Шарафи нафс ба ҷуд асту каромат ба суҷуд,
Ҳар кӣ ин ҳар ду надорад, адамаш беҳ зи вуҷуд.
Эй ки дар неъмату нозӣ, ба ҷаҳон ғарра мабош,
Ки муҳол аст дар ин марҳала имкони хулуд.
В-эй, ки дар шиддати фахрию парешонии ҳол,
Сабр кун, к-ин ду-се рӯзе ба сар ояд маъдуд.
Хоки роҳе, ки бар ӯ мегузарӣ, сокин бош,
Ки уюн асту ҷуфун асту ҳудуд асту қудуд.
Ин ҳамон чашмаи хуршеди ҷаҳонафрӯз аст,
Ки ҳаметофт бар оромгаҳи Оду Самуд.
Хоки Мисри тарабангез, набинӣ,
ки ҳамон Хоки Миср аст, вале бар сари Фиръавну ҷунуд. Дунйӣ он қадр надорад, ки бар ӯ рашк баранд,
Эй бародар, ки на маҳсуд бимонад на ҳасуд.
Қимати худ ба маноҳию малоҳӣ машикан,
Гарат имон дуруст аст ба рӯзи мавъуд.
Дасти ҳоҷат, ки барӣ, пеши Худованде бар,
Ки карим асту раҳим асту ғафур асту вадуд
Аз саро то ба сурайё ба убудияти ӯ,
Ҳама дар зикру муноҷоту қиёманду қууд.
Карамаш номутаноҳӣ наимаш бепоён,
Ҳеҷ хоҳанда аз ин дар наравад бемақсуд.
Панди Саъдӣ, ки калиди дари ганҷи саъд аст,
Натавонад, ки ба ҷой оварад, илло масъуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев