Марде дар ҳама ҷо овоза паҳн кард, ки ҷавони ҳамсояаш дузд аст. Дар натиҷа он ҷавонро бо гумони дузди ба маҳкама кашиданд. Аммо баъди чанд рӯз бегуноҳии ҷавон исбот шуду ӯро ба озоди сар доданд.
Ҷавон аз болои марди ҳамсоя барои дар ҳаққи ӯ тӯҳмат карданаш шикоят навишт. Ҳангоми мурофиаи судӣ мард худро сафед кардан хоста гуфт:
– Инҳо танҳо сӯханони хушку холӣ буданд, ман ба касе зарар расондан намехостам.
Сипас судя ба ӯ муроҷиат намуда гуфт:
– Қабл аз он, ки ман ҳукм барорам, аз шумо хоҳиш мекунам ҳама сӯханҳое, ки нисбати ин ҷавон гуфта будед дар рӯи ин қоғаз бори дигар нависед баъдан онро пора‐пора кунед ва ҳангоми бозгашт аз тирезаи мошин ба берун ҳаво диҳед. Мо фардо мурофиаро давом медиҳем.
Рӯзи дигар судя ба мард рӯ оварда гуфт:
– Акнун ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки рафта ҳамаи он қоғазпораҳоро, ки аз тирезаи мошин ҳаво дода будед чида биёред.
Охир ин ғайри имкон аст фарёд зад мард шамол онҳоро пароканда кард ман онҳоро аз куҷо пайдо карда метавонам?
Судя гуфт:
– Ана ҳамин тавр сӯханҳои пучу холи, ки ҳамаҷо паҳн шудаанд метавонанд рӯзгори як нафареро доғдор сохтаву барбод диҳанд ва баъди ин дигар чизеро наметавон ислоҳ намуд ......
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев