Пеш аз ин гӯянд, к-аз ишкат парешон аст ҳол, Гар бигуфтандӣ, ки маҷмӯам парешон гуфтаанд. Парда бар айбам напӯшиданду доман бар гуноҳ, Ҷурми дарвеше чӣ бошад, то ба султон гуфтаанд. То чӣ мурғам, к-ам ҳикоят пеши анко кардаанд? Ё чӣ мӯрам, к-ам сухан назди Сулаймон гуфтаанд? Душманӣ карданд бо ман, лекин аз рӯи киёс, Дӯстӣ бошад, ки дардам пеши дармон гуфтаанд. Зикри савдои Зулайҳо пеши Юсуф кардаанд, Холи саргардонии Одам ба Ризвон гуфтаанд. Доғи пинҳонам намебинанду меҳри сарбамӯҳр, Он чӣ бар аҷзои зоҳир дидаанд, он гуфтаанд. В-ар гуфтандӣ, чи ҳоҷат, к-оби чашму ранги рӯй Моҷарои ишr аз аввал то ба поён гуфтаанд. Пеш аз ин гўянд Саъдӣ дўст медорад туро, Пеш аз онат дўст медорам, ки эшон гуфтаанд. Ошиқон доранд кору орифон донанд ҳол, Ин сухан дар дил фуруд ояд, ки аз ҷон гуфтаанд.
Саъдӣ Шерозӣ. Рубоиёт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев