Агар сад булбули гуёи хушхон дар чаман дорӣ,
Агар сад нозу неъмат рӯи хон дур аз Ватан дорӣ,
Дилат майли Ватан дорад, ҳавои он чаман дорад.
Агар гирди ҷаҳон гардӣ,
Замину осмон гардӣ.
Агар бо васфи номи хеш,
Ҳамеша дар забон гардӣ.
Агар ғарқи маишатҳову нозу обу дон гардӣ,
Дилат майли Ватан дорад, ҳавои он чаман дорад.
Агар Искандаре бошӣ, ҷаҳонро сарваре бошӣ,
Агар аз мушкили фориғ ба сад болу паре бошӣ,
Агар дар мулки бегона, чу тоҷе бар саре бошӣ,
Дилат майли Ватан дорад, ҳавои он чаман дорад.
Агар чун шоири Раштӣ зи ҳар қисса қалам созӣ,
Агар дар ҷодаӣ ашъор ба лутфи ҳақ қадам созӣ.
Агар баҳри ризои ёр дили бишкаста нам созӣ,
Дилат майли Ватан дорад, ҳавои он чаман дорад.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Ҷон ба раҳи Ватан нисор мо накунем ки мекунад?
Дар ғаму неки у шарик мо нашавем ки мегавад?
Ҳифзу вафои у шиор мо накунем ки мекунад ?