ТОҶИКАМ...
Ҳамд бо номат ҳамегӯям, Худоро, Тоҷикам,
Сад дуруд бар Ё-сину мар Мустафоро, Тоҷикам.
Васфи ту гӯям, ҳамеша бо каломи дилнишин,
Шаҳду ширини забонам гулшаноро, Тоҷикам.
Тоҷдорам, тоҷи давлат бар сарам зебанда аст,
Вориси Сомониям, Ҷамшеду Доро, Тоҷикам.
Баҳри мо "Лав кона илман" омад аз қавли Расул,
То Сурайё ин башорат бурда моро, Тоҷикам.
Шамси тобонам, парастам он имоми босафо,
Бандаам бар Бӯҳанифа, к-он сафоро, Тоҷикам.
Васф карда, шоиронам ин забони Паҳлавӣ,
Зинда бодо, то абад ҳарфи қазоро, Тоҷикам!
"Бӯи ҷӯи Мӯлиён"-аш шӯҳраи олам гирифт,
Шеър гуфтанду бигӯям оламоро, Тоҷикам.
Панди пиронат шунудам, лаззати оби ҳаёт,
Кавсару имону динам, ошкоро, Тоҷикам!
Ҳафт
Нет комментариев