КАМЕ АНДЕША БИКУН🍂
КУЛЛУ НАФСИН ЗАИКАТУЛ МАВТ😔😔😔😔
Шояд, имрӯз яке аз муҳимтарини лаҳзаи зиндагит бошад. Шояд имрӯз марг ба суроғат ояд. Бигӯй, оё ту омодаи ҳамин рӯз дунёро падруд гӯйӣ ва ба сарои охират бипайвандӣ? Бигӯй, оё ту омодаи, ки хонаву дарат, аҳлу оилаат ва бо хешовандонат хайру хуш кунӣ ва онҳоро ранҷ надода бошӣ. Бигӯй, оё ту омодаи, ки бо ҳамин корҳои ҳаррӯзаат ва бо ҳамин амалҳоят ба ҳаёти боқӣ биравӣ?
Эй шахсе, ки ин навиштаҷотро хонда истодаӣ!!
Бидон агар ҳазор сол Умр бубинӣ бозам рӯзе аз рӯзҳо албатта Марг ба суроғат хоҳад омад.
Пас пайгири амалҳои солеҳ бош, ва ба дидори Парвардгорат омода бош. Намоз бихон, Закот бидеҳ, Рӯза бидор ва Тақворо пеша бикун.
Аз Аллоҳ ва аз ғазаби Ӯ битарс.
Илм дарёфт бикун, вақтро беҳуда сарф макун. Ба Падару Модарат, фарзандонат, хешу таборат ва ҳамсаронат суханҳои хуб бигӯй.
Аммо ҳеҷвақт Маргро фаромӯш макун. Чун Маргро фаромӯш кардӣ, хотират ҷамъ мешавад ва ба сӯйи гуноҳон майл хоҳӣ кард. Ва марг метавонад ҳамон лаҳзае биёяд, ки ту омодагияшро надошта боши. Пас омода бош🍂
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев