барии ҳам афтодаст,
Як дил ба диле дасти
муҳаббат додаст.
Рақседу ғами ҷудоӣ аз
дил ронед,
Гулғунчаи бахти ду
ҷавон бикшодаст.
****
Ало ёрон шуморо бахти
неку ҳамсафар бодо,
Шаби фардоятон
равшантар аз руйи
саҳар бодо.
Барои рузгори нав
қадам якҷоя бинҳодед,
Қадамҳотон аз аввал то
ба охир бехатар бодо.
Ба ин ҷуфти ҷавони
чеҳрахандон бахт
мехоҳам,
Ба ин ду ғунчаи даврон
бахт мехоҳам.
Барои шаҳпарӣ
парвози ҳарду рафтори
иқбол,
Барои қалби пуртуғёни
онон бахт мехоҳам.
Хуршедсифат басо
ҷаҳонгир шавед,
Садсола шавед,баъд аз
он пир шавед.
** **
Хонадони ошикон обод
бод!
Ахли ин даргох доим
шод бод!
Ханда бошад сарвати
умри шумо.
Аз матонат бахтатон
бунёд .
Шаби васлу
шарафмандӣ муборак,
Чунин шодию хурсандӣ
муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ
муборак,
Чу нахле гашта
пайвандӣ муборак!
Муборак ин шаби шодӣ
муборак!
Муборак хонаободӣ
муборак!
****
Домомду арус хона
муборак бодо!
Пероҳани туёна
муборак бодо!
Дунёи дигар паси тори
чимилиқ,
Шоҳонаю фарзона
муборак бодо.
Муборак , шодии ёрон
муборак!
Муборак, хонаободон
муборак!
Ду авлодро ба ҳам
пайванд кардед,
Шаби пайвастани авлод
муборак!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев