Хазрат (с) чавоби саломи уро дода фармуданд: -Аз кучо меои? У арз кард, ки: - Аз рохи дур меоям ва саволе чанде аз Шумо дорам ва чавоби онро аз Шумо мехохам. Хазрат фармуданд: - Бипурс, то чавоб бишнави, У арз кард: -Мехохам донотарини мардумон бошам. Хазрат фармуданд: Аз Худо битарс. Гуфт: Мехохам аз хосони даргохи Худо бошам. Хазрат фармуданд: -Шабу руз Куръон бихон. Гуфт: - Мехохам хамеша дили ман равшан бошад. Хазрат фармуданд: - Маргро фаромуш макун. Гуфт: Мехохам хамеша дар рахмати Хак бошам. Хазрат фармуданд: Бо халки Худо неки кун. Гуфт: - Мехохам аз душман ба ман офате нарасад. Хазрат фармуданд: Хамеша таваккал бар Худо кун. Гуфт: -Мехохам дар чашми мардум хор набошам. Хазрат фармуданд: - Пархезгор бош. Гуфт: - Мехохам умрам тулони бошад, Хазрат фармуданд: -Силаи рахм дошта бош, Гуфт: - Мехохам ба оташи дузах насузам. Хазрат фармуданд: - Чашму забони худро бибанд. Гуфт: - Мехохам бидонам, ки гунохонам бо чи чиз рехта мешавад. Хазрат фармуданд: -Бо тазарруъу тавба ба холи бечораги. Гуфт: - Мехохам сангинтарини мардум бошам. Хазрат фармуданд: - Аз касе чизе махох. Гуфт: - Мехохам гурам танг набошад. Хазрат фармуданд: - Ба кироъати сураи муборакаи «Таборак» мудовимат намо. Гуфт: - Мехохам пардаи исматам дарида нашавад. Хазрат фармуданд: -Пардаи касро мадар. Гуфт: - Мехохам моли ман бисёр шавад. Хазрат фармуданд: - Дар шаб ба кироъати сураи «Вокеъа» мудовимат намо. Гуфт: -Мехохам фардои киёмат эмин бошам. Хазрат фармуданд: - Миёни намозхои шому хуфтан ба зикри Худо машгул бош. Гуфт: - Мехохам Худои таолоро дар намоз хозир ёбам. Хазрат фармуданд: -Дар вакти вузу сохтан бисёр диккат кун. Гуфт: -Мехохам аз хосон бошам. Хазрат фармуданд: -Дар корхо ростиву дурустиро пеша кун. Гуфт: -Мехохам дар номаи аъмоли ман гунох набошад. Хазрат фармуданд: - Барои падару модар неки кун. Гуфт: -Мехохам барои ман азоби кабр набошад. Хазрат фармуданд: - Чомаи худро пок нигох дор. «ганчинаи гузидахо» сах.60-62
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев