Маҳкама ё додгоҳи олии кишвари Арабистони Саъудӣ бегоҳи имрӯз шанбе 29-уми Зулқаъда мутобиқ ба 11-уми Август аз ҳулули моҳи нави Зилҳиҷҷа хабар дод.Фардо 12-уми Август аввали моҳи Зилҳиҷҷа аст.Аз рӯъяти моҳ чандин шоҳидони айнии содиқ низ бо чашми сар шаҳодат доданд.Ин хабар дар расонаҳои маҳаллӣ инъикоси васеъ ёфт.Пас рӯзи 20-уми Август душанбе 9-уми моҳи зилҳиҷҷа яъне рӯзи арафаи бузург аст.Рӯзи 21-уми Август сешанбе 10-ӯми Зилҳиҷҷа яъне рӯзи иди Қурбон аст.Давлати Мисри Араб ва аксари давлатҳои арабӣ бо ин мувофиқати худро эълом намудаанд.
Манбаъ: https://www.skynewsarabia.com/varieties/1172595-السعودية-ترصد-هلال-ذي-الحجة-وتعلن- Фазоил ва аъмоле, ки анҷом додани онҳо дар ин даҳа чӣ ҳукме дорад?. )
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Салому дуруди Худованд бар Паёмбари хайруланом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (салаллоҳу алайҳи васаллам)ва хонадони поку асҳоби бузургвораш бод.
Дар мақолаи қабли танҳо аз оғози ин моҳ огоҳ намуда будам.Хонандагони бе шуморе аз ман талаб намуданд,ки бештар нисбати ин даҳҳа барояшон маълумот бидиҳам.Мепардозам ба фишурдаи он.
Рӯзҳои мубораки даҳҳаи Зилҳиҷҷаро барои кулли мусалмонони кишвари азизам ва ҳама дунё табрик мегӯям. Даҳае, ки дар он метавон ба осонӣ аз гуноҳони содиркардаи хеш пок гардем. Даҳае, ки ба азамату бузургии он Аллоҳ ва Расулаш қасам ёд намуда, шаҳодат додаанд. Даҳае, ки ба осонӣ метавон касби ҳасанот намуд ва тўшае барои фардои охират муҳаё кард. Аз раҳмату лутфи илоҳист, ки бар бандагонаш мавсимҳо ва моҳҳоеро барои тоат қарор дода, то дар он амалҳои солеҳро зиёд намоянд ва ризои Ӯ, Таъолоро дарёбанд. Дар ин мавсимҳои тоату ибодат муъминон дар анҷоми амалҳои хайр сабқат меварзанд, то ба он амалҳо ба Худованд наздик гарданд. Хушбахт касест, ки ин мавсимҳои муборакро ғанимат шуморад. Албатта яке аз ин мавсимҳои муборак даҳҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа аст.
Даҳҳаи ин моҳро Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) шаҳодат додаанд, ки аз беҳтарин рӯзҳои дунё маҳсуб меёбад. Дар ин даҳҳа умматонашро ба амали солеҳ тавсия додаанд. Худованди Таборак ва Таъоло ба даҳ рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа қасам ёд кардааст. Ин фазл кофист, ки барои ин даҳҳаи муборак Худо ва расулаш чунин бузургиро нисбат додаанд ва бузургон ҳамеша бар бузургӣ, азамат ва шарофат қоиланд, то дар он бандагон амалҳои некро анҷом диҳанд, ин рўзҳоро ғанимат шуморанд ва касби аъмоли солеҳ намоянд, зеро барои мо маълум нест ки дар даҳҳаи Зилҳиҷҷаи оянда ҳастем ё на?
Даҳҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷаро чӣ тавр пешвоз гирем ?
1.Содиқона тавба намудан аз гуноҳони кабира ва сағира.
Барои шахси мусалмон муҳим аст, ки аз оғози ин моҳ рӯ ба тавба орад ва ин моҳи муборакро бо тавбаи аз сидқ оғоз намояд, зеро дар тавба наҷоту комёбии шахси мусалмон дар дунё ва охират аст, бад-он шарт, ки дубора ба гуноҳи кардааш барнагардад.
2. Ҳадафи асосии худ донем, ки ин рӯзҳо ғаниматанд.
Барои ҳар шахси мусалмон зарур аст, ки ин рӯзҳои муборакро зинда нигаҳ дорад. Дар анҷоми амалҳои хайр бикушад, мисли қироъати Қуръон, адои намозҳои панҷгона дар масҷид, суханони хуб бо ҳамсуҳбаташ, муомилаи нек бо падару модар, ҳамсар, фарзанд ва зердастонаш.Умуман ҳар амале, ки ўро ба Аллоҳ наздик месозад, онро анҷом диҳад.
3. Дурӣ аз гуноҳон.
Итоат ба Аллоҳ сабаби наздик шудан ба Ӯ мебошад. Пас бе шак анҷоми гуноҳон сабаби дурӣ аз Худованд шуда, моро аз раҳмати Ӯ дур мекунад. Инсон тавассути гуноҳе,ки дар маҳзари Холиқаш анҷом медиҳад ӯро аз раҳмати бори Таъоло дур хоҳад намуд ва шахсе,ки раҳмати Аллоҳ фарогири ҳоли ӯ нест метарсам, ки ӯро азоби Аллоҳ ҳамроҳӣхоҳад кард. Агар орзӯи мағфирати гуноҳонатро дорӣва худро аз оташи сўзони ҷаҳаннам наҷот диҳӣ, пас аз анҷоми амалҳои ношоиста аз тарафи Аллоҳ ва Паёмбараш (салаллоҳу алайҳи васаллам) парҳез намо, чӣ дар ин рӯзҳо ва чӣ дар ғайри ин рӯзҳо. Агар ба дурустӣ медонистем чӣ фазоиле дар ин рӯзҳои муборак аст, ҳатман дар ин моҳ дилҳои худро аз ҳама палидиҳо пок ва аз Худованд талаб мекардем, то моро аз анҷоми гуноҳон пас аз ин рӯзҳои муборак нигоҳ дорад. Бешак дар ин рӯзҳо дуо мустаҷоб аст.
Фазилатҳои даҳҳаи Зилҳиҷҷа.
1. Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба ин рӯзҳо қасам ёд кардааст.
Ҳангоме, ки Аллоҳ ба чизе қасам ёд намояд ин худ далолат бар бузургӣ ва фазилати он чиз аст, зеро бузургон қадри ашёи бузургро медонанд ва ба чизи бузург қасам ёд мекунанд, ки ин хоси Аллоҳ аст. Аллоҳ дар Қуръони азимушшаън, дар фазли ин рўзҳои даҳгона чунин мефармояд:
"Савганд ба сапедаи субҳ. Ва савганд ба шабҳои даҳгона (яъне даҳҳаи Зилҳиҷҷа...)
(Сураи Фаҷр, оёти 1-2)
Бештари муфассирин шабҳои даҳгонаро даҳҳаи Зилҳиҷҷа гуфтаанд. Аз ҷумла Ибни Касир (р.а.ҳ) низ бар ин қавл аст.
2. Ин рӯзҳои маълуманд ва Аллоҳ дар ин рӯзҳо зикри онро машруъ гардонидааст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: "... Номи Аллоҳро дар рӯзҳои муайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне, ки Аллоҳ ризқи онҳо сохта, ёд кунед ..."
(Сураи Ҳаҷ,ояти 28)
Инчунин баъзе аз уламо бар ин қавланд, ки рӯзҳои маълумот ин даҳҳаи Зилҳиҷҷа аст, аз ҷумла ин қавли Ибни Умар ва Ибни Аббос (р) аст.
3. Паёмбари Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)шаҳодат додаанд, ки даҳҳаи Зилҳиҷҷа беҳтарин рӯзҳои дунё ба шумор меравад.
Ҷобир (р) аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)ривоят мекунад, ки он Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам)фармуданд: "Бофазилаттарин рӯзҳои дунё рӯзҳои даҳгонаанд, (яъне даҳи Зилҳиҷҷа). Аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)пурсиданд: Мисли ин даҳрӯза боз кадом рўзҳо дар роҳи Худо аст? Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам)чунин фармуданд: Нест дар роҳи Худо мисли ин рӯзҳо, ба ҷуз шахсе, ки пешониашро назди Худо (дар ҳолати саҷда) хоколуд намуда бошад".
(Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Имом Баззор ва Ибни Ҳиббон)
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)чунин фармуданд: " Назди Худованд беҳтарин амали солеҳ ҳамин даҳ рӯз аст, (яъне фазилати амали солеҳ дар ин даҳ рўз хеле назди Худо боарзиш аст нисбат ба дигар рӯзҳо). Пурсиданд ҳатто набард дар роҳи Худо ҳам? Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)фармуд: Ҳатто набард дар роҳи Худо ҳам, (яъне фазли ин даҳ рӯз аз набард ҳам болотар аст) ба ҷуз марде, ки дар роҳи Худо аз хонааш бо молу ҷонаш берун шавад ва дар ҳоле,ки чизе бо худ пас наоварда бошад", (яъне ҳамаро дар роҳи Худо нисор карда бошад ҳатто ҷонашроҳам,шаҳид шавад).
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Бухорӣ)
Дар фазли ин моҳ ё даҳаи он Расули акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) беш аз ҳашт ҳадиси саҳеҳ гуфтаанд.
Аз ин оятҳо ва аҳодис чунин бармеояд, ки ин даҳ рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа аз тамоми рӯзҳои дигари моҳҳо фазилаташ зиёдтар аст, ҳатто аз рӯзҳои моҳи Рамазон. Вале шабҳои даҳгонаи моҳи Рамазон фазилаташ бартар аст аз шабҳои даҳҳаи Зилҳиҷҷа, зеро дар даҳҳаи охири моҳи Рамазон шаби Қадр вуҷуд дорад ва он дар даҳҳаи охири моҳи Рамазон аст. Шаби Қадр аз ҳазор моҳ фазилаташ бартар аст.
(Тафсири Ибни Касир 5\412).
4.Оё дар даҳҳаи моҳи Зилҳиҷҷа рӯзи Арафа вуҷуд дорад?
Рӯзи Арафа рӯзи ҳаҷ аст, рӯзест, ки гуноҳон бахшуда хоҳанд шуд. Рӯзи Арафа сабаби наҷот аз оташи сўзони Ҷаҳаннам хоҳад шуд. Агар дар ин даҳҳаи Зилҳиҷҷа танҳо ҳамин рӯзи Арафа буд, фазилати ин рӯз бар дигар рӯзҳои дигари он кифояткунанда буд, зеро дар рӯзи Арафа, ки як рӯз қабл аз иди Қурбон аст ва он рӯз ҳоҷиён дар он дашт қарор мегиранд ва нузули Худованд дар рӯзи Арафа бар замин барои бузургии он рӯз ва қабули дуову ниёиши ҳуҷҷоҷ дар он рӯзи бузург ва яке аз рӯзҳои муҳими ҳаҷ ба шумор меравад, агар ҳоҷӣон рӯзро дарнаёбад, ҳаҷҷаш қабул нахоҳад шуд. Инчунин рўза гирифтани он рӯз хеле аҷру подоши зиёде низ дорад, агарчӣрӯза гирифтани ҳама рӯзҳои даҳгонаи аввали Зилҳиҷҷа савобу аҷри зиёд дорад, вале агар имкон муяссар нагашт, рўзаи рӯзи Арафаро кўшиш кунед, тарк накунед ва ин фазилати бузургро аз даст надиҳед ва дуо кунед дар он рӯзи бузург, иншоаллоҳ дуоҳои оҷизонаи мо пазируфта хоҳанд шуд.
5. Қурбонӣ намудан.
Иди Қурбон яке аз рӯзҳои бузург дар дини ислом буда, мусалмонон дар ин рӯз барои наздик шудан ба даргоҳи Худованди Таборак ва Таъоло қурбонӣмекунанд. Ҳоҷиён дар ҳаҷ ва дигарон дар хонаҳои худ. Инчунин рӯзи иди Қурбон низ яке аз бузургтарин ва бо фазилаттарин рӯзҳо назди Худо ба шумор меравад.
Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар «Фатҳ-ул-борӣ» мегўяд: "Ончӣ барои мо равшан гашт дар фазилати ин даҳи Зилҳиҷҷа дар он аст,ки дар ин даҳ рӯз бузургтарин ибодатҳо дар он ҷамъ мешаванд, ки онҳо иборатанд аз намоз, рӯза, садақа, ҳаҷ, ки ин ҳама ибодот дар дигар рӯзҳову моҳҳои дигар якҷо ҷамъ намегарданд".
Дар ин моҳи муборак чӣ амалҳоеро бояд анҷом дод?
1. Адои маносики ҳаҷи Байтуллоҳ.
2. Рўза доштани ҳама ин рӯзҳои нўҳ рӯзаро ба истиснои рӯзи иди Қурбон, агар имкони онро дошта бошем, вале агар надошта бошем рӯзи ҳафтум, ҳаштум ва нўҳуми онро, агар натавонем рӯзи Арафаро, ки он рӯзи нўҳуми ин моҳ аст, яъне рӯзи қабл аз иди Қурбон.
3. Адои намозҳои панҷгона, хоссатан бо ҷамоъат дар масҷид. Инчунин адои намозҳои нофила дар рӯзҳои ин моҳ, зеро тибқи фармудаи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам). "Бандаи ман наздик мегардад ба ман бо адои намозҳои нофила, то ин ки ман ӯро дӯст дорам".
(Имом Бухорӣ)
4. Зиёд намудани такбир, таҳмид, таҳлил ва зикр:
Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)ривоят мекунад, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин фармуданд: "Рӯзҳое бузургтар ва дӯст доштатар назди Худованд ва амал намудан дар он нест мисли ин рӯзҳои даҳгона. Пас зиёд намоед дар ин рӯзҳо таҳлил, такбир ва таҳмидро."
(Ривояти Имом Аҳмад)
Имом Бухорӣ ривоят мекунад, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва Абўҳурайра (р) ба суйи бозор хориҷ мешуданд дар рӯзҳои даҳгона такбир (Аллоҳу акбар) мегуфтанд ва мардум ҳама бо онҳо такбир мегуфтанд."
Инчунин ривоят мекунад, ки Умар ибни Хаттоб (р) дар қуббааш, дар Мино такбир мегуфт, пас аҳли масҷид мешуниданд ва такбир мегуфтанд. Инчунин такбир мегуфтанд аҳли бозор, то ки Мино аз такбири ҳама дастаҷамъона ба эҳтизоз медаромад.
Абдуллоҳ ибни Умар (р) такбир мегуфт дар Мино, дар ин рӯзҳо, инчунин пас аз ҳар намоз, дар рахти хобаш, дар маҷлисҳояш, дар роҳ рафтанаш ва дар ҳар куҷое, ки мебуд дар ин рӯзҳои даҳгонаи Зилҳиҷҷа такбир мегуфт.
Инчунин мустаҳаб аст барои ҳар мусалмон, ки дар ин рӯзҳо такбирашро баланд намояд. Вале такбири ҷамоъатро, яъне ҳама якҷоя нагўянд хуб аст, зеро якҷоя такбир гуфтан аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)ривоят нашудааст. Суннат ин аст, ки шахс ба танҳоӣ худаш такбирро дар ин рӯзҳо зиёд гўяд.
5. Садақа намудан дар ин рӯзҳои муборак хеле хуб аст:
Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)мефармоянд: "Садақа молро кам наменамояд."
(Ривояти Имом Муслим)
6.Анҷоми амалҳои зерин дар ин рӯзҳо хуб аст.
Қироъати Қуръони карим, таълим додан, таълим гирифтан, Астағфируллоҳ гуфтан, ризо намудани падару модар, силлаи раҳм намудан, салом додан бар ҳама, таъом додан бар фақирон ва мустамандон, робита барқарор намудан миёни ду қаҳрӣ, амр бар маъруф ва наҳй аз мункар, нигоҳ доштани забон аз дурўғ, тўҳмат, ғайбат, суханони беҳуда, хубӣ намудан бар ҳамсоягон, эҳтироми меҳмон, садақа намудан дар роҳи Худо, дур намудани ҳар чизе, ки роҳгузаронро азият медиҳад, нафақаи аҳлу аёл, кафолати ятимон, аёдати беморон, бароварда намудани ҳоҷати як бародари мусалмон, салавот бар Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)фиристодан, озор надодани мусалмонон, меҳрубонӣ намудан бо зердастон ва ҳар касе, ки метавонӣ, рафиқони падаратро эҳтиром намудан, дуо намудан дар ҳаққи бародарони мусалмон, дар ҳолати ғоиб будан ба таври пинҳонӣ, нигоҳ доштани амонати касе, ки ба ту во гузоштаст, вафо намудан бар ваъдаат, эҳсон намудан ба амак, тағо, хола ва аммаҳоят, кўмак намудани шахси музтару нотавон, нигоҳ доштани чашм аз ҳаром, бо вузу гаштан ва ҳангоми ҳар намоз имкон дошта бошӣ вузу намудан, дуо намудан миёни азон ва қомат, қироъати сураи Каҳф дар рӯзҳои ҷумъа, рафтани масҷид, интизори намоз пас аз адои намоз, адои ҳама намозҳои панҷгона дар масҷид, ба ҷо овардани намозҳои нофила, зикр намудан пас аз адои намозҳо, мувозиб будан барои касби ризқи ҳалол, дили андўҳгинеро шод кардан, шафқат бар нотавонон, касеро (агар метавонӣ) ба кори нек насиҳат намудан, дилро пок нигоҳ доштан аз кибр, ғурур, ҳасад, риё ва бахилӣ, ҳамкорӣнамудан ва ё баровардани ҳоҷати шахсе, ки ба ту дар коре ниёз дорад. Албатта ин амалҳоро бояд шахси мусалмон ҳамеша анҷом диҳад. Бояд бар он бикўшем, ки худро дар ин даҳ рӯз ба ин амалҳо одат диҳем, нахуст ба даргоҳи Худованд наздик мегардем ва умед аст, ки ин амалҳоро дар оянда низ татбиқ менамоем ва аз бандагони хоси Худованд хоҳем гашт ва ин дунёву охирати худро обод хоҳем кард. Бо орзўи муваффақияти якояки шумо азизон дар ин даҳҳаи мубораки Зилҳиҷҷа, Умеди онро дорам аз ин мақола нафъе гирифта бошед.
Муҳаммадиқболи Садриддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
ОБМЕН ДАР ВАЙБЕР КАСЕ ПАПЛИК ДОРАД ПАПЛИКОМ
154КА
31КА
30КА
2.2КА
1.9 КА
800 ЧИТАТЕЛ ДОРМ НАВИСЕН ХОХИШМАНДОН 987861074