Як шаҳрванди Британӣ шайхи мусалмонеро суол кард:-
Чаро мусалмонзан ба мардҳои бегона даст ба даст салом намекунад?
Шайх бар ӯ хело ҷавоби хуб дод ва гуфт: оё дар Британия ҳар як шахс бо малика даст ба даст салом карда метавонад?
Британӣ гуфт: дар қонуни британӣ навишта шудааст, ки ҳафт синф аз инсонҳо метавонанд бо ӯ даст ба даст салом бикунанд.
Шайх гуфт: дар мо низ ёздаҳ синф аз мардҳо метавонанд бо мусалмонзан даст ба даст салом кунанд:-
1)падар
2)бобо
3)шавҳар
4)писари шавҳар (аз дигар занаш)
5)писар
6)бародар
7)амак
8)тағо
9)писари бародар
10)писари хоҳар
11)набера
Шайх суханашро давом дода гуфт: дар қонуни шумо танҳо як малика ин қадру манзалатро дорад, аммо дар дини Ислом бошад, ҳар як зан малика аст ва ҳар як малика шахсиятҳои махсусро дорад, ки онҳо метавонанд бо ӯ даст ба даст салом кунанд, боқимондаи инсонҳо бошанд, дар пеши вай ҳамчу як шахси оддӣ ва бегона ҳисобида мешаванд ва наметавонанд бо ӯ даст ба даст салом бикунанд.
Британӣ вақте ки қадру манзалати занро дар Ислом фаҳмид дар тааҷҷуб афтод ва дигар ягон сухане гуфта натавонист.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1