Ҳикояи воқеӣ
Айёми бачагӣ вай орому ботамкин буд. Бо ҳамсинфон агар зарурате пеш наояд, ҳарф намезад. Азбаски зеҳни хуб дошт, омӯзгорон ба ӯ таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва ҳар замон таърифаш мекарданд, ки соҳиби истеъдоди фитрӣ мебошад ва оянда мутахассиси хуб шуданаш мумкин аст. Чанде аз ҳамсинфон ба ҳурмати дониши хубаш мехостанд, бо вай дӯсти наздик гарданду дар ҳалли бисёр масъалаҳо аз кумакаш баҳраманд шаванд. Аз ин рӯ дар гирдаш парвонавор равуо мекарданд.
Лек ин натиҷае намедод, дар ҷисму ҷони Маҳмуд ҳисси ғуруру бовар пайдо гашта буду вай худро аз дигарон доимо боло мегирифт. Дарк мекард, ки аксари ҳамсинфон чун вай маҳорати дар хотир нигоҳ доштани гуфтаҳои омӯзгоронро надоранд. Аз ин рӯ, ба саволҳои додаи онҳо бо дили нохоҳам ва бепарвоёна ҷавоб медод, ба рӯйи ҳамсолон ҳам дар мактабу ҳам дар маҳалла бо тамасхур назар мекард. Насиҳати падару модар, эродҳои устодону калонсолон, ки тағйироти манфиро дар вуҷуди вай ҳис карда буданду мехостанд ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидояташ кунанд, аз ин гӯшаш медаромаду аз дигараш мебаромад.
Алалхусус, баъди он ки ҳамсинфон ба омӯзиши дарси информатика шурӯъ карданд, ҳисси ғурури Маҳмуд боз ҳам болотар гардид. Вай ҳар як машғулияти ин фанни барояш аҷибро бо осонӣ аз бар мекард, муддати зиёде нагузашта бо компютер мустақилона кор мекардагӣ ҳам шуд. Дар ҳуруфчинӣ, кор бо барномаҳои мухталиф маҳорати хоса пайдо кард. Лаҳзаҳое мешуданд, ки ҳатто омӯзгорон бобати ҳалли ин ё он муаммои иттилоотӣ аз ӯ маслиҳат мепурсиданду ин боиси худситоии нав ба нави Маҳмуд мегардид.
Бо мурури вақт ҳамсинфон дигар ба вай таваҷҷуҳ зоҳир намекардагӣ шуданд. Онҳо дарк карда буданд, ки бо вай дӯстӣ кардан фоидае надорад ва ин гуна ришта баста шавад ҳам, ба зудӣ фано мегардад, зеро фикру ақидаи Маҳмуд ҳар соату ҳар лаҳза дигар шуда меистод. Ба вай бовар кардан ғайриимкон буд, ҳама медонистанд, ки гапи шунидаашро дарҳол дар тамоми ҷо овоза мекунад.
“Касе ки айби дигарон пеши ту омаду гуфт, дон, ки айби ту пеши дигарон хоҳад бурд” гуфтани гузаштагон бе ҳикмат набудааст. Бар замми худситоӣ ва ғурур дар вуҷуди Маҳмуд боз чанд хислати бади дигар – айбу эродмонӣ ба гуфтор, рафтор ва муомилаи дигарон, шубҳа кардан аз ҳар як амали онҳо арзи ҳастӣ намуд. Чунин мепиндошт, ки дар ҷамъият ғайри ӯ ва чанд нафари шиносаш дигар инсонҳои поквиҷдону ҳалолкор вуҷуд надоранд. Ҳама дурӯғ мегӯянду ҳамеша ба фиреби якдигар машғуланд, аз ҳар як амал манфиат меҷӯянд ва ҳоказо.
Баъди хатми мактаб ҳамсинфон бо амри тақдир ба чор тараф пароканда гаштанд. Маҳмуд бошад, таҳсилро дар курси махсус идома дод ва бобати кор бо техникаи иттилоотӣ, таъмиру тармим, барномасозӣ дар ҳақиқат устод гашт. Ҳалли мушкилтарин муаммоҳои пешомадаи компютерӣ барояш душворие надошт. Аз ин рӯ, корафтодагон зуд-зуд ба вай муроҷиат мекарданду ба рӯяш майдони фарохи фаъолият боз гардид. Лек ҳамоно ҳисси ғуруру худситоӣ, ба даст овардани даромади бештар ӯро ором намегузошт. Мехост ба вай ҳаргиз эрод нагиранд, маслиҳат ҳам надиҳанд, ҳар чӣ гӯяд, рад накунанд.
Овозаи Рустам беҳ аз худи Рустам гуфтагӣ барин маҳорат доштану кордонии Маҳмуд ба чор тараф овоза шуд. Тӯли чанд соли охир ӯро бо даъват ба ташкилотҳои гуногун ба кор таклиф намуданд. Музди меҳнати хуб ҳам ваъда карданд. Мутаассифона, дар ягон ҷо вай дер намепоид. Аввалан, нисбат баи рафиқони ҳамкор, хосатан, роҳбарону ҳисобдонҳо дар вуҷудаш ҳисси нобоварӣ пайдо мегашту ба онҳо бо камоли ғурур ҳарф мезадагӣ мешуд, сониян, ҳақиқати одиро фаҳмидан нахоста, ғам мехӯрд, ки чаро вай нисбат ба роҳбарон музди камтар мегирад. Аз ин рӯ, дар вуҷудаш ҳисси қасос пайваста ҷӯш мезад. Барқасд ба кор дер меомад ва ё баъзе рӯзҳо тамоман намеомад. Бар болои ин бо баҳонаи зарур шуд, шароитам ниҳоят вазнин пай дар пай аз хазинаи корхона қарз мегирифту онро баргардонидан намехост, қотеона талаб мекард, ки музди меҳнаташ баланд бардошта шавад, вагарна аз кор меравад. Бо имкон доштан ё надоштани корхона парвое намекард. Баъзан дидаю дониста, музди меҳнати дигаронро аз они худ карданӣ мешуд. Маълум, ки бо рафтору хислати Маҳмуд пурсабртарин роҳбарон ҳам муросо карда наметавонистанд ва бо аввалин дархосташ ӯро аз кор ҷавоб медоданд.
Ба қарибӣ дар маҳалла овозаи аҷибе пайдо шуд. Маҳмуд аз корхонае, ки моҳҳои охир фаъолият дошт, асбоби қиматбаҳоеро барои истифодаи муваққатӣ гирифта, баргардонидан нахостааст. Ҳатто ба рӯйи нафаре, ки ба вай он асбобро додааст, дод задаю қасами бардурӯғ хӯрда гуфтааст, ки шояд онро ба дигар кас дода бошад ва ё худаш гирифтаасту ба вай туҳмат мезанад. Шоҳидии ҳамкорону ҳамсояҳо низ натиҷае ба бор наовардааст. Доимо ғуруру худситоӣ гиребонгири Маҳмуд будаасту фикр доштааст, ки бо муттаҳамию қасамхӯрии бардурӯғ метавонад, худро ҳақ барорад ва ба чашми дигарон хок пошида, моли муфтро аз они худ кунад.
Лек Маҳмуд фаромӯш карда буд, ки имкони офтобро бо доман пӯшидан нест. Умри дурӯғ кӯтоҳ асту ба зудӣ ҳақиқат ошкор мегардад. Бо вуҷуди малакаи воло доштану устоди соҳа буданаш вай як чизи одӣ – камераро, ки солҳои охир дар ҳама ҷо барои назорат гузошта мешавад, фаромӯш карда буд. Вақте сабти аз тарафи ӯ гирифта рафта истодани таҷҳизоти корхонаро барояш нишон доданд, даступо хурд, чӣ ҷавоб додан чӣ тадбир андешидану чӣ гуфтанашро надониста сукут кард. Фаҳмид, ки саркашӣ беҳуда асту аёнро ҳоҷати баён нест.
Акнун хурду калони маҳалла ба Маҳмуд бо назари шубҳа менигаранд. Ба меҳмонӣ ва дигар маъракаҳо даъват намекунанд. “Аз бало ҳазар”-гӯён то имкон доранд, худро аз вай дур мегиранд. Афсӯс, сад афсӯс, ки бо вуҷуди ҳамаи ин Маҳмуд хислаташро дигар кардан намехоҳад, ҳамоно дурӯғ мегӯяд, ба дигарон бо ғуруру буҳтон ҳарф мезанад, аз касе розӣ нест, ба худ ва танҳо ба худ бовар дораду халос.
Зиндагӣ омӯзгори сахтгир аст, пастиву баландиҳои зиёде дорад, онро касе устуворона паси сар мекунад, ки ба ҳар як рафтору кирдори худ аз рӯйи адолат, одилона ҷавоб дода тавонад, чӣ будани неку бадро фарқ кунад, аз ғуруру ҳасад орӣ бошад, ҳаргиз худро аз дигарон боло нагузорад. Вагарна дар нимароҳ музтару нотавон хоҳад монд. Ҳар рафтореро ҷавобе ҳаст, “ҷав корӣ, ҷаву гандум корӣ, гандум медаравӣ” гуфтаанд. Оё инро Маҳмуд дарк мекарда бошад?
Б. Саидшоев.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1