Чу як қосиди Ҳақ дар сарнавиштам,
Бароят набзи ҷонам метапад боз,
Зи дасти шафқатат умр гирад оғоз.
Барои бахти ман ашкат бирехтӣ,
Куҷоӣ, раҳкушову чорасозам?
Ки ҳар як тори мӯят менамояд,
Сафедии дилат эй сарфарозам.
Падар оини некӯкорӣ дар халқ,
Падар бошад ризоманд, розӣ аст Ҳақ,
Падар бидҳад такон виҷдони инсон,
Ҳамеша дар раҳам побанди армон.
Биёмузам ҳанӯз дарси садоқат,
Дабистони падар андар хурӯш аст,
Талабгораш дили уммедворам,
Ки аз ҳарфу ҳадисаш бас хамӯш аст.
Падар чун шаҳсутуни гунбади арш,
Ва гар дорад ғазаб, он дам биҷунбад,
Дуои хайраш оғози раҳи ман,
Ки фарзандаш ба ҳар ашкаш наарзад.
Макун гиря падарҷонам, макун ҳеҷ,
Ба роҳи носипос фарзанди дилбанд,
Чӣ кардам ман бароят, ки бисӯзӣ?
Саропо баҳри ман, эй зафарманд.
Манам пирӯз ба ҳарби зиндагонӣ,
Падар дорам, ҳанӯз болу парам ҳаст,
Набуд озодиям аз кунҷи ғафлат,
Ба дил гарчи ғубори ғусса биншаст.
Кунам худро надомат, нотавонам,
Ба пеши сарнавишту печутобам,
Падар лекин зи зулматҳо раҳо кард,
Дами лабташнагӣ ҳар қатра обам.
Ягона шахс, ки қалбамро набишкаст,
Маруфт ҳарф бо дуруштӣ бар хатоям,
Набошам гарди хокат гар падарҷон,
Ки ҳастиям муҳим нест, носазоям...
Чу тифл будам, ба қанд ширинӣ додӣ,
Калон гаштам, қадамҳоям ниҳодӣ
Навозиш кардӣ бо як лаҳни шево,
Ба нурат карда умрамро муҷалло.
Падарҷон, муждаи нек аз биҳиштам,
Зи думболат бигардам нексириштам,
Ки то аз ҳикматат ганҷе физоям,
Раҳи уммед ба фардоям намоям.
Падар, модар нишот аз зиндагонӣ,
Ба даври ҳам камолоту ҷавонӣ,
Натобад партави нур бар сари ман,
Агар ҳеҷ гаҳ набошанд дар амонӣ.
Падар бошад замин, модар чу гардун,
Падар хуршеду модар моҳи пурнур,
Падар ҷонам, ки модар ҳамчу ҷисмам,
Зи ҳар дарду зи офатҳо бувад дур.
Падарҷон, соябон андар сари ман,
Ҳамеша хушкалом бар модари ман,
Бихоҳам умри ҷовид, ҷисми солим,
Ба мисли ҳадя аз қисмат бари ман...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3