Парчам дар даври қадим бо номи “Дирафши ковиён” пайдо ва машҳур шуда буд. Дирафши ковиён, дирафши Коваи оҳангарро дар назар дорад, ки қаҳрамони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Дирафши ковиён - пешгири чармини худро Коваи оҳангар бар сари чӯбе баста, ба муқобили Заҳҳоки Морон бархост, халқро ба шӯриш даъват намуд ва бар Заҳҳок ғалаба кард. Шоҳ Фариддун он байрақро муқаддас шумурда, бо зару ҷавоҳирот ороста буд ва Арабҳо онро ҳангоми истилои Эрон ба ғорат бурданд. Ҳар як миллату халқ дар роҳи тамаддун рамзи зиёдеро офаридааст, ки таърих, сарнавишт ва мазмуну моҳият дошта, таҷассумгари умеду орзуҳои мардум мебошанд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ зикр мегардад, ки «Дирафши Ковиён» солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимаи ориёӣ — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст, ки онро арабҳои истилогару тамаддунсӯз ба яғмо бурдаанд. Парчами давлатии Ҳахоманишиҳо (558-330 то милод), ки аз харобаҳои Тахти Ҷамшед ёфт мегардад, ранги сурх дошта, бо шилшилаҳои сурху сафеду сабз оро ёфта, дар мобайни он рамзи қадимтарини авастоӣ ва ориёӣ — Уқоби Хуршед тасвир шудааст. Парчами Аморати Бухоро (1753-1920) аз матои сабзи рӯшан иборат будааст, ки дар паҳлуи дастаи он бо оби тилло суханони «Султон сояи Худост дар рӯи замин» ва дар гӯшаи озоди он калимаи шаҳодат — «Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ, Муҳаммад расули Худост» ба забони арабӣ навишта шудааст.
Мутаассифона, парчамҳои давлатҳои минбаъдаи тоҷикон, аз ҷумла, Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903) ва Сомониён (875-999), то замони мо нарасидаанд.
Парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (23.09.1921-27.10.1924) иборат аз ду порчаи ранги сабз ва сурх будааст, ки дар дохилаш тас¬вири тиллоии моҳи ҳилол, ситораи панҷгӯша ва дар гӯшаи болоии он ба забони тоҷикӣ «Ҷ.Ш.Х.Б.» (Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро) сабт шуда аст.
Парчами Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мисли парчамҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ матои саропо сурхранг дошт, ки дар канори чапаш акси досу болға (рамзи муттаҳидии синфи коргару деҳқон), ситораи панҷгӯша ва навиштаҷоти «Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» бо ҳуруфоти арабиасоси тоҷикӣ сабт гардида буданд.
Дар ибтидо Парчами ҶШС Тоҷикистон аз матои якранги сурхи дар қисмати болои тарафи чапаш бо ҳарфҳои лотинии зарҳалӣ «RCC Tojikiston» (РСС Тоҷикистон) сабтгардида иборат буд. Минбаъд дар кунҷи тарафи чапи он тасвири досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо тоҷикӣ ва русӣ «RCC Tojikiston» ва «Таджикская ССР» илова гардиданд. 20 марти соли 1953 Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қарор «Дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки мутобиқи он, Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон, иттиҳоди мустаҳками табақаҳои коргар, деҳқон ва дӯстиву бародарии халқҳои собиқ ИҶШС-ро ифода мекард.
Дар заминаи парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 соҳибихтиёрӣ, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Вале, бинобар нооромиҳои сиёсӣ, сари вақт рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул нагардиданд. Танҳо дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон, дар заминаи барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, бо ташаб¬бус ва пофишории Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон (Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович) 24 ноябри соли 1992 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр соҳиби Парчами давлатӣ гардид.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шуда, бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:
1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.
Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.
Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфта буданд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем.
Диловари Бобомурод,
Шодмонова Давлатмоҳ, омӯзгорони
факултети математика ва информатикаи
ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев