Дар ягон дарву замон роҳи давлатдориву истиқлоли тоҷикон росту бегазанд набуд. Зеро аҷнабиён пайваста дар пайи расонидани зиёну газанд сари андеша буданд. Ва ин буд, ки дар дарозои таърих халқи тоҷик 13 маротиба соҳиби давлатҳои миллӣ шуда, аз дасти аҷнабиёну хоинони дохилӣ шикаст хӯрдааст. Аммо баъди ҳамаи шикасту ноадолатиҳои таърихӣ халқи тоҷик боз соҳиби давлат ва истиқлолу ваҳдат мегардид, ки душманонашро ором намегузошт. Душманони ҷонии миллат кӯшиш мекарданд, ки ҳатто аз хотираи таърихӣ номи тоҷик ва халқи тоҷикро нобуд созанд. Аммо осори гаронбаҳою ҷовидонаи фарзандони миллат, намояндагони адабиёти классику муосир номи тоҷик, фарҳанги тоҷик, тамаддуни тоҷикро дар таърихи башарӣ абадӣ нақш баста буданд.
Таърих меваи истиқлолро барои кишварҳо арзонӣ надорад, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ин неъмат ба арзонӣ насиб нагашт. Чунки дар паси ин дастоварди бузург, ҷангу бесарусомонӣ, хиёнату бегонапарастӣ ва фитнаҳои муғризонаи душманон хобидаанд. Истиқлолият неъмати олии илоҳӣ буда, дар он хотираи таърих, орзуву армони аҷдодон, ҳувияту асолати миллӣ, ифтихору худшиносии миллӣ, давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ таҷассум ёфтааст. Истиқлолияти сиёсӣ ин ноил шудан ба дастовардаҳои бузург, таъмини амнияту сулҳи сартосарӣ ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Истиқлолият на ба ҳар халқу миллат насиб мегардад. Зеро истиқлолият натиҷаи муборизаҳои сулҳҷуёна, озодихоҳӣ ва ваҳдатгароӣ мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои миллати тоҷик низ ба осонӣ насиб нагашт. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ҳавои моро абру борони ҷанги шаҳрвандӣ, бозиҳои ҳаргуна гурӯҳҳои манфиатталаб ва фитнаҳои ташкилотҳои экстрмистиву террористӣ фаро гирифт. Озодӣ ва истиқлолияти моро аз рӯзҳои аввал бо саҳнаҳои ҷангу ҷидол, қатлу куштори фарзандони миллат, майдоннишиниҳо, террору ғорати давлат ба ришта кашиданд. Аммо шарори истиқлолхоҳӣ, озодхоҳӣ, соҳибихтиёрӣ, эҳтироми сулҳу ваҳдат ва амнияту давлатдорӣ дар дилҳои мардуми тоҷик хомӯш нашуда буд. Душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик чашм ба ҳар як ваҷаб замини кӯҳистонаш андӯхта буданд. Фурсат меҷустанд, то ки шарори истиқлол, ҳувияту ифтихорӣ моро хомӯш ва Ватани азизи моро пора – пора созанд.
Хушбахтона имрӯз истиқлоли мо 33 сола аст. Шаҳди истиқлолу ваҳдатро мардуми тоҷик тӯли се даҳсола аст, ки мечашаду шукрона аз он мегӯяд. Чунки ба муносибати истиқлол орзуҳо бароварда шуда, зиндагии мардуми тоҷик рӯз аз рӯз беҳтар гардид.
Мутаасифона, имрӯз низ гурӯҳу ташкилотҳо ва давлатҳое мавҷуданд, ки истиқлолу суботи сиёсӣ ва сулҳу ваҳдати моро намехоҳанд ва пайваста талош доранд, то ки роҳи пешрафту тараққиёт ва рушду инкишофи давлатро бигиранд. Чунин андешаи манфӣ ва ғаразнок сармашқи душманони миллат аст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дигар ҳаргиз ниятҳои нопоку ҳадафҳои ғаразнокӣ душманони нотавону кутоҳбини миллат амалӣ намешавад ва нахоҳад шуд.
Рустамов Суҳроб,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев