Нафси ( ﺃﻣﺎﺭﺓ ﺑﺎﻟﺴﻮﺀ ) ( ҷалбкунанда ба суи гуноҳ) аст. Сухани уламо дар робита бо нафси (ﺃﻣﺎﺭﺓ ﺑﺎﻟﺴﻮﺀ ) бисёр дарднок мебошад, ин нафс қароргоҳ ва паноҳгоҳи бадиҳо дар бадан мебошад. Худованди мутаъол дар робита бо он нафсеро тавсиф менамояд ки сухан мегуяд: ﻭَﻣَﺎ ﺃُﺑَﺮِّﻯﺀُ ﻧَﻔْﺴِﻲ ﺇِﻥَّ ﺍﻟﻨَّﻔْﺲَ ﻷَﻣَّﺎﺭَﺓٌ ﺑِﺎﻟﺴُّﻮﺀِ ﺇِﻻَّ ﻣَﺎ ﺭَﺣِﻢَ ﺭَﺑِّﻲَ Тарҷума: «Ва ман нафси худро ба покӣ сифат намекунам, ҳамоно нафс бисёрфармоянда ба бадӣ аст, магар он вақт, ки Парвардигори ман меҳрубонӣ кунад.» (сураи Юсуф 53) 2. Нафси (ﻟﻮﺍﻣﺔ ) (маломатгар) аст, ин нафс ҳамон нафсе аст ки соҳибашро маломат ва сарзаниш мекунад яъне агар соҳиби ин нафс муртакиби гуноҳе шавад ин нафс уро маломат мекунад ва эҳсоси пушаймони мекунад. Худрванди мутъол дар робита ба ин нафс мефармояд: ﻟَﺎ ﺃُﻗْﺴِﻢُ ﺑِﻴَﻮْﻡِ ﺍﻟْﻘِﻴَﺎﻣَﺔِ 1 ﻭَﻟَﺎ ﺃُﻗْﺴِﻢُ ﺑِﺎﻟﻨَّﻔْﺲِ ﺍﻟﻠَّﻮَّﺍﻣَﺔِ 2 Тарҷума: « Савганд мехӯрам ба рузи Қиёмат. Ва савганд мехӯрам ба нафси маломаткунанда.» (сураи Қиёмат 1-2) 3. Нафси (ﻣﻄﻤﺌﻨﺔ ) (оромгиранда) аст, ҳамон гуна ки нафси амркунанда ба гуноҳ ҷойгоҳи баде аст нафси (ﻣﻄﻤﺌﻨﺔ ) ҷойгоҳи имон ва нур аст. Нафси (ﻣﻄﻤﺌﻨﺔ ) назди Худованд бисёр гироми аст ва барои Худо аз Каъбаҳам дустдоштанитар мебошад зеро ҷойгоҳ ва маҳали имон дар руи замин аст. Ин нафс дар баробари Худо хошеъ ва фурутан аст ва бар Худо таваккул мекунад ба Худо эътимод дорад ва ба У ишқ меварзад инчунин умури зиндагии худро вобаста ба дастуроти Худованд поярези мекунад, ҳамон гуна ки Худованд дар Қуръон ба мо итилоъ додааст онро гироми доштааст, чуноне ки мефармояд: ﻳَﺎ ﺃَﻳَّﺘُﻬَﺎ ﺍﻟﻨَّﻔْﺲُ ﺍﻟْﻤُﻄْﻤَﺌِﻨَّﺔُ 27 ﺍﺭْﺟِﻌِﻲ ﺇِﻟَﻰ ﺭَﺑِّﻚِ ﺭَﺍﺿِﻴَﺔً ﻣَّﺮْﺿِﻴَّﺔً 28 ﻓَﺎﺩْﺧُﻠِﻲ ﻓِﻲ ﻋِﺒَﺎﺩِﻱ 29 ﻭَﺍﺩْﺧُﻠِﻲ ﺟَﻨَّﺘِﻲ 30 Тарҷума: «Эй нафси оромгиранда! Ба сӯи Парвардигори хеш бозгард, [дар ҳоле ки] ту хушнуд шудаӣ ва аз ту низ хушнуд гашта. Пас, ба (зумраи) бандагони хоси Ман даро;. Ва ба биҳишти Ман даро.» (сураи Фаҷр 27-30)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев