Попи Рум Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, дар паёме аз тамоми динҳои Сурия даъват кард, ки эҳтироми мутақобила нишон диҳанд.
Ба гузориши хабаргузории “Ал-Қудси Арабӣ”, Попи Рум Франсис имрӯз, чаҳоршанбеи 11-уми декабр, пас аз се рӯзи суқути режими Башор Асад дар Сурия аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Сурия хостори эҳтироми мутақобил миёни тамоми динҳо дар ин кишвар шуд.
Вай дар суханронии ҳарҳафтаинаи худ дар қароргоҳи Ватикан изҳори умедворӣ кард, ки мардуми Сурия дар ин кишвар дар саломат ва беҳатар зиндагӣ хоҳанд кард ва динҳои гуногун бо ростқавлӣ ва эҳтироми мутақобил барои ноил шудан ба некӣ ба мардуми азияткашида талош хоҳанд кард ва ҷанги чандинсоларо аз байн мебаранд.
Попи Рум ҳамчунин хостори дарёфти роҳи ҳалли сиёсӣ барои таҳкими субот ва ҳифзи ваҳдат дар Сурия ва ҷилавгирӣ аз низоъ ва тафриқаи ин кишвар шуд.
Вай ҳамчунин аз мухолифони мусаллаҳе, ки ҳукумати Башор Асадро сарнагун кард, хост, то субот дар Сурияро ба даст оваранд ва ба тавре ҳукумат кунанд, ки ваҳдати миллӣ дар ин кишвар ба вуҷуд ояд. https://tajikpress.com/2024/12/12/%d1%80%d1%83%d0%bc-%d0%bf%d0%be%d0%bf-%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев