Худованд дар ин соли нави меомад
Беморонро соҳиби даво,
Бефарзандонро соҳиби фарзанд,
Безанҳоро соҳиби зан,
Бехонагонро соҳиби хона,
Фақиронро соҳиби молу тавоноӣ,
Бетавфиқонро соҳиби тавфиқ,
Тоҷиронро соҳиби инсоф,
Пиёдаравонро соҳиби савора,
Ҷоҳилонро соҳиби хирад,
Беадабонро соҳиби ахлоқи ҳамида,
Фосиқонро соҳиби тақвою парҳез,
Заифонро соҳиби қудрат,
Мардонро соҳиби адлу ҳикмат,
Занонро соҳиби шарму иффат,
Мурдагонро соҳиби раҳмату мағфират,
Зиндагонро соҳиби бандагиву итоат....
Ва Тоҷикистони азизи моро миёни дигар давлатҳо соҳиби бузургиву азамат,
Ва миллати моро сарҷамъу иттиҳод,
Ва душманони моро нокому шармандагӣ насиб гардон
Худо ҳич бандаеро аз раҳмату неъмати худ бенасиб нагардон🤲🤲
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Илохо хамаи ниятатон мустачо гардад ва шуморо ба мартабахои некаш Яздони пок бирасонад.
Оммин