Ёде аз кӯдакӣ. Арафаи соли нав буду, дар ҳамаи мағозаҳо бозичаҳои солинавӣ мефурӯхтанд.Бо дугонаҳоям ҳангоми аз мактаб баргаштанамон ба мағоза даромада, бозичаҳоро бо ҳавас тамошо мекардем.Пуле,ки бибиам барои харидани кулча ё самбӯсае медод,бозичаи солинавие мехаридам.Рӯзе аз мактаб омадам,ки бибиву бобоям дар назди сандалӣ нишаста чой менӯшиданд.Либосҳоямро иваз намуда омадаму ба назди бибиам нишаста-Бибиҷон барои чӣ мо арча надорем?Ҳамаи дугонаҳоям аллакай арчаҳояшонро оро додаанд-гуфтам оҳиста.Рӯзи дигар вақте,ки аз мактаб омадам бобоям ба ман -Хӯрокатро хӯр ба якҷо меравем -гуфт. Мастобаи бибиҷонам пухтаро саросемавор хӯрдаму аз дар баромадам.Бобоям калон-калон қадам гузошта мерафту ман аз қафояш мекӯшидам,ки ақиб намонам.Мо ба назди мағозае расидем,ки дар беруни он арчаҳои зиндаро мефурӯхтанд.Аз он арчаҳо бӯи аҷоибе меомад.Бобоям-Канӣ набераи ширин кадомашро мегирем-гӯён аз ман пурсид.Аз хурсандӣ намедонистам чӣ гӯям.Арчаҳо на он қадар бисёр буданд.Бобоям аз қабати онҳо арчаи калонеро гирифту аз ман -Мешавад?-гӯён пурсид.-Ҳаа -гуфтам хурсандона.Аз дарвоза даромадаму бо тамоми овозам-Бибиҷон мо арча харидем,акнун мо низ арча дорем -гуфтам шодона. Бобоям арчаро ба чӯбҳо устувор намуда ба кунҷи хона гузошт.Вақте,ки ӯ аз хона баромад,ман аз ҷузвдонам панҷ шаш дона бозичаҳоро гирифта арчаро оро дода бибиву бобоямро хурсанд карданӣ шудам.Гарчанде бозичаҳояш кам бошанд ҳам,арчаи ман ба назарам хеле зебо менамуд.Бибиам ба хона даромаду арчаи оростаро дида-Бозичаҳоро аз куҷо гирифтӣ-гӯён пурсид.-Бибиҷон пулҳои додаатонро ҷамъ намуда харидам -гуфтам.-Эҳ бачаякаме ман он пулҳоро барои он медодам,ки ягон чиз харида хӯрӣ то гурусна нагардӣ-гуфт.-Не бибиҷон гурусна нагаштаам себу ноки додаатонро хӯрам шикамам сер мешуд-гуфтам.Ногоҳ бобоям қуттие дар даст аз дар даромад.-Бозичаҳоро хариданро фаромӯш кардаемку,хайрият бибиат ба хотирам овард-гуфту қуттиро ба сӯям дароз намуд. Қутти пур аз бозичаҳои солинавӣ буд.Аз шодӣ намедонистам чӣ гӯям, он рӯз аз ман хушбахттарин духтарчае набуд дар дунё.Аз хурсандӣ ҳатто миннатдорӣ баён карданро фаромӯш кардаам.Барои арчаи солинавию бозичаҳои он,ки на дар ҳамаи хонадони деҳаамон буданд,барои хурсандии онрӯза,барои амалӣ гардониданӣ орзуҳоям,барои рӯзҳои хушам,ки бо шумоён гузаштааст як умр аз шумоён миннатдорам бобоҷону бибиҷони меҳрубонам.Кӯдакии худро бе шумоён тасаввур карда наметавонам.Хазорон бор шукр мегӯям,ки ман бо шумоён будаму шумоён бо ман.Ба қадри наздиконамон онгаҳ мерасем,ки онҳо аллакай ин дунёро падруд гуфтаанд вале сад афсӯс ,ки вақтро ба қафо гардонида намешудаасту пушаймонӣ суде надорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2