Предыдущая публикация
💔🍂
Ҷаҳон бинам пур аз одам вале инсон намеёбам,
Агар ёбам пур аз макру дар он имон намеёбам.
Чунон мағрури худхоҳанд, зи роҳи Ҳақ гумроҳанд,
Агар қалбе биёбам ман вале бо ҷон намеёбам.
Бубин фарзанди одамро, чунон ғарқ аст дар исён,
Агар номаш шавад одам дар ӯ виҷдон намеёбам.
🍂💔
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев