Қисми 6.
Як гурӯҳи калони кормандон дар болои хона истода хонаро меафтонанд, касеро миёни онҳо намешиносам. Аллакай ошёнаи охирини бино фурӯ меравад.
- Шумо чӣ кор мекунед? Хонаро барқарор бояд кард, кӣ шуморо фармоиш дод, - гуфта дод задам.
Аммо касе маро намешунавад. Ҳама андармони кори худ. Хиштҳои калону хурд дар барам омада меафтанд.
- Истед! Чаро хонаро валангор кардед? Кӣ ҳастед шумо? Сардоратон кӣ?
Ғалоғулаи онҳо чунон баланд, ки касе ба ман аҳамият намедиҳад.
- Дар хона одам ҳаст, баровардед ба берун? Кампир канӣ? Зоя Павловна! Зоя! Зоя канӣ? Ойгулро надидед? Куҷо шуданд онҳо?
- Ба шумо чӣ шуд? - нигарам ҳамсарам дар пасам истодааст.
- Канӣ Зоя, мешиносӣ Зояро? Зоя Павловна! - бо тамоми овоз фарёд кардам, - куштед кампира, вай зери хишту хок монд.
Ин дафъа ҳамсарам маро чунон сахт такон дод, ки ба болои хиштҳо афтидам.
- Ба шумо чӣ шуд? Натарсонед одама, - чашм кушодам, ки дар сарам Ойгул меистад.
- Зоя канӣ? Зоя Павловна канӣ?
- Дар ҳуҷрааш... Хезед... Хонаро ба сар бардоштед...
Нигарам дар фарш мехобам, оҳиста худро дар ҷогаҳ гирифтам.
Ойгул рафта оби сард овард:
- Як ҷуръа нӯшед, кампирро хабар гиред, бечора тарсид. Ягон хоби бад дидед магар?
Обро ба пуррагӣ нӯшида ҳамроҳи Ойгул ба ҳуҷраи кампир гузаштем.
- Бубахшед, ки шуморо нороҳат кардам , - гуфта ғайриихтиёр кампирро ба оғӯш гирифтам.
- Тарсидӣ? - пурсид кампир.
- Хоб дидам, ки шумо... бемори сахт шудед.
Зоя Павловна низ бо як дасташ маро ба оғӯш кашид.
- Бибӣ дорӣ?
- Не, ман умуман бибӣ надоштам. Ҳарду ҳам солҳои ҷанг фавтидаанд.
- Маро ҳамчу бибиат қабул кун, минбаъд мо бегона нестем.
- Худи пагоҳ ба шумо аробача мехарам ва шуморо ба саёҳати гирду атроф мебарам.
- Аробача дорам, - гуфт кампир, - танҳо усули истифодаашро Оля нафаҳмид. Писарам ғун карда буд, занг зада пурсидам, фаҳмонд. Аммо ду зан сарфаҳм нарафтем.
- Дар куҷост? - пурсидам аз Ойгул.
- Дар анборхона, ҳозир биёрам?
- Ман худам мебиёрам, шумо роҳашро нишон диҳед.
Ойгул калидро гирифта ҳамроҳам баромад. Анбор дар худи бино, дар паҳлӯи ошхона ҷойгир шудааст, аммо ман то ҳол намедонистам.
- Ин ҷоро ҳам ба тартиб оварданамон лозим, - гуфт ӯ ва аробачаро нишон дод.
- Ин ҳоло нав-ку.
- Як маротиба Зоя Павловна нишастааст.
- Писараш кай бори охир омада буд?
- То ман бо кампир як зани рус будааст. Зояро ман аз ӯ қабул кардам. Аввалҳо метавонист гирди диванаш гашта...
- Шумо писарашро надидаед?
- Не, наомадааст.
Аробачаро гирифта дар ҳуҷраи кампир рост кардам, ҳеҷ мушкиле надошт. Ойгул латтаеро гирифта аз гард тоза кард.
- Хӯш, кӣ таксиро даъват кард? - гуфтам ба Зоя.
- Ман, - хандид ӯ.
Аробачаро наздиктараш гузошта бо кӯмаки Ойгул Зояро дар аробача шинонидем.
- Тасмаи бехатариро бандед, ҳозир мепарем, - гуфтам ҳазл карда.
Аробачаро тела карда ба долон баровардам. Ду-се маротиба то охири долон рафта баргаштам.
- Берун ҳанӯз торик, аробачаи шумо чароғ надорад, - гуфтам.
- Барои имрӯз кифоя, ташаккур. Каме ҷон гирифтам, - гуфт Зоя Павловна.
- Рӯзҳои наздик махсус барои аробаи шумо роҳ месозам, бо зинаҳо поён фаромада наметавонем.
- Ихтиёрат. Минбаъд тамоми корҳои хоҷагиро ба зиммаи ту месупорам.
Баргашта дар ҷогаҳ ёзидан маъно надошт, хеле рӯи ҷойгаҳ нишастам. Соат ҳанӯз чор, на хоб дорам ва на машғулияте. Чароғи ҳуҷраи кампир низ фурӯзон, онҳоро ҳам хоб намебарад. Рафта дарашонро ба нохун задам.
- Даро, - гуфт Зоя Павловна, - хобат намебарад?
- Шояд наҳорӣ кунем?
- Мо ҳам дар ҳамин ақида будем, - гуфт Ойгул хандида.
- Чӣ кор кунам? Метавонам дар омода кардани дастурхон кӯмак кунам.
Ҳамроҳ ба берун баромадем. Имрӯз бори дуюм Ойгул аз чойники мисӣ ба дастам об мерезад.
- Медонед-чӣ Ойгул, ман дигар нияти фурӯхтани чойники шуморо надорам.
- Нав ақлатон даромад.
- Баръакс, мехоҳам ҳарчӣ бештар хонаро аз ин гуна нодириҳо ғанӣ гардонам. Гап байни ҳардуямон монад. Аз зери зинаҳо як самовар ёфтам, намедонам чи тавр ба кампир гӯям.
- Чӣ мушкилӣ доред?
- Охир ман гуфтам таҳхона пурра озод шуд.
- Имрӯз анборхонаро ба тартиб мебиёрам, мегӯем, ки ёфт шуд.
- Фикри хуб. Ҳамроҳ ба тартиб меорем.
Пас аз ношто бо ҳамроҳии Ойгул дари анборхонаро кушода, ҳар чӣ дошт, берун баровардем. Якчанд курсичаҳои пояҳояшон мунаққаш низ пайдо шуданд. Шумораашон баробари шумораи ҳайкалчаҳо. Ойгул ҳамаро аз чангу гард тоза карда, ба ҳуҷраи Зоя Павловна даровард. Ман дар болои ҳар яке як донагӣ ҳайкалчаҳоро гузоштам. Кампир ин амали моро дида хеле хурсанд мешуд. Фармуд, ки аробачаашро оварда худашро шинонем. Аз чархҳояш дошта, худ ин тараф-он тараф ҳаракат мекард, гӯё моро кӯмак мерасонд. Латтаеро гирифта, то метавонист, ҳайкалҳоро тоза мекард.
- Минбаъд хонаро ҳам худам рӯбучин мекунам, - гуфта ману Ойгулро хандонд.
Фурсатро муносиб дида, номаълум аз таҳхона самоварро овардам ва салибро дар дарунаш ниҳодам. Гӯё нав дарёфт карда бошам, аз анбор истода Ойгулро наздам хондам.
- Вақташ расид, - гуфтам, - ҳамроҳ мебарем.
Кампир дар дастам самоварро дида ҳайрон шуд.
- Аз куҷо ёфтед?
- Аз анбор, - гуфтам, - андарунаш чизе дорад, - ва аз даруни самовар салиби тиллоиро гирифтам.
- Оҳо, аз тилло ку. Самовар аз шумо, аломати ҷамъ аз ман.
- Вай салиб аст, ин ҷо деҳ, - Зоя Павловна дасташро ҷонибам дароз кард.
- Ҳазл кардам, медонам, ки салиб аст. Мо мусалмон ҳастем, ин бошад, аз насрониҳо, - гуфта салибро дар дасти кампир додам.
- Аниқ аз тилло, - гуфту салибро дар рӯ ба рӯяш нигоҳ дошт, сипас даст ба пешона ва ду китфаш бурда каме таъзим кард, - инро дар болои сарам мустаҳкам мекунӣ.
Аввал тарсидам, ки кампир аз дидани ин миқдор тилло гурдакаф мешавад, аммо ӯ ором буд. Маълум, ки дар ҳақиқат сарватманд аст. Ман бошам, чӣ тавр рабудани чойники мисиро меандешидам.
- Шумо боре аз самовар чой нӯшидед? - пурсид Зоя Павловна.
- Не, - гуфтем ҳарду баробар.
- Ангишт надорем? - пурсид аз Ойгул.
- Надорем.
- Ба ноҳия кай меравӣ? - кампир ба ман рӯ овард.
- Намедонам рости гап, либоси тоза надорам. Либоси танамро дина ҳангоми кор ифлос кардам.
- Барвақттар нагуфтед, мешустам, - гуфт Ойгул.
- То хушкиданаш луч гардам?
Кампир хандид.
- Як маротиба аз танат бадар куну афшон, рафта як қабат либоси нав ва як кабат либоси корӣ хар. Ангиштро ҳам фаромӯш накун. Сипас ба Ойгул ишорат кард. Донистам, ки кампир маро пул доданӣ, назди дар рафтам, ки маро боздошт.
- Куҷо меравӣ?
- Дар долон истам...
- Ту сазовори бовариам гаштӣ, дигар чизе аз ту пинҳон намекунам. Ҳатто метавонам ин дафъа туро ба бонк фиристам.
- Бонк бе боварнома ба ман хизмати шуморо намерасонад.
- Дар ин бора андеша накун, бонк кам ман барин мизоҷ дорад, гуфтугӯ мекунам.
Пулро гирифта озими сафар будам, ки Ойгул омад.
- Ман ҳамроҳатон.
- Боз барои чӣ?
- Зоя гуфт, ки либосро ман интихоб кунам.
- Хеле хуб мешуд.
Ойгул дар назди кампир чой дам карда гузошт ва ҳамроҳ ба кӯча баромадем.
- Ман тамоми пуламро гирифтам, - гуфтам ба Ойгул, - ба ҳамсарам мефиристам.
- Ба кадомаш?
- Ман як ҳамсар дорам.
- Гуфтед модараш дар филармония кор мекунад...
- Ҳазл кардам. Ҳама занҳо гумон доранд, ки шавҳарашон боз зан ё маҳбубаи дигар доранд.
- Аммо ман Алинурро бо чашми худам дидам.
- Ҳар мард зани зеборо дида, ҳамсарашро фаромӯш мекунад.
- Аз таҷриба мегӯед?
- Не.
- Ман зебоям?
Ба симои Ойгул нигаристаму:
- Тоқат кардан мумкин, - гуфтам.
Аммо ин бор ӯ наранҷид. Баръакс чунон хандид, ки чанд паррандаи дар шохи дарахт буда парид. Ман ҳам ба хандаи ӯ ҳамроҳ шудам.
Аммо дар асл, дар назарам Ойгул рӯз аз рӯз мешукуфт. Эътибор додам, ки каме лабонашро сурхӣ молидаст, ба мижгони кӯтоҳаш ҳам сиёҳӣ илова кардааст.
- Ман, ростӣ, ба занҳо наметавонам баҳо дода, - гуфтам.
- Чӣ тавр хонадор шудед? Ҳамсаратонро дӯст медоштед?
- Ман бо ӯ шаби никоҳ шинос шудам, духтари муқаррарӣ, ду чашму як даҳон дошт.
- Чанд-то гӯш дошт?
- Дар хотир надорам, аммо як ҷуфт гӯшвора харида будам.
Ойгул аз таҳти дил, беандоза хандид. Даҳонашро бо кафи дастонаш пӯшида, худро аз ханда нигоҳ дошта наметавонист.
- Агар аз Алинур маро пурсед, шояд ӯ ҳам маро чунин васф кунад.
- Аниқ ҳамин тавр мегӯяд.
То истгоҳ расидем, ки телефони ман занг зад.
- Хомӯш шудӣ рафтӣ, - гуфт овоз, - Ман интизори зангат ҳастам.
- Медонӣ дар куҷои ноҳия ангишт мефурӯшанд?
- Медонам, ангишти сангӣ сари роҳ.
- Цемент-чӣ?
- Ту чӣ кор карданӣ?
- Роҳро ҳамвор мекунам.
- Худат?
- Агар ёрӣ доданӣ бошӣ - биё. Пандус медонӣ-чист?
- Медонам, роҳ дар паҳлӯи зинаҳо барои маъюбон.
- Э, офарин. Пандус сохтан лозим барои кампир.
- Чанд пул медиҳӣ?
- Ин қадар пула дӯст медорӣ? Аввал омада кора бин, нарху наворо гап зан, маслиҳат кунем.
- Мешавад ҳозир равам?
- Ҳозир ноҳия меравам, агар имконият дошта бошӣ, як-ду рафикатро даъват кун. Имрӯз қолаб месозед, пагоҳ бетон.
- Тез биё.
- Математикаро хуб медонед? - пурсидам аз Ойгул.
- Математика чӣ лозим?
- Баландии пойдевор як метру ҳафтод сантиметр. Чӣ қадар дарозӣ лозим аст, ки таҳти ҳафт дараҷа ба замин рафта расад?
Ойгул лаҳзае ба андеша рафт, сипас абрӯвонашро чин карда пурсид:
- Яку ҳафтод - катет, катети дуюм - икс, гипотенуза номаълум... Намедонам, аз хотирам фаромӯш шудааст.
- Ба мо дарозии катети дуюм лозим.
- Э, катет гӯеду гардед, - хандид Ойгул, - ба фикратон устоҳо ба катету гипотенуза сарфаҳм мераванд?
- Як мардро мешинохтам, дар Маскав кӯча мерӯфт. Чӣ шуду чӣ монд ӯро дар идора ба кор гирифтанд, галстук мебастагӣ шуд. Боре дар кӯча дидам, аҳвол пурсидам, гуфт, ки дар идора ҳамчун муҳосиб фаъолият мекунад. Маълум шуд, ки пештар дар коллеҷ аз фанни ҳисоботи бухгалтерӣ дарс медодааст. Камбудиҳои мухосиби пешинро ошкор кардааст.
(давом дорад)
Муаллиф Ю.Ашуров
таҳияи М.Юсупов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1