Зи роҳи ҳасрату армон туро дигар намеёбам,
Ҷаҳон аз ошноиҳо дарак надҳад дигар баҳрам,
Чу бегона ба ҳар имкон туро дигар намеёбам.
Кунун сӯзам мисоли шамъ, чунон сӯзад басо миҷмар,
Ва гар бе дардаму дармон, туро дигар намеёбам,
Чу роҳи интизориҳо ба сарсони паси сар шуд,
Бидуни аҳдаму паймон, туро дигар намеёбам.
Сафар нокарда чун рафтӣ, канорат ҷӯи хун гардид,
Зи дастам рафтааст имкон, туро дигар намеёбам,
Ҷаҳон буд фитна бар ҷонат, нагун гаштӣ ба зери хок,
Дар ин дунёи бесомон туро дигар намеёбам.
Ҳадиси ишқи мову ту ҷаҳон бигрифт чу осоре,
Чу асрорат бирафт пинҳон, туро дигар намеёбам,
Гуҳар гум кардаам аз махзани дурдонаҳои ёд,
Замон бигзаштааст осон, туро дигар намеёбам.
Муроди дил набуд танҳоӣ дар як гӯшаи зулмат,
Наҷотамро наяст имкон, туро дигар намеёбам,
Ҳабиби қалби ҳақгӯям, бирафтӣ бо ҷафо аз ман,
Бимонд ашкам бари миҷгон, туро дигар намеёбам.
Ғазал ҳаргиз намегуфтам, агар байти дилам будӣ,
Расид дардам ба марзи ҷон, туро дигар намеёбам,
Сабукдӯшам зи бори ғам, агарчи муддате охир,
Зи байни шодиву афғон туро дигар намеёбам.
❤️afruz
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев