Рухшинос Назокат Орипова дар ин холатхо маслихат медихад, ки «модар бояд пеш аз хама духтари худро эхтиром кунад, агар ягон гапе дошта бошад хамчун эхтиром ва хохиш ба у фахмонад, на хамчун фармон. Уро бо худ гузоред. Бо аклаш кор карда ба кучо кадам заданашро фикр кунад. Баъзе вактхо дар хакикат духтархо ба модар итоат накарда ба корхои бад дода мешаванд. Аммо бо гузашти вакт онхо вакте ки модар шуданд, онгах ба кадри модари худ мерасанд. Аз рафтори бади гузаштаашон пушаймон мешаванд. Модари худатонро ба ёд биёред. Барои хамин кушиш кунед, ки бо духтаратон аз тахти дил сухбат карда аз розхои у бохабар гардед. Маслихаташ дихед.Масалан, Н.Л. аз пойтахт накл кард, ки «дар вакташ ба гапи модари мехрубонам гуш накарда то бегохихо, хатто шабона бо дугонахои сабукфикрам ба дискотека рафта то субх ракс мекардам. Ба арзишхои инсони сарфахм намерафтам. Аммо имруз ки худ модарам . он рузхоро ба ёд оварда дар оташи вичдонам месузам» Модар бояд дар холати хатто ба хатоие рох додани духтараш уро мазамат накарда ба наздаш шинонда аввал сабаби ин ин штибохашро пурсон шавад. Сипас барои иштибохаш чизе нагуфта бо бовари гуяд, ки умед дорад духтараш аз ин пас кадамашро дониста мегузорад. Онгах ин духтар хеч гох ба иштибох рох нахоњад дод. Танхо бо чунин муомилаву муносибат модар метавонад ба дили духтари якраваш рох ёбад. Вагарна духтар аз роњ баромада рузе аз хона фирор хохад кард. Модар хама вакт мехрубон аст. Модарони азиз, фарзанд азиз аст, аммо одоби у аз он хам азизтар аст. Аз ин ру ба тарбияи фарзандатон хох он духтар бошад ва ё писар диккати махсус дихед. Дар давраи гузариши ба балогат расидани махсусан духтарбачахо бепарво набошед. Хеч гох ичозат надихед, ки ба чисми нозукашон татуву пирсинг карда нимурён либсо пушанд. Кушиш кунед, ки бо духтаратон мисли дусту хохари мехрубон бошед!
Шахлои Начмиддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Модарша бубин. Духтарша бигир