Дар давраи Истиқлол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатсозии забон Сарвари давлат онро ҳамчун як рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки он аз иқтидор ва нерӯю тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Афзуда бар ин, Пешвои миллат дар таълифоти илмию пажуҳишиашон муҳимтарин масоили таърихи тоҷиконро дар ҳамбастагӣ бо масъалаи забон баррасӣ намуда, иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд. Эшон ба саҳми сулолаи фарҳангпарвари Сомониён дар интишор ва расмияти сиёсию фарҳангӣ пайдо кардани забони форсии тоҷикӣ ишора менамоянд ва тулӯи оламшумули забони тоҷикиро дар фазои ҷуғрофиёи таърихии он ба талошу фаъолияти ин давлат, яъне Сомониён ва сарварони соҳибхираду маърифатпарвари он иртиботи ногусастанӣ медиҳанд.
Ин шинохту бардошти Пешвои миллат аз нақш ва таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ, муҷиби эҳёи мақому манзалати баланди забон дар давраи Истиқлол гардида, бо ибтикори бевоситаи эшон Қонуни такмилшудаи забон ва Барномаи давлатии рушди забон қабул гардид. Сипас, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфта, соли 2008 соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва ҳамасола рӯзи 5 октябр таҷлил намудани Рӯзи забон ба расмият даромад, ки ҳамаи ин тадбирҳо дар маҷмуъ дар кишвари мо барои рушд ва ривоҷи ҳаматарафаи забони тоҷикӣ фазои муносиби сиёсиву маъмурӣ ва фарҳангию маънавиро фароҳам сохт. Сарвари давлат имрӯзҳо, шахсан пушту паноҳи забони тоҷикӣ ҳастанд ва онро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувории давлат - ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, ки ин, пеш аз ҳама, барои мо зиёиён ва равшанфикрони ҷумҳурӣ боиси ифтихор ва сарафрозию пайравист.
Нуктаи дигар ин аст, ки забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати Истиқлол ва ғамхории бевоситаи Пешвои миллат аз хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад ва қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба ҷилва овард. Маҳз ба василаи суханрониҳои фасеҳи Пешвои миллат доираи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфиятҳои он дар ифодаи муҳимтарин ва нозуктарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва
маънавӣ ба кор даромаданд.
Устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ ба забондонӣ ва ишқу алоқаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтироми бепоён арҷгузорӣ намуда, дар яке аз навиштаҳояшон таъкид карда буданд, ки Ҷаноби Олӣ бевосита дар бораи забони модарӣ ва азиз доштани он суханҳое гуфтанд, ки банда дар ин умри дарозам аз ҳеҷ як Сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг бо чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин масъалаҳои рушди ҷомеаи нави тоҷикон умед метавон кард.
Ба нашр расидани асари бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» далели дигари дар кишвари мо, дар меҳвари сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому мартабаи баланд ва муҳим доштани забони тоҷикӣ аст. Бояд гуфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон ва махсусан, муҳаққиқону алоқамандони забони тоҷикӣ кайҳо боз ба чунин як асари бунёдию фарогир дар шинохти дақиқу илмии масири рушди таърихии забон ниёз доштанд, ки он хушбахтона, бо нашри китоби мазкур бароварда гардид. Ба назари мо, муҳимтарин ҷиҳати иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» дар дидгоҳ ва равишҳои пажуҳишии он аст, ки бешубҳа, аз воқеияти илми имрӯза, аз ниёзҳои маънавию маърифатии ҷомеаи мо сарчашма мегирад ва ин аҳдофу дидгоҳҳо дар муқаддимаи китоб дар чаҳор бахш ба таври фишурда ишора шудааст. Ин ҷо таъкид мешавад, ки истилоҳи “забони тоҷикӣ” ифодакунандаи мафҳуми забони давлатии мост ва аз нигоҳи таърихӣ ин истилоҳ ҳамрадифи вожаҳои “форсӣ”, “дарӣ” ва “форсии дарӣ”-ст. Нуктаи аввале, ки муаллиф зикр менамояд, ба интихобу истифодаи дидгоҳҳои таърихӣ дар шинохти забони тоҷикӣ ишорат дорад.
Далели дигари интихоби дидгоҳи таърихӣ ва таърихӣ – хронологӣ ин бобҳои якум ва чоруму панҷуми китоб аст, ки дар онҳо омил ва заминаҳои тулуъю нумуи забони форсии тоҷикӣ аз давраи қадим то замони салтанати Салҷуқиёну Ғуриён ва Хоразмшоҳиён матраҳ мегардад. Муаллиф сарнавишти таърихии забонро аз давраҳои сукунати қавмҳои ориёӣ дар минтақа баррасӣ намуда, ба хулосае меояд, ки «Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯёрӯӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад».
Дар фасли алоҳида давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, бо дарназардошти пажуҳишҳои дар ин замина анҷомшуда, дар ховаршиносии Ғарбу Шарқ ва забоншиносии тоҷикӣ таҷдиди назар шудааст, ки он муҳаққиқони таърихи забонро ба самти пажуҳишҳои тоза ҳидоят менамояд.
Консепсияи шинохти таърихии забони тоҷикӣ дар асари бунёдии мазкур аз оғоз то ба охир пайгирӣ мешавад, ки он барои таъкиди ҷанбаҳои маърифатӣ ва худшиносию худогоҳӣ доштани масъала мусоидат намудааст. Бояд гуфт, ки дар асарҳои таърихии Сарвари давлат ба таври муфассал омили хештаншиносии таърихии халқи тоҷик будани забони тоҷикӣ таъкид гардидааст. Каронаҳои Ҷайҳуну Сайҳун эътироф гардидани хостгоҳи забони форсии тоҷикӣ далели дигари саҳми бевосита доштани мардумони Хуросону Мовароуннаҳр, махсусан тоҷикони имрӯза дар боландагиву густариши забони тоҷикӣ аст. Чунон ки дар китоби мазкур омадааст: «Ин ганҷинаи нодир тақсимнопазир ва сарвати миллии ҳамаи халқҳоест, ки онро парварда ташаккулу такомул доданд ва дар тули таърихи пурҳаводис онро эмину пойдор нигоҳ дошта, имрӯз ҳам бо он гуфтугӯ мекунанд».
Консепсияи дигаре, ки дидгоҳи дигарро дар таълифи китоби мазкур муайян мекунад, ин ҷанбаи маърифатии забони миллӣ, яъне забони тоҷикӣ мебошад. Таъкид мешавад, ки «огоҳии бештари ҳамватанони азиз аз таърихи забони модарии хеш» на танҳо меҳру муҳаббат ва эҳтироми мардумро ба забон меафзояд, балки унсур ва заминаҳои маънавии худшиносии миллиро рушд медиҳад. Ба ҳамин хотир, дар китоби мавриди назар ба се марҳилаи асосии инкишофи забон ишора мешавад ва онҳо дар заминаи маводи таърихӣ аз сангнавиштаю бозёфтҳои хаттии бостоншиносӣ сар карда, то осори мактуби асримиёнагӣ баррасӣ мегарданд. Ин шеваи таҳқиқ ҷанбаҳои дигари масъалаи забонро ба миён мегузорад, ки онҳо, пеш аз ҳама, ба пайдоиш ва ташаккули тоҷикон ҳамчун як қавми ориёӣ иртибот мегирад. Бо ишора ба сарнавишти пурфоҷиаи тоҷикон ҳамчун миллати дорои таърихи қадим дар китоби мазкур омадааст: «Шояд ягон миллати дунё мисли миллати тоҷик борҳо ба вартаи фано гирифтор гардида, боз дар лаҳзаҳои вопасини ҷон бохтан аз нав мадор гирифта эҳё нашудааст, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас борҳо шикастапораҳояшро васл намуда, боз ба зинаи тозаи камолот нарасидааст». Махсусан, дар давраҳои ба сарзамини таърихии қавмҳои ориёитабор лашкар кашидани аҷнабиҳо масъалаи будану набудани ниёкони мо ба миён меомад, ки забону фарҳанг ҳамчун пуштвонаи маънавӣ халқро аз нобудӣ, миллатро аз вартаи ҳалокат раҳо ва рисолати таърихию сиёсии хешро адо менамуданд. Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин қабил масъалаҳо дар китоб саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва «забони тоҷикӣ» дар фасли алоҳида мавриди пажуҳиш қарор мегирад. Гузашта аз ин, пояҳои илмӣ ва паҳлӯҳои назарию консептуалии тоҷикшиносӣ ҳамчун як самти мустақили ҷомеашиносӣ дар давраи Истиқлол асоснок карда шудааст. Зикр мегардад, ки пажуҳишҳои солҳои охири донишмандони тоҷик дар заминаи омӯзиши масъалаи «тоҷик» ва «забони тоҷикӣ» аз нигоҳи таърихшиносию забоншиносӣ ин шохаи илми ҷомеашиносӣ ва ховаршиносии муосирро хеле ғановат бахшид. Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита махсус таъкид менамоянд, ки «бояд таҳқиқу пажуҳиши ҷанбаҳои гуногуни тоҷикшиносӣ беш аз пеш тақвият ёбад, зеро дар баробари аҳамияти илмӣ ва амалӣ ин масъала бештар хусусияти сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайдо мекунад».
Воқеан, устувору қавӣ сохтани пояҳои давлатдории навини тоҷикон дар замони муосир тавассути омӯзиши маҷмуии унсурҳое, ки ба номи давлат, миллат, сарзамин, ҳуввияти миллӣ, забон ва фарҳанги миллӣ тааллуқ доранд, аҳамияти муҳими илмӣ касб мекунанд. Масъалаи ваҳдатсозӣ ва ваҳдатофаринии забони тоҷикӣ, ки он дар таърихи мавҷудияташ ин рисолати муҳими таърихию сиёсиро борҳо бар дӯш гирифта иҷро кардааст, масъалаи дигари бунёдист, ки дар китоб ҳам аз дидгоҳи таърихӣ ва ҳам аз дидгоҳи сиёсию фарҳангӣ баррасӣ мешавад. Дар ин маврид аз таҷрибаи қавмҳои ориёӣ дар давраи қадим ва ақвоми эронитабор дар асрҳои баъдӣ мисолҳои ҷолиб ва далелҳои муътамад оварда мешавад.
Масъалаи дигаре, ки дидгоҳи сеюмро дар таълифи китоби мазкур мушаххас менамояд, ин ҷанбаи фарҳангӣ ва тарғиботӣ доштани он мебошад. Ин масъалаҳо қариб дар ҳама бобу фаслҳои китоб ба хотири равшанӣ андохтан ба равандҳои муосири омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ, пайдоишу ташаккули таърихии халқи тоҷик ва сарнавишти таърихии вожаи «тоҷик» ба мушоҳида мерасад. Дар оғози китоб ин матлаб махсус зикр мешавад: «Ҳадафи асосии мо он аст, ки хонандагон, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷои тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд».
Бояд гуфт, ки баррасиҳои дар атрофи вожаи «тоҷик», «хостгоҳи забони тоҷикӣ», давраи пайдоиши забони тоҷикӣ, густариши забони тоҷикӣ ва ғайра суратгирифта аҳдофи дар китоб зикргардидаро бароварда месозанд. Аз дидгоҳи мазкур дар китоб як андоза сарнавишти таърихии миллати тоҷик дар контексти забон баррасӣ мегардад, ки он аз як ҷиҳат идомаи мантиқии китобҳои таърихии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будани китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» - ро собит месозад. Ба маводи таърих ё саҳифаҳои пурфоҷиаю пурнишоти он ишора кардани муаллиф бештар ба хотири нишон додани мақому мартабаи миллатсозӣ ва миллатофаринии забон мебошад. Забони тоҷикӣ сарфи назар аз нуфузу фазои ҷуғрофиёии тасаллуташ тавассути осори гаронбаҳои мактуб шукӯҳу азаммат ва мақому рисолати таърихии хешро абадан сабт намудааст. Ин андешаро метавон дар ҳар бобу фасли китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» дарку эҳсос намуд.
Ба таври хулоса метавон таъкид кард, ки дар таълифи китоби номбурда нақшу мақоми миллатсозӣ, фарҳангофаринӣ, инсонгароӣ ва созандагию ваҳдатофаринии забони тоҷикӣ ҳамчун консепсияи фарогири илмӣ интихоб ва аз оғоз то анҷоми он риоят шудааст, ки он арзиши илмӣ, маърифатӣ, таърихӣ ва фарҳангии китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» - ро ба маротиб афзудааст.
Нуктаи дигари муҳиме, ки дар ин китоби бунёдии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва матни суханрониҳояшон дар ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ таъкид мешавад, ин аст, ки забон дар баробари таъриху фарҳанг ва маънавият омили бунёдиест, ки ҳувияти миллиро устувор месозад ва мақоми миллатро дар ҷаҳон баланд мебардорад.
Бо дарназардошти чунин таъкидҳои пурмазмун ва саривақтии Пешвои миллат мо – ворисони забони ноби тоҷикиро лозим аст, ки онро ҳамчун яке аз муқаддасоти муҳими миллӣ аз махлутшавӣ бо забонҳои дигар дар ин замони ҷаҳонишавӣ нигаҳдорӣ ва ҳифз намуда, бо таровату ғановати бештар ба наслҳои миллатсози оянда мерос гузорем.
Шамсиддин Солеҳов – омӯзгори факултети филологияи тоҷикӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев