Тақлид ба фарҳанги бегона, аз падидаҳое мебошад, ки имрӯз дарди ҷомеъа гаштааст. Дар солҳои охир тақлиди ҳар гуна либос ва дигар ҷанбаҳои фарҳангии хориҷӣ миёни ҷавонон хеле зиёд гаштааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад. Ба қавли ҷавонон ин “муд” аст, ки онҳо ҳамқадамаш мебошанд. Мехостем каме дар маъалаи мазкур таваққуф намоем: Вожаи “муд” аз забони фаронсавӣ гирифта шуда, ба маънои “усули муваққатӣ” аст, ки шеваи зиндагӣ, либоспӯшӣ ва ғайраро мувофиқи табъи мардуми як замони муайян, инъикос мекунад. Калимаи “модел” низ аз забони фаронсавӣ гирифта шуда, маънои “намуна”- ро дор ад. Бар асоси ин, мӯд фарҳангест, ки аз ҷониби як қисми ҷомеа пазируфта шуда, муддати кӯтоҳе дошта, баъд фаромӯш мешавад ва “мӯдпарастӣ” ин аст, ки шахс тарзи либоспӯшӣ, шеваи зиндагӣ ва рафтори худро мувофиқи намунаҳои навтарин ва зуд танзим мекунад.
Сабаби гароиши ҷавонон ба фарҳангу моделҳои ғарбиву хориҷӣ дар чист? Аслан ин омилҳои гуногун дорад:
1. Муҳаббати як нафар ба фарҳанги як миллати алоҳида;
2. Таъсири тамошои филмҳои хориҷӣ;
3. Таъсири истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ;
4. Таъсири муҳит (рафиқ, дуст, дустдошта)
Ғаризаи тақлид сабаби тамоюл ба мӯдҳои имрӯза мебошад, ки инсон ба он рафторҳое, ки ба назари онҳо зебост, тақлид мекунад, агар ин ғариза дуруст истифода шавад, боиси беҳбудии зиндагӣ ва сарчашмаи хушбахтӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол, нақши оила дар самти мӯд дар ҷавонон нодида гирифта шудааст. Волидайн аз ҷиҳати иртиботи эҳсосӣ бо фарзандони худ, наздиктарин муносибат доранд ва илова бар ин, онҳо барои фарзандонашон намунаи дастрас маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ, агар волидон моделҳои ғарбиро қабул кунанд, фарзандонашон низ ба онҳо пайравӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки мӯд як падидаи иҷтимоӣ-психологӣ мебошад.
Кӣ бештар ба мӯдпарастӣ майл дорад?
Одамони бесавод ва афроде, ки ба худ эътимод надоранд, бештар ба тақлиди кур-курона майл доранд. Аммо онҳое, ки дониши кофӣ доранд, бо таҳқиқ ба усуле тақлид мекунанд, ки бар манфиати худ ва миллат мебошад. Албатта, дар ин замина расонаҳо низ бояд иқдом кунанд ва аз тақлиди кур-куронаи ҷавонон ба фарҳанги бегона бо нашри барномаҳои таблиғотии худ, ин падидаи нохуби ҷамъиятиро пешгирӣ намоянд.
Аз даст додани нафс ва фаромӯш кардани асли худ яке аз мушкилиҳое ба шумор меравад, ки барои мардум ба миён меояд, ки дар ин замина мардум ба зиштии он аҳамият намедиҳанд ва мепиндоранд, ки азизонашон аз ҳар гуна камбудиву нуқсон поканд. Такрори ин масъала боиси нороҳатиҳои рафторӣ мегардад, ки мувозинат ва солимии ҷисмонӣ ва равонӣ ва шахсияти инсонро халалдор мекунад, ки натиҷаи қолабҳои номуносиб ва мӯди фиребанда аст. Мардум бояд мӯдро ба маънои нав будан аз мӯд ҷудо карда, бо интихоби моделу мӯдҳои солим, рушду нумӯи худро афзун гардонанд. Бояд қайд кард, ки агар либосҳо бо рангҳои хуб ва зебое, ки барои ҷавонон мувофиқанд, тарҳрезӣ шаванд, фикр намекунам, ки ҷавонон аз он даст кашанд.
Дигар масъалае, ки барои ҷамъияти имрӯза дардовар аст, маҳз харидани он гуна либосҳое мебошад, ки ҷавонон онҳоро аз бозорҳо ва ё мағозаҳо харидорӣ менамоянд. Дар ҳамон нархе, ки либоси туркӣ ва ё аврупоӣ харида мешавад, албатта метавон дар ҳамин маблағ либоси шинами миллие барои худ омода намуд. Дарёфт намудани маблағ албатта душвор аст, аммо барои дарёфти либоси шинам ҳеҷ монеагие вуҷуд надорад. Бинобар ин, агар бонувони мо, хусусан ҷавондухтарон дар пушидани либос ба фарҳанги миллӣ тақлид мекарданд, заминаи хубе барои инкишофи фарҳанги миллӣ мегузоштанд. Омилҳои инкишоф ва тарғиби либоси миллиро метавон аз чанд ҷиҳат ба таври пешниҳод чунин нишон дод:
1. Ҷоннок намудани чорабиниҳои фарҳангӣ (оид ба либоси миллӣ)
2. Ҷоннок намудани гурӯҳҳои корӣ дар самти мавзӯи баррасишаванда
3. Таблиғ ва ташвиқи ҷавондухтарон ба пушидани либоси миллӣ
4. Манъ намудан ва пешгирӣ намудани либосҳои ғайримиллӣ ба таври қатъӣ дар ҳар як муассиса.
Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояшон қайд менамоянд, ки “Барои як миллатро нест карданд, саравал фарҳангашро оҳиста-оҳиста аз байн мебаранд, сипас забонашро ва баъдан миллатро”.
Мутаассифона миёни баъзе аз ҷавонони мо (ҳам писарон ва ҳам духтарон) фаромӯшии фарҳанг ва фаромӯшии забони модарӣ дар солҳои охир ба чашм расида истодааст, ки албатта барои ояндаи миллати тоҷик падидаи нохубе мебошад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки дар паҳлӯи роҳбарият, сохторҳои дахлдор, мақомот ва дигар гурӯҳҳои фаъоли ҷамъиятӣ шона ба шона истода, дар ҳамин замина фаъолиятро мустаҳкам менамудем, то ин ки инкишоф ва таъсири ин гуна мудҳо, фаромушии фарҳангӣ ва костагардонии фарҳанги миллиро пешгирӣ менамудем.
Ҳакимов Н.С. - муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети забонҳои романӣ-германӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев