Лилия писарашро танҳо ба воя мерасонд. Ӯ баробари ба дунё омадани писараш аз шавҳари беҳудагард ҷудо шуд. Дар тарбияи фарзанд ба вай падари мӯйсафедаш ёрӣ медод.
Зан тасаввур ҳам намекард, ки баъди талоқ гирифтан аз шавҳар аз бепулӣ сахт танқисӣ мекашад.
-Ин тавр зиндагиро давом дода намешавад. Ман бо Алёшаҷон дар хона мешинам. Ту ба кор даро. Осуда бош, аз ӯҳдаи нигоҳубинаш мебароям,-
гуфт, падараш.
Ҳамин тавр Лилия ба кор баромаду писараш бештари вақт бо бобояш дар хона буд.
Баъзан Лилия ҳатто рашкаш меомад, ки Алёша аз вай дида, бештар ба бобояш дилбастагӣ дорад.
Саҳаргоҳе Лилия озимӣ кор шуд. Писараш дами дар хурсандона ба вай хабар дод, ки бо бобояш барои чидани занбуруғ ба ҷангал мераванд.
Лилия ба падараш нигарист:
-Рост? Ин дафъа ба куҷо меравед?
– Ба ҷангали Находкинск, мегӯянд занбуруғ бисёр аст.
Падари Лилия занбуруғчин ва моҳидори касбист. Ӯ аз бачагӣ ба ин шуғлҳо завқу шавқи зиёде дорад. Ба наберааш ҳам медонистагиҳояшро дар ин самт меомӯхт.
Лилия зидият нишон надода, фақат гуфт:
– Бошад. Фақат барвақт баргардед, хуб?
– Хуб, хуб! Мо кай дер карда будем. Ду сатил мечинему бар мегардем, ҳамин тавр не, Лёшаҷон?
То истгоҳи охирин онҳо ба автобус рафта, сипас пиёда ба тарафи ҷангал роҳ пеш гирифтанд.
Ҷангали Находкинск баробари тамомшавии шаҳр оғоз мешуд. Ҳатто бсрои Алёшаи ҳафсола ҳам рафтан ба онҷо душвор набуд.
Бобову набера то ҷангал нарасида буданд, ки мошине дар канорашон қарор гирифт.
– Салом, Степанович, куҷо равонаед, замбуруғчинӣ-мӣ?
Мӯйсафед ронанда-Анатоли, шиноси деринаашро шинохта, табассум кард:
–Бале! Шунидам, ки занбуруғи грузд* аллакай бисёр баромадааст.
– Дар Находкинск грузд аз куҷо? Ҳамаашро кайҳо чидаанд. Дуртар рафтан лозим. Дар ҷангали Турхановск замбуруғ пур. Ман ба ҳамон тараф меравам, шинед барам.
Анатоли бобову набераро дар наздикии Турхановск аз мошин фаровард. Маслиҳат карданд, ки замбуруғчинон аз ин тараф бо ягон мошини роҳ бар мегарданд. Вале агар мошин пайдо накунанд, ба Анатоли занг хоҳанд зад.
Лёша, хурсанду шод бо бобояш суҳбаткунон роҳ мерафтанд. Барои писарак бо бобояш мавриди ҳама чиз суҳбат кардан гуворо буд. Бобо низ бо як ҳавсала ба тамоми саволҳои беохири наберааш ҷавоб медод.
Дар ин ҷангал занбуруғ дар ҳақиқат хело зиёд буд. Бобову набера занбуруғчинон то рафт дарунтари ҷангал мерафтанд, ки нохост бобо мувозинаташро гум карда, беҳушона ба замин афтод.
Алёша аввал натарсид. Вай назди бобояш нишаста пурсид:
–Бобоҷон, пешпо хурдӣ?
Бобо ҷавоб надоду наҷунбид.
Он гоҳ дар дили писарак тарс ҷой шуд. Ӯ бо як азобе бобояшро ба паҳлӯ гардонду "Бобоҷон, бобоҷон"-гӯён такон дод. Вале бобояш ҳамоно хомӯш буд...
...Лилия бегоҳ аз кор ба хона омада, занбуруғчинҳоро пайдо накард. Ӯ дарҳол ба телефони дастии падар занг зад, аммо телефон дар хати алоқа қарор надошт.
"Чӣ гап шуда бошад? Наход то ҳол аз ҷангал набаромадаанд?"- фикр кард зану хавотир шуд.
Соате пас хавотирии вай ба ташвиш табдил ёфт. Баъди ду соати дигар Лилия дар мавриди аз ҷангал барнагаштани падару писар ба пулис занг зад.
Баъди ним соати дигар ҳама ба по хестанд. Пулисҳо, волонтиёрҳо, ҳамсояҳо, ҳама ба ҷустуҷӯйи замбуруғчинҳо баромаданд. Онҳо чароғҳо дар даст тамоми гӯшаву канори ҷангали Находкинскро кофтуков карданд, вале бефоида...
...Алёша ба бобои беҳаракаташ нигариста, аввал гиря кард. Баъд худашро ба даст гирифту худ ба худ гуфт:
– Ором шав, ҷӯраҷон! Бобо ба ту чӣ омӯзонд? Бояд дар ҳолатҳои душвору ногувор худатро ба даст гирӣ.
–Дили боборо гӯш кардан лозим, ки он метапад ё, не,- боз худбахуд гуфт Лёша.
"Мабодо нафас накашад"-ин андеша Дили писаракро бештар ба таҳлуқа андохт.
Ӯ гӯшашро ба сари синаи чӯкидаи бобояш гузошт. Хайрият, дили бобо ҳарчанд суст бошад ҳам, метапид.
–Оҳ-ҳ! Бобоҷонам зинда аст, зинда!,-хурсанд шуд, набера. Бояд интизор шавам, то ба худ биёяд.
Лёша хост ба модараш занг занад, вале бо сабаби маҳдудияти алоқа имкони занг задан набуд.
Шом торафт тирафом мешуд.
Алёша ҳамаи он чизеро, ки бобояш дар мавриди чӣ тавр зинда мондан дар ҷангал нақл мекард, ба ёд оварда, ба он амал кардан мехост. Ӯ аз борхалта гӯгирдро берун оварда, шохсаҳои хушкро ҷамъ карду оташ даргиронд. Барои хомӯш нагаштани он ҳезуми зиёд ҷамъ овард.
Баъд аз шохаҳои дарахти санавбар барои бобояш ҷойхоб тайёр кард.
–Осуда бош, бобоҷон. Ман намегузорам, ки хунук хурӣ!
Шаби ҷангал барои Алёша
даҳшатангез буд. Овозҳои аз ҳар тараф меомада ба баданаш рашъа медамонд. Аммо ҳузури бобои мадҳуш ба писарак нерӯву қувват мебахшид. Писарак ба оташ ҳезум мепартофту худро ба бадани бобо ҷафстар мекард.
"Ба бобоям кам-кам об додан лозим, бе об аҳволаш бадтар мешавад" - фикр дошт писарак. Аз инрӯ ӯ аз обгина ба даҳони нимбози бобо дар ҳар як даҳ дақиқа об мечаконд...
...Кофтукови гумшудагон дар ҷангали Находкинск аллакай сешабонарӯз давом дошт. Ҷангал борҳо тагорӯ карда шуд, аммо аз онҳо нишоне пайдо накарданд. Писараку муйсафедро гӯё замин фурӯ бурда буд.
Лилия, тамоми се рӯз мижа таҳ накард. Ӯ ҳамроҳи волонтиёрҳо падару писарашро ҷустуҷӯ карда, зорӣ дошт, то ҷустуҷӯйро давом диҳанд.
Дар рӯзи чорум ҳама ба ҷӯз Лилия умеди зинда пайдо кардани гумшудагонро аз даст доданд Вале касе наметавонист, ки дар ин маврид ба Лилия сухан кунад.
Ниҳоят нафари боҷуръаттаре назди вай омаду гуфт:
– Медонед, мувофиқи нишондод баъд аз се рӯз дар шароити ҷангал зинда пайдо кардани гумшудагон шонси кам дорад. Худо накунаду дар ботлоқи канори ҷангал...
– Не! Хомӯш шав! -дод зад Лилия. - Падарам ин ҷойҳоро хело хуб медонад. Ӯ ҳеҷгоҳ Лёшаро ба ботлоқ намебарад. Онҳо зиндаанд, ман ҳис мекунам! Кофтуковро давом медиҳем.
Дар рӯзи панҷум Лилия хаставу беҳол аз ҷангал берун шуд. Мошини шиноси падараш Анатоли дар наздаш қарор гирифт.
– Лилия, ин туйи? Чӣ гап шудааст?-пурсид вай ба одамони зиёди ҳамроҳи Лилия нигариста.
Баъде, ки қазияро ба Анатоли гуфтанд, рангу рӯяш канд:
– Ҳа-а! Дуппа дуруст, панҷ рӯз пеш ман онҳоро ба ҷангали Турхановск бурда будам.
Кофтуковкунандагон савори мошин тарафи Турхановск роҳ пеш гирифтанд. Ду соат пас онҳо дар гирди ҳезумҳои сӯхта, аз таги шохаҳои санавбар бобову набераро пайдо карданд.
Донишҷӯи волонтиёр, ки аввалин шуда, онҳоро дида буд, нидо кард:
– Алёша!
Писарак беҳолона чашмонашро кушод.
– Моро бисёр ҷустуҷӯ кардед? Бобоям чанд бор ба ҳуш омад. Ба вай обу нон додам. Ӯ зинда аст, фақат беҳуш аст,-бо овози пасти нимшунаво гуфт Лёша.
Вақте ки боборо ба мошини "Ёрии таъҷилӣ"-бор мекарданд, писараки қаҳрамон ба гӯши вай гуфт:
– Бобоҷон, ту азми мурдан накун! Ту барои ман лозимӣ! Ман бояд аз ту бисёр чизҳоро омӯзам...
Ба Алёша ҳама бо муҳаббат менигаристанд. Корнамоии ин писараки ҳафтсола; наҷот додани худашу бобояш аз марги ногузир дили ҳамаро ба ваҷд оварда буд. Лилия писари гумшудаи пайдонамудаашро ба худаш ҷафстар карда, беист ашки шодӣ мерехт. Ӯ аз писараки қаҳрамонаш дар дил ифтихор дошт.
*грузд-навъе занбуруғ
Манбаъ: Интернет
(Аз русӣ, тарҷумаи Наргиси Муродалӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев