Он на ишқ аст, ки аз дил ба даҳон меояд,
В-он на ошиқ, ки зи маъшуқа ба ҷон меояд.
Гӯ, бирав, дар паси зонуи саломат биншин,
Он ки аз дасти маломат ба фиғон меояд.
Киштии ҳар кӣ дар ин вартаи хунхор афтод,
Нашунидем, ки дигар ба карон меояд.
Ё мусофир, ки дар ин бодия сарагардон шуд,
Дигар аз вай хабару ному нишон меояд.
Чашми рағбат, ки ба дидори касе кардӣ боз,
Боз бар ҳам манеҳ, ар тиру синон меояд.
Ошиқ он аст, ки бе хештан аз завқи самоъ,
Пеши шамшери бало раrскунон меояд.
Ҳошиалиллаҳ, ки ман аз тир бигардонам рӯй,
Гар бидонам, ки аз он дастукамон меояд.
Кушта бинанду мақотил нашиносанд, ки кист,
К-ин хаданг аз назари халқ ниҳон меояд.
Андарун бо ту чунон унс гирифаст маро,
Ки малолам зи ҳама халқи ҷаҳон меояд.
Шарти ишқ аст, ки аз дӯст шикоят накунанд,
Лекин аз шавқ ҳикоят ба забон меояд.
Саъдиё, ин ҳама фарёди ту бе дарде нест,
Оташе ҳаст, ки дуд аз сари он меояд.
(Саъдӣ Шерози)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев