(Дар партави Паём, қисми 2)
Паёми панҷум: 16 апрели соли 2005.
Бо назардошти ин ки анъанаҳои мо бо воқеияти муосири ҷомеаи демократӣ - гуногунандешӣ, таҳаммул, мавҷудият ва фаъолияти институти бисёрҳизбӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон ва сухан бой гардиданд, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистон бо роҳи дуруст равона аст ва асоси онро суботи сиёсӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Ҳадафи асосӣ ва стратегии кӯшишҳои мо таъмини амнияти миллӣ, сулҳу субот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ, пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.
Мо имрӯз дар марҳилае қарор дорем, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаҳои алоҳидаи сайёра метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад, равандҳои глобализатсияи халқҳо ва миллатҳои гуногунро таҳти таъсири қарор диҳанд, яъне ҷомеаи башарӣ ва муҳите, ки инсоният дар он умр ба сар мебарад, ниҳоят осебпазир гаштааст. Дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то кормандони баландпояи мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсат, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳо, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Бори дигар таъкид кардан зарур, ки ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад.
Паёми шашум. 20 апрели соли 2006.
Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу ҷодаҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ равшан гардид.
Мо итминони комил дорем, ки санаву ҷашнҳои мубораки миллӣ ба густариш ва таҳким ёфтани худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуда, дар айни замон боиси боз ҳам ободу зебо шудани Ватани аҷдодии мо мегарданд.
Паёми ҳафтум. 30 апрели соли 2007.
Ташаккули давлати миллӣ ва эҷоди пояҳову анъанаҳои давлатдории миллӣ бо раванди тавсеаи ҳисси худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шинохти таърих ва арзишҳои ахлоқии ниёгонамон робитаи мустақил доранд. Дар ин раванд мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки тоҷикон ҳамчун яке аз қавмҳои қадимаи мардуми эронинаҷот соҳиби таърихи беш аз панҷоҳҳазорсолаи тамаддун ва фарҳанги давлатсозиву давлатдорӣ мебошанд.
Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эзодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст.
Чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили солгарди фарзандони фарзонаи миллат, ҷашни шаҳрҳои бостонии кишвар ва ба ин монанд маъракаҳо аз як тараф арҷгузории шоиста ва ба ҷо овардани эҳтиром ба гузаштаи худамон бошад, аз тарафи дигар тарбияи эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ дар қалбҳои мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон, тақвияти худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Масъалаи дигаре, ки мазмуну муҳтавои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда ба ҳалли он иртиботи ногусастанӣ дорад, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум аст.
Имрӯз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.
Паёми ҳаштум. 25 апрели соли 2008.
Пешвои миллат дар паёми навбатӣ, аз ҷумла чунин иброз намуд: “Мо борҳо изҳор доштем, ки фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат буда, дар ташаккулу такмили ҷаҳони маънавии ҷомеа ва таквияти андешаву рӯҳияи миллӣ нақши муассир ва ҳатто муайянкунанда мебозад.
Асоси сиёсати фарҳанги давлати мо тавассути тарғиби ҳамаҷонибаи таърихи ибратомӯзи халқамон мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабии миллати куҳанбунёдамон, арзишҳои милливу умумибашарӣ баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти Ватанамон мебошад.
Паёми нуҳум. 15 апрели соли 2009.
Албатта сатҳи баланди тафаккури гуманитарӣ, ки мардумро бо худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва фарҳанги пурғановати миллати худ ҳидоят мекунад, бисёр муҳим аст... ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.
Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари руҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктарро эҷод накардааст. Мо имрӯз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорем. Дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи созандае мебошад. Аз ин рӯ, сиёсати фарҳангии мо ба омӯзишу қадрдонии мероси фарзандони барӯманди халқи тоҷик, эҳё ва истифодаи арзишҳои умумибашарии онҳо ба манфиати ҷомеа нигаронида шудааст.
Фаромӯш набояд кард, ки бе рушди забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, пеш аз ҳама, масъулияти бевоситаи ҳар як роҳбару корманди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як зиёӣ мебошад. Инро ҳар як фарди баангу номуси миллат, ки ба ояндаи неки Ватан хушбин аст ва мехоҳад давлаташ комилан соҳибистиқлолу мутараққӣ бошад, бояд дарк намояд.
Комилан яқин аст, ки соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва сиёсати бисёрсамтаи мо ба доираҳои муайян хуш намеояд. Албатта, дар ҳаёти ҷомеаи мо масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Мо инро хуб медонем ва барои рафъи камбудиву норасоиҳои мавҷуда пайваста тадбирҳо меандешем. Аз ҳама муҳимаш, дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ки ин ба манфиати доираҳои бадхоҳи миллати тоҷик ва давлати тоҷики мост”.
Халқи тоҷик бояд аз қасду ниятҳои бадхоҳони миллат огоҳ бошад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ба ҳеҷ ваҷҳ рӯҳафтода нагардад. Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки воситаҳои ахбори омма натанҳо дастгоҳи тавонои хабарб бояд бошад, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд. Ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва нашрияҳои даврӣ дар шароити бӯҳрони молиявии иқтисоди ҷаҳонӣ бояд истиқлолият, ваҳдат ва манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузошта дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Паёми даҳум. 24 апрели соли 2010.
Дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовезҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он сатҳи маърифати мардум баланд аст, ҳаргуна рафтору эҳсосот ва дасисаву ғавғо натиҷа намедиҳад. Пешвои миллат дар паёми навбатии хеш хуб қайд мекунад: “Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар ӯҳдаи онҳо меафтад. Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба илму касбомӯзӣ ҳарчи бештар ҷалб кунем, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи зиндагии солимро тарғиб созем. Ин натанҳо вазифаи ҷонии падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо пойдевори давлатдории худро мустаҳкам месозем ва дилпурона пеш меравем”.
Нақши фарҳанг дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва афзудани эътибори кишварамон дар арсаи ҷаҳон ниҳоят бузург аст. Дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи созандае мебошад.
Паёми ёздаҳум. 20 апрели соли 2011.
Пешвои миллат дар оғози паёми навбатиаш аз ҷумла чунин гуфтвед: “Тавре ки ҳамватанони азизи мо дар ёд доранд, солҳои аввали истиқлолият барои давлати ҷавони мо солҳои ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд ва аз ҳар кадоми мо ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба Ватан баргардондани як миллион нафар фирориён ва ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиву иҷтимоиёти кишвар кӯшишу заҳмати азими шабонарӯзиро тақозо доштанд”.
Лоиҳаи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз муҳимтарин санадҳои ба танзимдарорандаи одобу ахлоқ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Зеро равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозад, ки имрӯз сатҳи пешрафту инкишофи ҳаёти маънавии инсониятро ба шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушдунумӯи илму маориф ва техникаву технологияҳои муосир муайян мекунад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонад. Бинобар ин, миллати тоҷик, бахусус ҷавонон ва наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар миллати огоҳи соҳибфарҳанг мебошад.
Барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки хоҳу нохоҳ фосилаи замону вақт, сарҳадҳои маънавӣ ва асолати фарҳангии давлатдории миллиро тағйир медиҳад. Тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф додан, арзишҳои миллии худро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту суботи ҷомеаи кишварро мустаҳкам намудан, сатҳи огоҳии мардум, заҳматталаби сиёсати давлатдорӣ ва фарҳанги мо мебошад.
Дар баробари ин, хотирнишон кардан мумкин, ки ифтихори миллӣ набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, парвози аҳли башарият ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад. Баръакс, мо ҳар қадаре Ватан ва миллатамонро дӯст дорем, бояд ба ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникиву технологияи замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва онҳоро дар ҳаёт татбиқ намоем. Дар айни замон, баробари пазируфтани арзишҳои волои умумибашарӣ мебояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси худ ворид шуда, чун давлати мутамаддини миллӣ сӯи низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш равем.
Вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки дар доираи самтҳои қабулшудаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати соҳибистиқлоламон иҷрои саривақтиву самарабахши дастуру супоришҳои додашуда ва масъалаҳои зикргардидаро, ки ба фаъолияти созандаи Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобастаанд, таъмин намоем. Дар чунин шароити ҳассос ва зудтағйирёбандаи сайёра вазифаи имониву инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳар як фарди банангу номуси миллати сарбаланди тоҷик бояд аз таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ иборат бошад. Фақат дар ҳамин сурат ва танҳо бо заҳмати шабонарӯзии содиқонаву софдилона мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавонои тамоми мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи худро бартараф созем, нақшаву ниятҳои неки худро ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизи соҳибистиқлоламон бо дасти пок ва дилу нияти нек иҷро намоем ва дар ояндаи наздик зиндагии мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони озодро ба сатҳу сифати шоиста расонем.
Паёми дувоздаҳум. 20 апрели соли 2012.
Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар соли таҷлили ду санаи бузургу тақдирсози давлати Тоҷикистон, яъне 20-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва 16-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ пешниҳод гардид. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бист сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Муҳимтар аз ҳама ин буд, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.
Пешвои миллат дар паёми хеш чунин иброз намудаанд: “Итминони комил дорам, ки маҳз хираду дониши мардми куҳанбунёди мо ва ваҳдати миллии халқи Тоҷикистон имкон медиҳад, то мо ҳадафҳои стратегиамонро зина ба зина амалӣ намуда, дар давраи миёнамуҳлат сатҳи рушди босуботи кишварро таъмин намоем. Агар ҳамаи мову шумо ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона заҳмат кунем, бешубҳа, мушкилоти мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф ва зиндагии ояндаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳама давру замон нерӯи инсонӣ бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад.
Бе истифодаи ҳарчӣ пурраву пурсамар аз ин неруи бузург хусусан мардуми солдору заҳматкаш ва бонангу номус мо вазифадорем, ки пешрафти давлати соҳибихтиёри худ, волоияти қонун, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ, тараққиёти илму маориф ва адабу ҳунар, вусъати корҳои ободониву созандагии сарзамини муқаддасамон ва тавсеаи тафаккуру андешаи ватандӯстона ва инсонгароёнаро, ки хислати азалии миллати ватанпарвари мо мебошад, таъмин намоем.
Иҷлосияи таърихии 16-ум сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард. Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳуввияти миллии худ ворид гардем ва дар мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем.
Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем. Ин исботи воқеии он хоҳад гардид, ки мо ворисони ҳақиқии гузаштагони некноми хеш мебошем.
Қозиён Шариф Қозӣ – мудири кафедраи ҳуқуқ, номзади илмҳои ҳуқуқ, доктори илмҳои сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев