Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофар ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти мақоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардидаанд. Ифтихор аз гузаштаи таърихи кӯҳанбунёди хеш ҳангоме пайдо мешавад, ки аз он инсон огоҳ бошаду онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандии худ, бидонад. Зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад.
Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон ва сарлашкароне аз қабили: Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Шерак, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд.
Аз ҷиҳати дигар мавриди зикр аст, ки омӯзиши таърихи Давлати Сомониён нишон медиҳад, ки шахсиятҳои муҳимми мамлакат дар пешрафти давлат чӣ нақше бозидаанд. Дар ҳама давру замон шахсиятҳои муҳимми давлат вазифаи пурмасъулият ва тақдирсозро бар дӯш доштаанд. Нахустин намояндагони Сомониён аз уҳдаи чунин коре дар он замони душвор бо шарофатмандӣ баромаданд ва давлати тоҷиконро бунёд намуданд, ки дар охири чаҳоряки асри IХ ва нимаи аввали асри Х ба авҷи шукуфоии худ расида буд. Ин ҳама боиси он гашта буд, ки сиёсати миллӣ дар он замон вуҷуд дошт. Бояд ёдовар шуд, ки сиёсати миллӣ дар зиндагии иҷтимоӣ нақши муҳим дорад. Набудани сиёсати миллӣ, ки мардумро дар рӯҳияи ватандорӣ тарбият кунад, дар пешрафти ҷомеа халал эҷод хоҳад кард.
Қайд кардан бамаврид аст, ки то соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон солҳои 90-ум дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буд. Қувваҳои мухталифи ҷоҳталаб, хусусан ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзатӣ исломӣ аз вазъияти мавҷуда, яъне аз байн рафтани дастгоҳи абарқудрати идеологӣ ва низомии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳанӯз ба шароити нав созгор нашудани сохторҳои идорӣ ва низомии давлати нави миллӣ истифода карда, даъвои ҳокимияти сиёсӣ карданд. Ҷанги шадиде ба вуқуъ пайваст, аҳолии шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳрчаву деҳот торафт ба набарди хунин кашида мешуд. Хатари нобуд шудани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ шуда буд.
Аммо бо кӯшиши фарзандони ҷоннисори тоҷик имконият даст дод, ки рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гардад ва марҳилаи наверо дар таърихи Тоҷикистони навин боз намуда, паём аз ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик диҳад. Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардид ва давлати Тоҷикистон роҳбари хешро интихоб намуд ва бо ҳамин давлати навини соҳибистиклоли Тоҷикистон соҳиби Сарвари худ гардид.
Ҷараёни таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ва якдигарфаҳмиву якдигарбахшӣ дар Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 1992 оғоз шуд. Бо имзо шудани Созишномаи оштии миллӣ марҳилаи душворе аз таърихи навини Тоҷикистон паси сар шуд. Сарвари давлат, рисолати худро ҳамчун бунёдгузори давлатдории сифатан нав, ки дар пояи сиёсати ваҳдати миллӣ ва арзишҳои демокративу дунявӣ қарор дошт, бо сарбаландӣ анҷом доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки масъулияти Ватану ватандорӣ аз ҳар яки мо меҳнати софдилона, садоқати фарзандӣ, заҳмати бунёдкоронаву талошҳои созанда, масъулияти бузургу азму иродаи қавӣ, ифтихори милливу маърифати баланд ва ниҳоят дасту дили тозаву нияти некро тақозо мекунад. Дар шароити имрӯза Тоҷикистон марҳилаи созандагиву бунёдкориро пайгирона идома медиҳад. Мо суйи татбиқи ҳадафҳои стратегии истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва озуқаворӣ зина ба зина пеш меравем. Албатта, расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ва таъмини нақшаҳои бузурги созандагӣ кори осон ва яксолаву дусола нест, балки вазифаи доимӣ ва ҳамарӯзаи мо буда, аз ҳар як фарди бонангу номуси миллат заҳмати содиқонаву софдилонаро талаб мекунад.
Дар давоми ин солҳо нерӯи созандагӣ ба саъю кӯшишҳои бунёдкоронаи мардуми сарбаланди тоҷик барои ободии кишвар дучанд афзуда, сатҳи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва шаҳрвандии онҳо хеле боло рафт.
Мо дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳуввияти милливу ифтихори ватандорӣ худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии ин сарзамини аҷдодӣ раҳнамои кардан ва сарфарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мардуми моро аз буҳрони шадид раҳо намуда, дар саросари кишвар баҳри сохтмони як силсила иншоотҳои азим асос гузошт. Бо шарофати сулҳу ваҳдат кишвари мо ба марҳилаи нави зиндагӣ-давраи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошта, сол то сол комёбиҳоро афзун мегардонад ва ба пешравиҳои намоён соҳиб мегардад.
Қобили зикр аст, ки яке аз омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ густариш ва бо рӯҳи замон мувофиқ кардани худшиносии миллӣ мебошад. Дар кишвари мо ҷараёни босуръати густариши худшиносии миллӣ ба фаъолияти Пешвои миллат пайванди ҷудонопазир дорад. Маҳз Сарвари давлат аҳамияти густариш додан ва таҳаққуқ бахшидан ба худшиносии миллиро аз масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ дониста, роҳу равиши даст ёфтан ба ин ҳадафи бузургро муайян намуданд.
Дар хулоса метавон гуфт, ки мардуми тоҷик имрӯз дорои ҳисси баланди худшиносӣ мебошад. Ин худшиносӣ дар он зоҳир мегардад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо дар атрофи сиёсати Раҳбари кишвар муттаҳиданд ва барои рушду пешрафти Ватан кӯшиш мекунанд.
Дидавар Беков,
ходими илмии АМИТ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев