“Неъмати истиқлолу озодӣ ва оромиву суботи ҷомеа ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши таърихи пурғановати миллатамон, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва таҷлили густурдаи ҷашнҳои асили миллии Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон ва эҳёву оммавӣ гардонидани онҳо тамоми заминаву имкониятҳоро фароҳам овардааст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу шаҳомати мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.
Ниёгони тоҷикон аз даврони қадим дар чор фасли сол чор ҷашни махсуси табиатро қайд мекарданд, ки ҳар яке аз онҳо бо унсурҳои моддии табиат пайванд буданд. Наврӯз дар баҳор таҷлил шуда, марбут ба замин ва хок мебошад. Дар тобистон аҷдодони мо Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки он ба об алоқаманд буд. Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ – иди ҳосилот буда, ба осмону ҳаво ва хуршед рабт дорад. Дар меҳвари ҷашни чорум – Сада оташу равшанӣ ва гармӣ қарор гирифтааст.
Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад.
Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи «Сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.
Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.
Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсирирӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҷашнҳо ва арзишҳои дигари фарҳангии мо дубора эҳё шуда, рӯ ба рушду нумӯ доранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардида буд, ки «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар давоми таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат намудаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Дарвоқеъ, таҷлили ин ва дигар ҷашнҳои суннатию анъанавии миллати кӯҳанбунёди мо бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардида, моҳият, зарурат ва муҳиммияти онҳо барои мардумони мо аз нав баррасӣ шудааст.
Ҷашни Сада дар замони соҳибистиқлолӣ бори аввал 30 январи соли 2018 ба таври расмӣ дар мамлакати мо таҷлил гардид. Аммо таърихи он ва дигар анъанаҳои ниёгон хеле кӯҳан ва тулонӣ мебошад.
Бузургии ин ҷашн дар он аст, ки ба ягон дину мазҳаб иртиботе надошта, мардумро ба муттаҳидӣ ва фаъолнокии меҳнатӣ сафарбар менамояд. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Ризои Муродӣ мегӯяд, ки «ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашни ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».
Воқеан, ҷашнҳои қадимаи Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамеша ҳамсафари мардумони ориёитабор буда, дар онҳо расму оинҳои қадимаи гузаштагонамон таҷассум гардидааст, ки барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдорӣ нақши босазое доранд.
Эҳёи ин ҷашни қадимаи ниёгон дар худ василаи сафарбарнамоӣ ва муттаҳидкуниро дорад, ки мардумро ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва покзозию таёри дидан ба айёми кишту кор омода менамояд. Ҳамзамон Садаро ҷашни гармии меҳр ва оғози рӯйдодҳои нави зиндагӣ хонда, аз замони Ҳушангпаҳлавон мардум дар қатори деҳқонию хоҷагидорӣ рӯзҳои нави майдондорию паҳлавониро низ оғоз менамуданд.
Новобаста аз оне, ки то замони соҳибистиқлолӣ баъзе монеаҳо барои таҷлили ин ҷашҳо мавҷуд буд, аммо мардуми тоҷик бештар дар кӯҳистон ин ҷашнҳоро дар шакли дигар ҷашн мегирифтанд. Масалан аз оғози ҷашни Сада то иди Наврӯз ва баъдан то моҳи май дар бисёр гӯшаҳои Тоҷикистон маъракаҳои гӯштингирӣ ва майдондорӣ сар мешуд, ки нишонаи таҷлили ҷашнҳои ниёгон буд. Яъне аз зеҳну тафаккур ва хотираи таърихии мардуми мо ин ҷашнҳои мондагор дур нашуда буданд.
Имрӯз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконият барои эҳё намудан ва дар амал татбиқ намудани ҷашнҳо ва арзишҳои миллӣ муҳайё шудааст. Мо бояд онҳоро барои ривоҷу равнақи минбаъдаи рушду инкишофи давлати миллиамон ва таблиғ дар арсаи байналмилалӣ истифода намоем. Сада аз қабили бузургтарин ҷашнҳое мебошад, ки имконияти аз сарди ба гармӣ аз торикӣ ба рушноиро дошта, мардумро ба руҳияи нав, эҳсосӣ нав ва баракати нави зиндагӣ роҳнамоӣ менамояд.
Шараф Алланазаров – сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба ном Садриддин айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев