Намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Эрон эълон кард, ки сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар нимаи моҳи январи соли равон як сафари дурӯза хоҳад буд.
Намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Эрон эълон кард, ки сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар нимаи моҳи январи соли равон як сафари дурӯза хоҳад буд.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки сафари барномарезишудаи раисҷумҳури ҶИЭ ба Тоҷикистон дар миёнаи моҳи январ як сафари ду рӯза хоҳад буд ва аввалин сафари минтақавии раисҷумҳури Эрон ба минтақа АвруОсиё хоҳад буд.
Вай гуфт, дар ин сафар қарор аст асноди муҳимме дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ ба имзои ду тараф бирасад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар ин сафар бозгушоии яке аз марокизи муҳими фарҳангӣ дар Тоҷикистон ва ифтитоҳи маркази саломати Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ҳафтаҳои наздик президенти Эрон, Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ба иттилои манобеъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.
Бодя қайд кард, ки бори ахир Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мулоқот карда буд. https://tajikpress.com/2025/01/07/%d0%bf%d1%80%d0%b5%d0%b7%d0%b8%d0%b4%d0%b5%d0%bd%d1%82%d0%b8-%d2%b7%d0%b8%d1%8d-%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%bc%d0%b5%d0%be%d1%8f%d0%b4-2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев