Хушбахтии заношӯӣ ба мисли хонаест, ки ду занбӯр онро месозанд ва ҳарчи бештар дар он талош шавад, ширинии асали он бештар мешавад. Бештари мардум мепурсанд, ки чӣ гуна хушбахтиро дар хонаашон ба вуҷуд оваранд ва барои чӣ дар ноил шудан ба оромиши хонаводагӣ шикаст мехӯранд.
Шакке нест, ки хушбахтии заношӯӣ бар уҳдаи ҳамсару шавҳар аст, пас чорае ҷуз муҳаббат доштан ба ҳамдигар нест. Ҳадаф аз муҳаббат эҳсосоти зудгузаре нест, ки гоҳе шуълавар мешавад ва гоҳе хомӯш, балки мақсуд аз муҳаббат он созиши рӯҳӣ ва эҳсоси отифии самимӣ байни зану шавҳар аст.
Хонаи хушбахт фақат бо муҳаббат намеистад, балки бояд онро як рӯҳияи азхудгузаштагӣ ва бурдборӣ фаро гирад. Бурдборӣ ва тасомуҳ танҳо бо гумони нек доштан ва эътимод кардан ба якдигар сурат мегирад. Таовуну ҳамкорӣ омили асосӣ дар омода кардани хонаводаи хушбахт аст ва бидуни он арзиши муҳаббат ва тасомуҳ суст мегардад. Таовун ва ҳамкорӣ метавонад адабӣ ва моддӣ бошад. Аввалӣ дар маҳорати зану шавҳар дар ҳалли мушкилоти хонавода таҷассум меёбад. Бештари машаққатҳо ба сабаби таҳаммул надоштани яке аз зану шавҳар ранҷҳои тарафи дигарро ва ё дар назар нагирифтан ва риоя накардани ҳуқуқи шарикаш сарчашма мегиранд.
Бидуни ёдовар шудан аз иффате, ки бо бузургворӣ ва фурӯтанӣ ҳамроҳ буда, меҳвари зиндагии боарзиш ва асли ҳама хайр дар иртиботи инсонҳост, наметавонем омилҳои асосӣ дар омодасозии хонаи хушбахтро баршуморем. Масъулияти эҷоди хонаводаи хушбахт бар уҳдаи волидайн низ қарор мегирад ва чи бисёр забони тезу таъназананда ва табиати ҷангҷӯ, ки боиси аз байн рафтани хонавода мегардад ва чи бисёр ҳубби сарварӣ ё адами ихлос аз тарафи яке аз волидайн ва дигар чизҳои ба зоҳир хурд, аммо дар маъно бузург, ки боиси аз байн рафтани саодати хонаводагӣ мешавад.
Дар ин ҷо баъзе насиҳатҳоро зикр мекунем, ки метавонад дар хушбахтии ҳамсарат саҳми боарзиш дошта бошад.
Ба ҳамсарат иҳонат макун, зеро ҳар иҳонате дар дилу зеҳнаш боқӣ хоҳад монд. Сахттарин иҳонате, ки ҳамсарат наметавонад онро аз таҳи дил бибахшад, ҳарчанд ба забон бахшида бошад, ин аст, ки ӯро бизанӣ ё дашному носазо бигӯӣ ё падару модарашро лаънат кунӣ ва ё обрӯи онҳоро паст бизанӣ.
Рафторатро бо ҳамсарат хуб кун, то ӯ низ бо ту ба некӣ рафтор кунад. Ба ӯ бифаҳмон, ки вайро бар худат бартарӣ медиҳӣ ва дар хушбахт карданаш бисёр хоҳиш дорӣ ва муҳофизи саломатияш ҳастӣ ва агар бемор шавад, ҳар он чи дар тавонат дорӣ, фидояш мекунӣ.
Ба ёд дошта бош, ки ҳамсарат дӯст медорад, то бо ӯ бинишинӣ ва аз ҳар чизе, ки дар зеҳнат мегузарад, ҳарф бизанӣ, ба хонаат бо ҳолати туршрӯӣ ва гунг барнагард, зеро ҳамаи инҳо дар ӯ нороҳатӣ ва беэътимодиро бармеангезад.
Вазифаҳо ва корҳои шахсиеро, ки ба тахассусат вобаста аст, ба ҳамсарат таҳмил макун. Масалан, агар мутахассис дар риштаи фалак ва ситорашиносӣ ҳастӣ, аз ҳамсарат интизор надошта бош, ки ҳамчун ту ба ситораҳо ва осмонҳо таваҷҷуҳ кунад.
Дар зиндагият рост бош, то ӯ низ чунон бошад. Дар ривоят омадааст, ки Пайѓамбар (с) фармудаанд: «Бахшиш кунед, то занонатон низ бахшиш кунанд». (Ривояти Табаронӣ). Нигоҳатро ба сӯи чизе, ки барои ту ҳалол нест, маяндоз, хоҳ он чиз дар роҳ бошад ё дар сафҳаи телевизион, хусусан моҳвораҳо чӣ қадар мушкилоте дар зиндагии заношӯӣ эҷод мекунанд.
Бисёр барҳазар бош аз ин ки ғайрати занатро ба ҷунбиш биёрӣ, ба ин васила, ки ҳар боре ба ӯ ёдовар шавӣ, ки қасду майли издивоҷ дорӣ ё тааҷҷуби худатро нисбат ба яке аз занон нишон диҳӣ, ки инҳо дар даруни қалбаш ҷойгир мешаванд ва дӯстию муҳаббаташ ба шакку гумон мубаддал мегардад ва бештари он эҳсосот ба бемориҳои гуногуни ҷисмӣ падидор мегардад, аз сардард гирифта то дардҳои дигар, ки сабаби парешон шудани зиндагии онҳо мегардад.
Завҷаатро ба ёди иштибоҳоте, ки аз ӯ дар маконҳои хос сар задааст, наяндоз ва ӯро бо он иштибоҳоту айбҳо дар баробари дигарон хору шармсор макун.
Роҳу равишатро гоҳ-гоҳе ислоҳу дуруст кун, набояд фақат ҳамсаратро водор кунӣ, то рафтору сулукашро ислоҳ кунад, вале ту ба ақидаат пофишорӣ кунӣ ва ба он идома диҳӣ, зеро ин кор хашми ҳамсаратро бармеангезад, агарчи ба шӯхӣ бошад.
Аз сифоту хислатҳои некӯи ҳамсарат панду ибрат омӯз, зеро чи бисёр мардоне, ки бо дидани тамассуки ҳамсаронашон ба арзишҳои динию ахлоқӣ ва дидани аъмоли некӯи онҳо ба динашон пойбанд шудаанд.
Ҳамеша ором бош ва хашмгин машав, чунки хашм асоси кинаву буғз аст ва агар дар баробари ҳамсарат дучори иштибоҳе шудӣ, аз ӯ узр бихоҳ, вагарна шаб нахоҳӣ осуд, зеро ҳам худат хашмгин ҳастӣ ва ҳам ӯ нороҳату гирён. Ба хотир дошта бош, ҳар он чизе, ки аз он хашмгин мешавӣ, дар аксар ҳолатҳо чизи беарзише аст ва шоиста нест, ки ба хотири он сафои зиндагии заношӯиро тира созед. Аз шайтони рондашуда ба Худо паноҳ бубар ва эҳсосотатро ором кун ва бидон, ки робита ва муҳаббате, ки байни ту ва ҳамсарат вуҷуд дорад, бисёр боарзиштар аст аз он ки бо як лаҳзаи хашми зудгузар ва ё вокуниши ногаҳонӣ онро олуда ва тира созӣ.
Иҷозат бидеҳ, ки ҳамсарат бар худаш эътимод кунад, ӯро ба пайравӣ аз чорчӯбаи худат водор масоз ва ё ҳамчун хидматгоре, ки бояд дастуроти туро иҷро кунад, қарор мадеҳ, балки ӯро ба он амале, ки аз он эҳсоси оромиш мекунад, ташвиқ кун, дар тамоми корҳоят аз ӯ машварат бихоҳ ва бо равиши писандида бо ӯ суҳбат кун, ҳар гоҳ донистӣ, ки тасмимаш беҳтар аст, онро баргир ва ӯро низ аз он бохабар кун, агар бо назару андешааш розӣ нашудӣ, ӯро бо меҳрубонӣ ва нармӣ ба раъйи худат баргардон.
Ҳар гоҳ ҳамсарат ба амале иқдом кард, ки шоистаи таърифу ситоиш аст, ӯро сано ва таъриф кун, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар кас аз мардум қадрдонӣ ва сипосгузорӣ накунад, аз Худованд ҳам сипосгузорӣ намекунад». (Ривояти Тирмизӣ).
Аз сарзанишу озурдани ҳамсарат худдорӣ кун ва ӯро бо дигар занони қавму хешовандонат, ки аз хулқу рафторашон тааҷҷуб мекунӣ, муқоиса макун, то аз ӯ бихоҳӣ, ки онҳоро барои худ намуна қарор диҳад ва тамоми рафторашро монанди онҳо кунад.
Саъй кун, то имкониятҳоеро, ки боиси ташвиқи ҳамсарат ба таҳсили донишу маърифат мегардад, эҳтиром гузорӣ, масалан, агар хост, ки дар яке аз риштаҳои илм гувоҳнома ба даст оварад, онро барояш муяссар гардон ва бо муваффақияте, ки касб намуда, ҳамсозу мувофиқ бош. Албатта бо риояйи хиҷоби фарзи.
Бо тамоми вуҷуд ба ҳамсарат гӯш бидеҳ, ки ин боиси раҳоӣ ёфтани ӯ аз ғамҳо ва мусибатҳо ва сабаби парҳез аз таҳрикот ва инкорҳо мешавад, зеро бархе аз занон вуҷуд доранд, ки наметавонанд суханашонро нигоҳ доранд ва ба бадгӯии аҳли хона ва хешовандонат мепардозанд, ки дар ин ҳолат бояд бо ҳикмат ва панду андарзи некӯ амал кунӣ.
Ин эҳсосро дар ҳамсарат эҷод кун, ки аз ҳар хатаре дар амон аст ва ту лаҳзае дар ин амр кӯтоҳӣ намекунӣ ва ё заррае аз ӯ ҷудо намешавӣ.
Дар ҳамсарат ин эҳсосро ба вуҷуд биёвар, ки ту кафили таъмини ӯ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва молӣ ҳастӣ, ҳарчанд ки ӯ аз назари моддӣ дар вазъи хубе бошад ва бояд мутмаин бошад, ки ҳеҷ тамаъе дар моли ӯ надорӣ, зеро шариат ҳеҷ роҳе барои ба даст овардани амволи ӯ қарор надодааст, агарчи ӯ молдор аст, ба вай бухл маварз, ҳарчанд бениёз аст, вале ниёзи рӯҳию равонӣ дорад.
Аз равобити иҷтимоии нораво барҳазар бош, зеро бисёре аз хонаводаҳо ба сабаби ин равобити ноҷоиз пош мехӯранд ва вайрон мегарданд.
Муҳаббати ҳамсаратро бо муҳаббати волидайн ва аҳли хонадонат ҳамроҳ кун, ба гунае ки муҳаббати як тараф бар тарафи дигар ғолиб набошад, пас ба ҳар соҳиби ҳаққе ҳаққашро ба некӣ ва аз рӯи адолат бидеҳ.
Бо ҳамсарат ҳамон гуна бош, ки дӯст медорӣ ҳамсарат низ бо ту ҳамон гуна рафтор дошта бошад. Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Ҳамоно ман чизеро мехоҳам зевару зинати зан қарор диҳам, ки дӯст медорам ӯ нисбат барои ман зинат қарор диҳад».
Ба ӯ аз неъматҳои хориҷи манзил баҳраҳои осонрасе ато кун, то аз навъҳои гуногуни он баҳраманд гардад, хусусан қабл аз он ки соҳиби фарзандоне шавад ва ба онҳо саргарму машғул гардад. Дар корҳое, ки мехоҳӣ ӯ туро дар он шарик мегардонад, ту низ аз таҳи дил ӯро дар он корҳо шарики худ гардон. Гоҳ-гоҳе ба дидори аҳлу хонаводааш бирав ва иртиботи отифӣ ва эҳтироми самимии худро нисбат ба онҳо ҳифз кун.
Магузор, ки ба сабаби беш аз ҳад машғул буданат ба касбу кор эҳсоси малолу хастагӣ ва беҳолӣ кунад, аз ин рӯ, дар рӯзҳои таътил бештар ба ҳамсарат бипардоз ва ба суханону хостаҳои ӯ таваҷҷуҳ кун.
Ҳар гоҳ аз хона хориҷ шудӣ, бо лабханд ва талаби дуо бо ӯ хайрухуш кун ва ҳар гоҳ дохил шудӣ, ӯро ғофилгир накун, то омодаи мулоқот бо ту бошад, вагарна мумкин аст дар вазъе бошад, ки ту дӯст надорӣ ӯро дар он вазъият бубинӣ, ба хусус ҳангоме ки аз мусофират бармегардӣ. Ба зиндагӣ бо як айнак нигоҳ кунед. Расули Худо (с) барои занон чунин васият кардаанд: «Бо ҳамсаронат ҳамроҳӣ ва рафоқат кун». Ҳамчунин мефармоянд: «Занон барои мардон ҳамчун шақоиқ ҳастанд». (Ривояти Аҳмад). Боз мефармоянд: «Барои занон талаби хайр кунед».
Саъй кун, ки ҳамсаратро дар баъзе корҳои хона кӯмак кунӣ, зеро яке аз муоширатҳои некӯи Пайғамбар (с) ин буд, ки дар корҳои хона ба ҳамсаронаш кӯмак мерасонд. Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд: «Пайғамбар (с) дар хидмати аҳлаш буд ва ҳар гоҳ вақти намоз мерасид, барои намоз хориҷ мешуд».
Саъй кун аз костиҳои ҳамсарат чашм пӯшӣ ва барои пӯшонидани ин нуқсонҳо некиҳо ва хубиҳояшро ба ёд овар, зеро Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳеҷ марди мӯъмине набояд аз зани мӯъмине мутанаффир ва нороҳат шавад, агар як рафтори занро намеписандад, рафтори дигаре дар зан ҳаст, ки мавриди ризоят ва писанди ӯст». (Ривояти Муслим).
Шавҳар бояд бо ҳамсари худ меҳрубонӣ ва шӯхӣ кунад ва дар ин маврид аз Расули Худо (с) пайравӣ намояд, ки фармудаанд: «Пас ту бо ҳамсарат ва ӯ бо ту шӯхию мазоҳ намекунед?». Ҳатто аз ҳазрати Умар (р), ки дар ҳукмаш бисёр муҳкам ва устувор буд, ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Шоиста аст, ки мард дар байни аҳлаш монанди кӯдаке бошад, ҳарчанд дар миёни мардум ҳамчун мард бошад».
Бо баландҳимматӣ ва баландназарӣ ба интиқоди ҳамсарат гӯш фаро деҳ. Ҳамсарони Пайғамбар (с) аз назару раъйаш бармегаштанд ва он Ҳазрат (с) аз онҳо нороҳат ва хашмгин намешуд.
Ба ҳамсару фарзандонат некӣ кун, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Беҳтарини шумо, беҳтарини шумо бо занонашон ҳастанд». Пас агар ба онҳо некӣ кардӣ, ба ту некӣ мекунанд ва зиндагии машаққатбор ва фурӯмояро ба хушбахтӣ ва зиндагии гуворо мубаддал месозанд.
Бар худ ва ҳамсару фарзандонат бухл наварз ва ба равиши дуруст инфоқ кун, ки инфоқи ту бар аҳлат садақа аст. Расули Худо (с) мефармоянд: «Беҳтарин динорҳо динорест, ки барои аҳлу хонаводаат инфоқ мекунӣ».
Барои худ ва ҳамсарат дуо кун, зеро дуои банда дар ҳаққи мусулмони дигар дар пинҳонӣ мустаҷоб аст, ҳамон тавре ки дар ҳадис ворид шудааст, бинобар ин, барои беҳбудии зиндагии заношӯият барои худат ва ҳамсарат дар пинҳонӣ дуо кун.
Комментарии 1