Ҳар коре, ки мекунӣ, танҳо холис аз барои Худо кун. Ба ҷуз Худо аз касе подоши амалро мунтазир машав. Агар кори неке кардӣ, ҳеҷ эътибор надеҳ, ки заҳмати туро қадр накарданд. Ва некии худро ботил макун бо миннат, балки аҷру савобашро аз Аллоҳ интизор шав. Чуноне Аллоҳ таъоло мефармояд.
"Талаб мекунанд бузургиро аз Аллоҳ ва хушнудиро"
(сураи Фатҳ, ояти 29).
Пас муомилаи ту танҳо бо Худо бояд бошад. Ӯ зоти диҳандаву гиранда, азизкунандаву хору залилкунанда аст.
Дар Қандаҳор бисёр нафарон шаҳид шуданд. Пас ҳазрати Умар пурсиданд, ки кушташудагон киёнанд. Сипас баъзе номҳоро гуфтанд, аммо баъзеро зикр накарданд ва иброз доштанд "ё Умар шумо эшонро намешиносед".
Умар дар гиря шуд, ки асҳоб аз ҳайрат пурсиданд. Чаро гиря мекунед? Дар посух гуфт, ман намешиносам, аммо Худо мешиносад.
Яке аз солиҳон барои кӯре таъоми беҳтарин ҳозир кард то бихӯронад. Як идда ба ӯ гуфтанд, ки ин мард кӯр аст, ӯ намебинад, ки чӣ мехӯрад ва намедонад ки лаззат чист. Баъдан он солиҳ гуфт. Ӯ надонад ҳам, Аллоҳ медонад.
Пас модоме, ки Аллоҳ донад ҳар он чизе ки ту мекунӣ, аз некӣ ё бадӣ, пас аз одамон чиро мунтазирӣ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1