🍇 Нони мардикор мезанад
..."""...
Ҷамшеду Ориф ,яке дар Ватану дигаре дар Сибир,яке бойбачаю дуввумӣ мардикори камбағал ба воситаи телфон сӯҳбати рӯ ба рӯ доштанд.
Ҷамшед,ки рӯбаҳбози гузаро буд,дар фанду ҳилла устухон надошт,бо чи каромотҳо чарбзабонӣ мекарду шарм надошт.
- О инқадар вақт кучо будӣ,ақаллан барои носу арақу нӯшбод камтаракӣ гуселонда меистодам.
Э дилкалон ту!
Ман рости гап ҳоло ҳисоб накардаам.
Ду сад ҳазор бошад,ҳамон дия,пул мешавад,хавотир нашав,мефиристонам.
Анборҳоро таъмир дорем,отаму очам ҳаҷ рафтанд,савдои ошхонаю мағозаҳо хуб,хулоса ҳама аъло..
Ту чи ҳол дорӣ?
Камнамо шудӣ? Ду сол гузашту даракат нест,суроғ ҳам намекунӣ..
Ориф табиати ҳамсӯҳбаташро медонист,бино бар он гапро ғоз накард.Аз даҳмарда шудан,таги тарма мондан,моҳҳо фалаҷ хобидан,бо машаққате умри дубора ёфтанашро нагуфт.Ва нагуфт,ки дар як ҳавличаи ду ҳуҷрагӣ ӯву оилааш,оилаи бародараш зиндагӣ доранд.Чи зиндагие,ношукрӣ нашавад,фақат аз хок беруну халос.Ӯ ҳанӯз тавони нонёбӣ надорад,сиҳат нашудааст.Бечора бародараш тани танҳо медаваду қутте меорад,ба он қаноат мекунанд.
Ҷамшед самбӯсаро калон-калон газида,ба тавсифи худ овора буд.
Ориф ҳама шиносҳоро пурсид,паём расон гуфту чун фаҳмид табъи Ҷамшед хуш аст,дунё ба умед гуфта,илтиҷоомез сухан кард:
- Барои мо чи кадаре тавонӣ,имкон дошта бошӣ, маблағе роҳӣ кун.
Дар хона орду равған не, аловборӣ не,зимистон акнун сар шудааст,танам нотоб,кӯдакҳо гушна.
Ман намегӯям фалон пул..
- Таъмиргоҳи нақлиёт сохтем,пули мӯл сарф шуд,каме тоқат кун ҷӯра,ман яклухт қарзатро бармегардонам..
Пеши чашми Ҷамшедро тури тунуки ашк пӯшонд,қатраҳо поин - руи чеҳраи заҳираш шориданд.Дилаш бад шуд.Аммо ҳамсӯҳбаташ намедид,ҳис намекард,ба гӯшаи хаёл ҳам намеовард,ки ӯ ду сол боз ҳаққи ҳалоли ҷавони дастнигареро надодааст.Ӯро ним сол кор фармуда,шояд худаш дар арафаи анҷоми кор ба миласа супурдаю ба Ватанаш " интиқол" кардааст.
Худо доност,медонад.Одамакон ба хотири пулу чиз чи зиштиҳое мекунанд..
- Хайр,ман мунтазир мешавам,худро ба даст гирифта , бо садои ларзон гуфт Ориф.
- Пул,ки шуд,ҳамагӣ мегуселонам,- лоф зад Ҷамшед.
Аммо ӯ андеша надошт,ки тамоми гирудори ҳаёт тарозу дорад.Қонуне ҳаст,ки номи он ҳисоб буда,як рӯз не як рӯз баробар мешавад.
Худо занад,намегӯяд,ана ин мушт барои фалон касифӣ..ё мана кӯр шудӣ,ҳаққи ҳалоли мардум,нони камбағал туро зад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Моли мардум дар қиёмат мору каждум мешавад.
Гулигир кунад дар рузи киëмат