ВАКТЕ КАЛБ МЕСУЗАД...!
( кисса) кисми 2
Мулокоти нахустин бо Насима умедамро ба зиндаги боз хам рангинтару зеботар кард.Акнун ман аз бахри гирифтани паспорти хоричи баромадам.Дар бистари бемори бошам хам, хушу ёдам ба у банд мегашт.
" Мухаббат оханрабо аст",- мегуфтанд, рост будааст.Насима бо суханхои пурхарорат, табассумхои ширин ва нигоххои чазобаш дар калби ман аллакаи чои гирифт.Агар аз хонагихо ба ман харгуна хуроквори меоварданд, ман аввал ба уро гирифта мебурдам.
Як бегох хангоми сухбат ба у изхори мухаббат кардам.Духтар пас аз шунидани харфхои пурмехри ман то баногуш сурх шуд.
- Модом, ки маро дуст медори, модаратро ба хонаи мо хостгори фиристон,- Насима хохиш кард аз ман.
Баъди рухсат шудан аз дармонгох модарам хамрохи хохараш дасторхон гирифта ба хонадони онхо хостгори рафтанд.Аммо модари Насима ба модарам чавоби рад гардонидааст.
- Мо духтарамонро ба нафаре медихем, ки маълумоти олидор бошад,- гуфтааст модари Насима.
Ин хабари нохушро модарам хамон рузи аз хонаи онхо бо табъи хира омаданаш ба ман расонд. Ман аз ин карордоди модари духтар бисёр гамгин шудам.
- Наход Насима ба модараш дар бораи мухаббати ман дахон накушода бошад,- мегуфтам ба модарам.
- Писарам духтархои ин замонаро фахмидан намешавад, дар пешат як гап мегуянду дар кафо гапи дигар, бехтараш аз бахри ин духтар баро,- насихаткунон мегуфт модарам.
Баъди ин суханхои модарам ба Насима занг задам.У гушакро бардошта, маъюсона гуфт, ки ба хонадоршавии мо бародаронам рози нестанд, барои хамин модарам ба хонагихои Шумо чавоби рад гардонид.
Пас аз ин карор додам, ки ба мухочират ба назди падарам меравам.
Инак шаш мох мешавад дар Москва мебошам.Гох- гох сухбатхои бо Насима дар беморхона кардаам, ба ёдам меояду ба хафт пушти мухаббат нафрат мехонам.
Духтареро, ки дуст доштам, уро сахт эхтиром мекардам, ба ман надоданд! Дигар чи кунам?
Калбам месузад, аммо чорае надорам...!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Норасида мефитад аз шохсор.