Ҳамдигарро қазоват накунем...
- Робия шуниди, ки апаи Ҳадиса аз хамсараш талоқ гирифтааст. Имрӯз бошад, ба Россия сафар дорад. Дар ин синну сол талоқ гирифтану хонаю даро тарк карда рафтан аз рӯйи нодонист. Дар ҳоле, ки бачаҳои калони 30 солаю соҳиби набера бошӣ. Айб аст. Бахудо айб.
- Чаро талоқ гирифта бошад, зиндагияшон хеле хуб буд, ку ягон рӯз аз зиндагияшон гиламанд набуданд. Ҳамеша бо чеҳраи пуртабассум. Фикр мекардам, ки тамоми хушбахтиро Худованд маҳз ба ҳавай додааст. Ҳамеша зебо мегашт. Рости баъзан вақт ҳасуди мекардам.
Ин суҳбати ду бонуи ҳамсояамон буд, ки раҳораҳ шунидам. Бонувони азиз, биёед ҳамдигарро қазоват накунем. Занҳо яку якбора аз зиндагии худ дилсард намешаванд, ки ҳама чизро гузоранду раванд. Бе ягон сабаб баъди 30-32 сол.
Боз дар ин синну сол. Яъне 30-32 соласт, ки бо ин мард зиндагӣ дорад. Шояд дар тули ин солҳо иттифоқҳое афтодааст, ки ҳамаи он рӯ - рӯи ҳам ҷаъм шудааст. Ва ҳар боре, ки хостааст ҷудо шавад ягон монеае шудааст. Шояд фикри фарзандҳои хурдсолашро ё фикри обрӯи волидонашро пеши назар овардаву сабр кардааст. Чандин шоядҳои дигар вуҷуд дорад, ки мо хабар надорем....
Дар охир дидаст, ки намешавад бо ин мард зиндагӣ кардан, тасмими рафтанро гирифтааст. Аллакай фарзандҳояш калон шудаанд...
Як чизро косаи сабр мегӯянд. Вақте косаи сабрат лабрез шуд, дигар хаста мешавӣ, ҳолатат бад мешавад. Магар шумо косаи сабр надоред? Ба назари ман бояд ба ин фикр кунем, ки чикор бояд кард, ки косаи сабри одамон пур нашавад. Косаи сабри ин дӯсти мо пур шудааст. Яъне сабраш тамом шудааст...
Занҳо хеле зуд монда намешаванд. Ором-ором хаста мешаванд. Онҷое, ки дида намешаванд. Онҷое, ки талош мекунанду тарафи муқобилашон таваҷҷӯҳ намекунад. Онҷое, ки ишқ медиҳанду намегиранд.
Охир ҳама чиз пул нест. Ҳама чиз хонаи калонӣ олӣ нест. Дар зиндагӣ бояд ишқ , муҳаббат, вафодори ва ҳурмату эҳтироми як дигар бошад...
Ман намегӯям, ки зиндагӣ бояд ҳамеша лаҳзаҳои ҳаяҷонангез, шоду лаззатбахш дошта, бошад. Ва қарор ҳам нест, ки чунин бошад. Яъне дар зиндагии оилавӣ ҳамачи бояд баандоза бошад. Ҳам даъво дошта бошад, ҳам ишқ. Робитае, ки ҳам даъво дорад, ҳам ишқ он зебост. Робитае, ки гоҳе ҳавсалаи гап задан надорем. Аммо гоҳо мумкин соатҳо бишинему ҳарф бизанем. Ҳайёти оилавӣ қарор нест, ҳамеша дар авҷ бошад. Гоҳо мумкин ҳолу ҳавои ғамгин дошта бошад, барои авҷ гирифтани дубора. Ин болову поин шуданҳо дар ҳаёти оилавӣ натанҳо табии балки нишондиҳандаи зинда будани робитаи мост!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 12